Иштирок дар вохӯрӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

Нимаи аввали рӯзи 3 июн Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев бо роҳбарони ҳайатҳои парламентии кишварҳои аъзои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуданд.

Зимни суҳбати самимӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев паёму таманниёти гарму самимонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонида, ба талошҳои ҷониби Қазоқистон дар давраи раёсати он дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баҳои баланд доданд.

Изҳори итминон карда шуд, ки ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои аъзо дар доираи Ассамблеяи Парламентӣ ба таъмини самаранокии Созмон дар ҳама самтҳои фаъолияти он мусоидат хоҳад намуд.

ШАРИКОН: