Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соли таваллуд: 21 ноябри соли 1965

Ҷои таваллуд: ноҳияи Муъминобод

Миллат: тоҷик

Таҳсилот: олӣ

Соли 1991 Донишкадаи  политехникии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Ихтисос: муҳандис-механик

Дотсент (илмҳои техникӣ)

Донандаи забони русӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон (даъвати шашум), вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (даъвати шашум)

Бо ду медали «Барои шуҷоат» сарфароз гардонда шудааст.

Оиладор.

Собиқа ва фаъолияти корӣ:

  • Солҳои 1983-1984 — донишҷӯи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон;
  • Солҳои 1984-1986 — хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ;
  • Солҳои 1986-1991- донишҷӯи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон;
  • Солҳои 1991-1994 — ассистенти кафедраи ТМД ва АМ-и  Донишкадаи политехникии Тоҷикистон;
  • Солҳои 1994-2000 — унвонҷӯ ва аспиранти Институти пӯлод ва хӯлаҳои шаҳри Москва;
  • Солҳои 2000-2002 — намояндаи Кумитаи саноати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия;
  • Солҳои 2002-2004 — иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи «М ва КТ»-и Донишкадаи  политехникии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2004-2005 — мудири кафедраи байнидонишгоҳии «ҶОМЗ»-и Маркази миллии патенту иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2005-2008 — муовини ректор оид ба корҳои ташкилию тарбиявии Донишгоҳи техникиии Тоҷикистон ба номи академик  М. Осимӣ;
  • Солҳои 2008-2011 — декани факултети механикӣ ва технологии Донишгоҳи техникиии Тоҷикистон ба номи академик  М. Осимӣ;
  • Солҳои 2011-2013 — муовини ректор оид ба корҳои таълимии Донишгоҳи техникиии Тоҷикистон ба номи академик  М. Осимӣ;
  • Солҳои 2013-2014 — муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2014-2018 — муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2018 — 2023 раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ.
ШАРИКОН: