Иттилоъ оид ба ҷаласаи сездаҳуми Комиссияи ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия

24 май дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сездаҳуми Комиссияи ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия дар қолаби маҷозӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа аъзои Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия аз ҳарду ҷониб, кормандони дастгоҳҳои палатаҳои болоӣ, намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ду кишвар иштирок доштанд. Дар оғози ҷаласа ҳамраисони Комиссия Аҳмадзода Раҷаббой ва Николай Журавлев бо суханони ифтитоҳӣ баромад намуданд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҷаласаи навбатии Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ба рушди муносибатҳои ду кишвар дар самтҳои гуногуни ҳамкорӣ тақвият мебахшад.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа нахуст масъалаи рафти омодагӣ ба Форуми VIII байнипарламентии «Тоҷикистон-Россия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар доираи он аъзои Комисия доир ба вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар самти тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла илм, маориф, инчунин амнияти минтақавӣ ва дигар масъалаҳои муҳим мубодилаи афкор намуданд.

Аз рӯи масъалаҳои дигари рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои вобаста ба баргузории ҷаласаи навбатии Комиссия баррасӣ гардиданд.

Вобаста ба масъалаҳои дар ҷаласаи сездаҳуми Комиссия баррасишуда қорорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

ШАРИКОН: