Мулоқоти муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

21 июн дар шањри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон мулоқоти Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев ва муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Раҷаббой баргузор гардид.

Дар мулоқот вазъи имрӯза ва дурнамои ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дар самти густариши робитаҳои байнипарламентӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Зикр гардид, ки Тоҷикистон ва Қазоқистон шарикони стратегӣ буда, муносибатҳои байни ду кишвар ба эътимоду боварӣ ва дастгирии ҳамдигарӣ асос ёфтааст.

Дар рафти мулоқот аз ҳолати кунунии муносибатҳои ду кишвар дар ҳама соҳаҳои ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуда, ҷиҳати таҳкими бештари робитаҳо, бахусус, муколамаи байнипарламентӣ ҳавасмандии ҷонибҳо иброз гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.

ШАРИКОН: