Паёми шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати ҷашни Сада

Ҳамватанони азиз!

Сокинони заҳматпешаи пойтахт!

Ҳамаи Шумо ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори ҷашни Сада, ки аз ойинҳои қадимии халқи тамаддунсози тоҷик шаҳодат медиҳад, самимона табрик мегӯям.

Сада дар баробари ҷашнҳои мардумии Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон баъди гузашти асрҳои зиёд дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардида, ба он умри дубора бахшида шуд.

Аз ин ҷашни бостонӣ то ба имрӯз як силсила расму анъанаҳо, намунаҳои фарҳангиву адабӣ ва малакаву таҷрибаҳои кишоварзӣ мерос мондаанд, ки ин арзишҳои маънавӣ наслҳои имрӯзаро бо таърихи тамаддунсози халқи тоҷик пайванд медиҳанд.

Сада дар баробари дигар унсурҳо, моҳиятан ҷашни кишоварзон буда, ба марди деҳқон аз наздик шудани фасли баҳору оғози корҳои саҳро хабар медиҳад ва аҳли заҳматро ба андешаи давраи нави кишоварзӣ ва боғдорӣ ҳидоят менамояд.

Бори дигар ҷашни бостонии Садаро  ба тамоми сокинони кишвари маҳбубамон самимона табрику таҳният гуфта, орзу менамоям, ки бахту саодат ва хайру баракат дар ҳар хонадони кишварамон ва сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ҷовидонӣ бошад.

Ҷашни Сада муборак бошад, ҳамватанони азиз!

ШАРИКОН: