Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи авф

(АШОҶТ с.1991, №18, м. 242)

 

Нисбати эълон кардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Маҳкумшудагони зерин аз ҷазо озод карда шаванд:

а) мардони аз 55 сола боло ва занҳои аз 50 сола боло;

б) шахсоне, ки мувофиқи тартиби муқарраркардаи Қонун маъюбони гурўҳи I ва II дониста шудаанд;

в) занҳое, ки кўдакони ноболиғ доранд ва занҳои ҳомила;

г) иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони баонҳо баробар кардашуда;

  1. Занҳо ва ноболиғоне, ки ба мўҳлати то 3 соли пурра аз озодӣ маҳрум шудаанд ё ба ҷазое, ки бо маҳрум кардан аз озодӣ вобаста нест, аз ҷазо озод карда шаванд.
  2. Аз адои ҷазои иловагӣ дар шакли бадарға аз ҷои муайян ва ба ҷои муайян шахсони дар моддаҳои 1 ва 2 Қонун номабаршуда озод карда шаванд.
  3. Нисфи мўҳлати ҷазои боқимондаи шахсоне, ки бори аввал барои ҷиноятҳои зайлро содир карданашон маҳкум шудаанд (ба ғайр аз шахсони дар моддаи 6 ҳамин Қонун нишон додашуда), кам карда шавад:

а) барои беэҳтиётӣ аз озодӣ маҳрум шудаанд;

б) қасдан, вале на ҷинояти сахт, агар онҳо барои ин ҷинояташон ба мўҳлати 5 соли пурра аз озодӣ маҳрум шуда бошанд;

в) аз рўи беэҳтиётӣ ё қасдан, ки барои ин онҳо аз озодӣ шартан бо ҳатман ҷалб намудан ба меҳнат маҳкум шудаанд ё бо маҳрум кардан аз озодӣ маҳкум шудаанду вале аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ шартан бо ҳатман ҷалб кардан ба меҳнат озод карда шудаанд;

г) аз рўи беэҳтиётӣ ё қасдан, ки барои ин онҳо ба меҳнати ислоҳотӣ бидуни маҳрумият аз озодӣ маҳкум гаштаанд.

  1. Истеҳсоли ҳамаи делоҳои тафтишотӣ ва делоҳои зайл, ки аз тарафи судҳо баррасӣ нагардидаанд, қатъ карда шаванд:

а) дар бораи ҷиноятҳое, ки то эътибор пайдо кардани ҳамин Қонун аз тарафи шахсони дар моддаи 1 Қонун номбаршуда, содир гардидаанд;

б) дар хусуси ҷиноятҳое, ки барои он аз тарафи Қонун ҷазо ба шакли маҳрум кардан аз озодӣ ба муддати 5 соли пурра ё ҷазое, ки бо маҳрум кардан аз озодӣ вобаста несту онҳо то эътибор пайдо кардани ҳамин Қонун аз тарафи шахсони дар моддаи 2 Қонун номбаршуда содир гаштаанд;

в) дар хусуси ҷиноятҳое, ки барои онҳо Қонун дар шакли аз озодӣ маҳрум кардан ба мўҳлати 3 соли пурра ҷазо пешбинӣ кардааст ё ҷазое, ки бо маҳрум кардан аз озодӣ вобаста несту то эътибор пайдо кардани ҳамин Қонун аз тарафи шахсони дар моддаи 3 Қонун номбаршуда содир гардидаанд.

  1. Авф нисбат ба шахсони дар моддаҳои 1, 2, 3 ва 5 Қонуни номбаршуда, аз ҷумла:

а) ба шахсоне, ки барои ҷиноятҳои махсусан хатарноки давлатӣ (моддаи 61-70); вайрон кардани баробарҳуқуқии миллӣ ва нажодӣ (моддаи 71); фош кардани сирри давлатӣ (моддаи 72); бандитизм (моддаи 74); ҳаракатҳое, ки кори идораю муассисаҳои ислоҳоти меҳнатиро вайрон мекунанд (моддаи 75); контрабанда (моддаи 76); бетартибиҳои оммавӣ (моддаи 77); тайёр кардан ё ба муомилот гузаронидани пул ё коғазҳои қиматноки қалбакӣ (моддаи 85); вайрон кардани қоидаҳои операцияҳои асъорӣ (моддаи 86); қасдан одам куштан (моддаи 104); қасдан одам куштан бе ҳолатҳои вазнинкунанда (моддаи 105); фарзанди навтаваллудшудаи худро қасдан куштани модар (моддаи 106); касдан расондани зарари вазнини ҷисмонӣ (моддаи 111); таҷовуз кардан ба номус (моддаи 121); сўиқасд ба ҳаёти судья, прокурор, муфаттиш, коркуни милиция, дружиначии халқӣ ва машваратчии халқӣ (моддаи 2061); маҷбуран розӣ кардан ба додани молу мулки давлатӣ, кооперативӣ ё ҷамъиятӣ (моддаи 95); дуздидани молу мулки давлатӣ ё ҷамъиятӣ бо роҳи тасарруф (қисмҳои ду, се ва чори моддаи 89); дуздидани молу мулки давлатӣ ё ҷамъияти бо роҳи ғоратгарӣ (моддаи 90); роҳзанӣ бо мақсади тасарруф кардани молу мулки давлатӣ ё ҷамъиятӣ (моддаи 91); дуздидани молу мулки давлатӣ ё ҷамъиятии миқдораш калон ва махсусан калон (қисми сеюми (моддаи 2033); хулигании сахт ва махсусан сахт (қисми дуюм ва сеюми ғоратгарӣ (моддаи 155); роҳзанӣ (моддаи 156); бачабозӣ бо ҳолатҳои вазнин (қисми дуюми моддаи 125); маҷбуран розӣ кардан (моддаи 160); гирифтани пора (моддаи 186); додани пора (моддаи 187); миёнаравӣ дар порахўрӣ (моддаи 1871); ташкил ё иштироки фаъолона дар амалиёти гурўҳие, ки тартиботи ҷамъиятиро вайрон мекунанд (моддаи 2033); хулигани сахт ва махсусан сахт (қисми дуюм ва сеюми моддаи 220); дуздида ронда бурдани воситаҳои нақлиёти автомобилию моторӣ, ки дар ҳолатҳои сахт ба амал омадааст (қисми сеюми моддаи 227); дуздида ронда бурдан ё ғасби нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ ё баҳрӣ, вокзал, аэродром ё дигар корхона, муассиса, ташкилот, инчунин борҳои нақлиёт (моддаи 2282); вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ дар корхонаҳо ё цехҳое, ки хатари таркиш доранд (моддаи 231); дуздии яроқи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ё моддаҳои тарканда (моддаи 233); ғайриқонунӣ тайёр кардан, ба даст овардан, нигоҳ доштан, кшаондан, фиристодан ва ё фурўхтани моддаҳои нашъаовар (қисмҳои якум ва дуюми моддаи 240); дуздинаи моддаҳои нашъаовар (моддаи 2401), ба нашъакашӣ майл кардан (моддаи 2402); ташкил кардан ва ё нигоҳ доштани кўкнорхона барои истеъмоли моддаҳои нашъаовар (моддаи 2421) маҳкум шудаанд;

б) рецидивистоне, ки махсусан хатарнок дониста шудаанд;

в) якчанд маротиба барои ҷиноятҳои барқасд, инчунин пештар барои ҷиноятҳои дар банди «а» ҳамин моддаи Қонун нишондодашуда суд шудаанд;

г) нисбат ба онҳое, ки пештар санадҳои авф ё аз ҷазо озод шудан истифода шудаасту боз ҷиноят содир кардаанд;

д) шахсоне, ки курси пурраи табобат аз майзадагӣ ва нашъамандиро нагузаштаанд;

е) шахсоне, ки дар давраи адои ҷазо тартибро қасдан вайрон кардаанд, татбиқ намегардад.

  1. Қонун аз рўзи қабул шуданаш эътибор пайдо мекунад ва танҳо ба шахсони аз тарафи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкумшуда ва тавассути мақомоти тафтишотии ҷумҳурӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидашуда паҳн мегардад ва дар муддати се моҳ воҷиби татбиқ аст.

 

 

И.в. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                               Қ.Аслонов

10 сентябри соли 1991, шаҳри Душанбе.

№ 395

ШАРИКОН: