Мулоқот бо Раиси Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко

16 ноябр дар ҳошияи ҷаласаи Шӯро ва ҷаласаи 56-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Бишкек Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко мулоқоти хоса анҷом доданд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо аз раванди ҳамкории судманди байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, аз ҷумла, дар доираи Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Бо дарназардошти аҳаммият ва нақши муколамаи доимии байнидавлатӣ, раванди имрӯзаи густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Россия ба руҳияи шарикии стратегӣ мувофиқ арзёбӣ гардид.

Дар баробари ин, бештар фаъол гардонидани ҳамкории дуҷониба дар самтҳои афзалиятноки тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ муҳим дониста шуд.

Ҳамчунин, бо изҳори қаноатмандӣ аз тавсеаи робитаҳои байнипарламентӣ, ҷонибҳо фаъолияти назарраси Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия, инчунин, натиҷаҳои татбиқи босамари қарорҳои онро ба хотири манфиатҳои мардуми ду кишвар, таъкид намуданд.

ШАРИКОН: