Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раиси ноҳияи Панҷ
Соли таваллуд: 5 майи 1964
Ҷои таваллуд: ноҳияи Панҷ
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 1987 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Ихтисос: муҳандис-мелиоратор
Донандаи забони русӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ва ноҳияи Панҷ
Оиладор.
Собиқа ва фаъолияти корӣ:
- Солҳои 1987-1989 — муҳандис-ихтирокори шуъбаи техникии корхонаи сайёри механиконии №22-и Раёсати обии «Вахш водстрой»-и ноҳияи Вахш;
- Солҳои 1989-1991- муҳандис-устои корхонаи сайёри механиконии №22-и Раёсати обии «Вахш водстрой»-и ноҳияи Вахш;
- Солҳои 1991-1992 — сардори участкаи корхонаи сайёри механиконии №22-и
- Раёсати обии «Вахш водстрой»-и ноҳияи Панҷ;
- Солҳои 1992-2000 — сардори участкаи идораи оби ноҳияи Қумсангир дар ноҳияи Панҷ;
- Солҳои 2000-2002 — мутахассиси дараҷаи якуми Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон;
- Солҳои 2002-2002 — раиси ассотсиатсияи истифодабарандагони оби ноҳияи Панҷ;
- Солҳои 2002-2006 — раиси Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Маданият»-и ноҳияи Панҷ;
- Солҳои 2006-2007 — раиси Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Ҷамшед ЛТД»-и ноҳияи Панҷ;
- Солҳои 2007-2012 — муовини раиси ноҳияи Панҷ;
- Солҳои 2012-2015 — мудири бахши муҳандиси мелиоративии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон;
- Солҳои 2015-2016 — муовини якуми раиси ноҳияи Панҷ;
- Солҳои 2016-2019 — раиси ноҳияи Сангвор;
- Аз июли соли соли 2019 то инҷониб раиси ноҳияи Панҷ мебошад.