СОХТОР

МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР
ДАР БОРАИ СОХТОРИ ДАСТГОҲИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Тибқи Боби III, банди 8-и Низомномаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохтори Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ дохил мешаванд:

  • роҳбарияти Дастгоҳ (роҳбари Дастгоҳ, муовини ӯ);
  • котиботи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • шуъба оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният;
  • шуъба оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои омма ва робитаҳои байнипарламентӣ;
  • шуъба оид ба масъалаҳои иқтисод, коммуникатсия, аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология;
  • шуъба оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон;
  • шуъбаи ташкилӣ;
  • шуъбаи ҳуқуқ;
  • шуъбаи умумӣ;
  • шуъбаи хоҷагӣ;
  • бахши молиявӣ.
ШАРИКОН: