Рустами Эмомалӣ
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ 19-уми декабри соли 1987 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.
Соли 2008 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон, соли 2011 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ ва соли 2014 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.
Солҳои 2006-2009 сармутахассиси шуъбаи ҳамкорӣ бо Созмони умумиҷаҳонии савдои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, соли 2009 иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, солҳои 2009-2011 сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, солҳои 2011-2012 сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2012-2013 муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2013-2015 сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2015-2017 масъулияти роҳбарии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошта, аз январи соли 2017 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.
Забонҳои русӣ, англисӣ ва олмониро медонад.
Оиладор.
Аҳмадзода Раҷаббой
Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аҳмадзода Раҷаббой 16 сентябри соли 1971 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст.
Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1993 Донишгоҳи химия-технологияи Ҷумҳурии Қазоқистон ва соли 2010 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро (ғоибона) бо ихтисосҳои муҳандис-технолог, иқтисодчӣ хатм кардааст.
Дар вазифаҳои муҳандис-технологи сехи шишабарории заводи «Лаъл», муовини сардори заводи «Сангбурӣ», сардори Идораи робитаҳои иқтисоди берунии Ҷамъияти саҳомии «Ленинободпромстройматериал», муовини директори генералии Ҷамъияти саҳомии «Ленинободпромстройматериал», директори генералии Ҷамъияти саҳомии «Ленинободпромстройматериал»-и шаҳри Хуҷанд, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали вилояти Суғд, директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Садаф»-и шаҳри Хуҷанд, раиси шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум), раиси шаҳри Хуҷанд, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Аз 7 марти соли 2018 дар вазифаи раиси вилояти Суғд фаъолият дорад.
Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ва муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Бо медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ордени Шараф дараҷаи 1 сарфароз гардидааст.
Ҳамчун узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум 17 апрели соли 2020 муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Забони русиро медонад.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.
Мирзонабот Алишер Худобердӣ
Муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мирзонабот Алишер Худобердӣ, 27 августи соли 1980 дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик мебошад.
Соли 1997 мактаби миёнаи №4-и ноҳияи Рӯшонро хатм намуда, соли 1998 ба хизмати ҳарбӣ даъват ва дар сафи Қушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми низомии 2730, воқеъ дар шаҳри Душанбе, то моҳи майи соли 2000-ум адои хизмат мекунад.
Соли 2000-ум ҳамчун курсант ба Донишкадаи ҳарбии Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Қазоқистон дохил шуда, соли 2003 Донишкадаи ҳарбиро ба итмом мерасонад.
Аз моҳи марти соли 2003 фаъолияти кориашро ба ҳайси муовини сардори ситоди қисми қарбии 2107-и Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон оғоз намуда, моҳи январи соли 2004 ба вазифаи сардори ситоди қисми ҳарбии номбурда таъин шуда, то моҳи августи соли 2005 дар ин вазифа адои хизмат менамояд.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ аз моҳи августи соли 2005 то моњи июли соли 2006 шунавандаи Академияи сарњадии Хадамоти бехатарии федеролии Федератсияи Россия дар шаҳри Москва буда, академияро бомуваффақият хатм намуд.
Аз моҳи сентябри соли 2006 то моҳи декабри соли 2009 ба симмати сардори ситоди қисми ҳарбии 2655 ҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен ва шаҳри Конибодом адои вазифа мекунад.
Аз соли 2009 то соли 2011 ҳамчун афсари калони Шуъбаи фаъолияти намояндагии сарњадии Раёсати муҳофизати сарҳади давлатии СҚС КДАМ Ҷумњурии Тоҷикистон хизмат менамояд .
Аз соли 2011 то соли 2014 бошад ба ҳайси сардори ситоди Отряди шашуми сарҳадии СҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат карда, аз соли 2014 то соли 2017 вазифаи сардори Отряди сарҳадии ҳафтуми ҚС КДАМ дар ноҳияи Ҳамадониро ба ӯҳда дошт. Дар муддати се моҳ, яъне аз моҳи июл то моҳи сентябри соли 2017, ба симмати сардори Отряди сарҳадии 6-уми СҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.
Аз моҳи сентябри соли 2017 то моҳи сентябри соли 2018 дар вазифаи муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошта, аз моҳи сентябри соли 2018, бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба мансаби муовини якуми раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таъин гардида, то моҳи ноябри соли 2020 дар ин мансаб адои вазифа мекунад.
24 ноябри соли 2020 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғ таъин гардида, пасон то 4 ноябри соли 2021 раисии шаҳри Хоруғро ба ӯҳда дошт. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 5 ноябри соли 2021 иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардид. Оиладор ва соҳиби чор фарзанди ноболиғ мебошад.
Рутбаи ҳарбии генерал-майорро дошта, барои хизматҳои сазовор ва содиқона ба давлату миллати тоҷик бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидааст.