Иттилоъ оид ба ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ

3 феврал дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

Тибқи рӯзнома дар ҷаласаи Шӯро 45 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аъзои Шӯрои Маҷлиси миллӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» ва «Дар бораи истеҳсолоти органикӣ»-ро, ки дар шакли қонунҳои мукаммал қабул гардидаанд, баррасӣ намуданд.

Ҳамчунин, як қатор санадҳои қонунгузорӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон,«Дар бораи хариди давлатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри тиҷоратӣ», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» ва «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона» мавриди муҳокимаи аъзои Шӯрои Маҷлиси миллӣ қарор гирифтанд.

Дар идома як қатор пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифа бозхонд намудан ва интихоби раисон, муовинони раис ва судяҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдори Шӯрои Маҷлиси миллӣ қабул гардида, бо тартиби муқараргардида барои баррасӣ ба иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси миллӣ пешниҳод карда шуд.

Аъзои Шӯрои Маҷлиси миллӣ, ҳамчунин, пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи додани ризоият барои озод ва таъин намудани Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ баррасӣ ва дар он хусус қарорҳои дахлдор қабул карданд.

Дар фарҷом лоиҳаҳои қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 ва дар бораи аз вазифаи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Идрисзода Илёс Мумин муҳокима гардиданд.

ШАРИКОН: