Ҷумазода Шарифҷон

Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Раиси шаҳри Ҳисор

26 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Тоҷик, таҳсилот олӣ. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро хатм намудааст.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор мебошад.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.

 Собиқа ва фаъолияти корӣ:

  • Солҳои 2004-2005 — мутахассиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд;
  • Солҳои 2005-2007 — сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд;
  • Солҳои 2007-2010 — сармутахассиси шуъбаи назорати дастгоҳи раиси вилояти Суғд;
  • Солҳои 2010-2011 — мудири шуъбаи ташкилии дастгоҳи раиси вилояти Суғд;
  • Соли 2011 — муовини роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Суғд;
  • Солҳои 2011-2013 — роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Суғд;
  • Солҳои 2013-2016 — мудири котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Аз 2 феврали соли 2016 то инҷониб раиси шаҳри Ҳисор мебошад.

 

ШАРИКОН: