Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раиси ноҳияи Рӯшон
Соли таваллуд: 19 июни соли 1969
Ҷои таваллуд: ноҳияи Рӯшон
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 1997 Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм кардааст.
Ихтисос: духтур-уролог
Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.
Вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (даъватҳои 3,4,5)
Оиладор, соҳиби 2 фарзанд.
Собиқа ва фаъолияти корӣ:
- Солҳои 1986-1987 — донишҷӯи Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино;
- Солҳои 1987-1989 — хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ;
- Солҳои 1989-1992 — донишҷӯи Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино;
- Солҳои 1992-1995 — рухсатии академикӣ;
- Солҳои 1995-1997 — донишҷӯи Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино;
- Солҳои 1997-1998 — донишҷӯи Донишкадаи такмили ихтисоси коркунони тибби Тоҷикистон;
- Солҳои1998-2002 — духтури урологи дармонгоҳи шаҳри Хоруғ;
- Солҳои 2002-2011 — духтури урологи беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ ва ҷонишини сардухтур оид ба корҳои ташкилӣ -методии беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ;
- Солҳои 2011-2015 — духтури шуъбаи урологияи беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ;
- Солҳои 2015-2018 — директори маркази минтақавии пилотии ҷарроҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
- Аз 18 сентябри соли 2018 то инҷониб раиси ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.