Мулоқоти Раҳимӣ Фарҳод бо муовини Раиси Кумитаи доимоамалкунандаи Маҷлиси намояндагони халқи музофоти Шенсии Ҷумҳурии Мардумии Чин

18 июни соли 2024 мулоқоти Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Раҳимӣ Фарҳод бо муовини Раиси Кумитаи доимоамалкунандаи Маҷлиси намояндагони халҷи музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин хонум Ли Сяоин, ки ҷиҳати иштирок дар Ҳамоиши занони Тоҷикистону Чин дар шаҳри Душанбе қарор дорад баргузор гардид.

Ҷонибҳо зимни мулоқот вазъи имрӯза ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи кишварҳоро баррасӣ карданд.

Зикр гардид, ки Тоҷикистон ва Чин ҳамчун ҳамсояи ҷуғрофӣ ва шарикони стратегӣмуносибатҳои дустонаи худро дар асоси эҳтиром, хамфикрӣ ва дастгирии ҳамдигар таҳкиммебахшанд.

Ҳамзамон, ҷонибҳо оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла рушди ҳамкории минтақавӣ дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат, фарҳанг ва маориф мубодилаи афкор намуданд.

ШАРИКОН: