Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Фонди бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

(ВСОРССТ с.1990, №24, м.424)

 

Моддаи 1. Барои таъмини кори мўътадили иқтисодиёти Ресрублика дар мавридҳои сар задани офатҳои табиӣ, аварияю фалокатҳо ва ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибати онҳо ба маблағи 50 милион сўм фонди бартараф  намудани ҳолатҳои фавқулодда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шавад.

 

Моддаи 2. Аз ҷамъбасти фаъолияти молиявию хоҷагии соли 1990 сар карда ба андозаи 2 фоизи маблағе, ки ҳамин сол аз тарафи ташкилотҳои саноати, нақлиёт, бинокорӣ ва дигар корхонаю хоҷагиҳои тшкилотҳо, колхозу совхозҳои  воқеъ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои фонди тараққиёти истеҳсолот, илм ва техника ҷудо карда шудааст, сарфи назар аз тобеияти идории онҳо, барои ташкили фонди бартараф намудани  фонди ҳолатҳои фавқулодда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағ муқаррар кард шавад.

Корхонаю  тшкилотҳои акционерӣ, иҷоравӣ ва корхонаю  тшкилотҳои муштарак, кооперативҳо ва дигар колективҳои ҳисоби хоҷаги ба фонди мазкур аз маблағи барои ҳамин гуна фондҳо ҷудо кардаашон ба ҳамин андоза маблағ ҷудо мекунанд.

 

Моддаи 3. Маблағҳое, ки корхонаю  тшкилотҳо мувофиқи моддаи 2 ҳамин Қонун ҷудо менамоянд, ба буҷети ҷумҳурият ба ҳисоби махсуси бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида, дар мавридҳои сар задани офатҳои табиӣ, аварияю фалокатҳо барои ба пул таъмин кардани корҳои барқароркунӣ ва дигар чорабиниҳо сарф мешаванд.

Тартиби банақшагирӣ, ҳисоб ва истифодаи фонди бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шўрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон нмуайян мекунад.

Маблағҳои дар давоми сол истифодашудае, ки ба буҷети ҷумҳурият ба ҳисоби махсуси фонди бартараф намудани ҳолати фавқулодда  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудаанд, дар соли оянда низ аз рўи таъминоти мақсаднок сарф шуда, ба дигар мақсадҳо истифода бурдани онҳо мумкин нест.

 

Моддаи 4. Ҳамин қонун аз 1 январи соли 1991 дар амал тадбиқ карда шавад.

 

Президенти

дар ҶШС Тоҷикистон

12 Декабри соли 1990 ш. Душабе

№ 208                                                                                   Қ. Маҳкам 

ШАРИКОН: