Ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

16 ноябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.

Ҷаласаи Шӯро таҳти раёсати Раиси Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко доир гардида, дар кори он роҳбарони ҳайатҳои парламентии ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Ӯзбекистон ширкат доштанд.

Тибқи рӯзнома аъзои Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масъалаҳоро дар хусуси Раиси Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, оид ба натиҷаҳои раёсати Ҷумҳурии Қирғизистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дар бораи такмилдиҳии танзими ҳуқуқии фаъолияти контртеррорӣ ва зиддиэкстремистӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, доир ба баланд бардоштани  устувории низоми тандурустӣ ҷиҳати ноил шудан ба Фарогирии умумӣ бо хизматрасонии тандурустӣ, инчунин дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти Созмонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Бо натиҷагирӣ аз кори ҷаласаи Шӯро қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

ШАРИКОН: