Баргузории ҷаласаи Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология

25 январи соли 2025 таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Давлаталӣ Саид ҷаласаи навбатии кумитаи мазкур баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзои кумита, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони воҳидҳои сохтории дахлдори Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ, инчунин намояндагони васоити ахбори омма  иштирок доштанд.

Дар ҷаласа қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти органикӣ» ва «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифта, нисбат ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

 

ШАРИКОН: