Раиси ноҳияи Мурғоб
Соли таваллуд: 07декабри соли 1966
Ҷойи таваллуд: ноҳияи Мурғоб
Миллат: қирғиз
Таҳсилот: олӣ
Соли 1992 Донишкадаи кишоварзии шаҳри Волгоградро хатм намудааст.
Ихтисос: зооинженер
Забони русиро медонад.
Аз 30 марти соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардидааст.
Оиладор.
Собиқа ва фаъолияти корӣ
- Солҳои 1983-1985-корманди ҷамъияти матлуботи ноҳияи Мурғоб;
- Солҳои 1985-1987-хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ;
- Солҳои 1987-1992-донишҷўи Донишкадаи кишоварзии шаҳри Волгоград;
- Солҳои 1992-1994-сармутахассиси Агентии омори ноҳияи Мурғоб;
- Солҳои 1995-2002-сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Мурғоб;
- Солҳои 2002-2011-муовини аввали раиси ноҳияи Мурғоб;
- Аз соли 2011- то инҷониб раиси ноҳияи Мурғоб мебошад.