Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент
Соли таваллуд: 20 августи соли 1965
Ҷои таваллуд: шаҳри Панҷакент
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 1995 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.
Ихтисос: муаррих, омӯзгори фанни таърих
Забонҳои русӣ ва ӯзбекиро медонад.
Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Панҷакент
Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.
Собиқа ва фаъолияти корӣ:
- Солҳои 1982-1987 — донишҷӯи омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент;
- Солҳои 1984-1986 — хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ;
- Солҳои 1987-1989 — омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Қумсангир;
- Солҳои 1989-1995 — донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
- Солҳои 1989-1995 — омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и шаҳри Панҷакент;
- Солҳои 1995-1996 — ҷонишини директор оид ба таълими муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и шаҳри Панҷакент;
- Солҳои 1996-2000 — муовини раиси Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент;
- Солҳои 2000-2001 — раиси Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент;
- Солҳои 2001-2002 — котиби масъули комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент;
- Солҳои 2002-2006 — мудири шуъбаи назорати дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент;
- Солҳои 2006-2007 — мудири шуъбаи масоили иҷтимоӣ – фарҳангӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент;
- Солҳои 2007-2009 — мудири шуъбаи назорати сифати таълими Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент;
- Солҳои 2009-2010 — сармутахассиси бахш оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент;
- Солҳои 2010-2011 — мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент;
- Солҳои 2011-2013 — мудири шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиатҳои шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент;
- Солҳои 2013-2015 — мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент;
- Аз соли 2015 то инҷониб раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент мебошад.