Иттилоъ оид ба ҷаласаи Комиссияи доимӣ оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

21 июн дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи дуюми Комиссияи доимӣ оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси ОлииҶумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид.

Дар кори ҷаласа аъзои Комиссияи доимӣ оид баҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси ОлииҶумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон аз ҳарду ҷониб, кормандони дастгоҳҳои палатаҳои болоӣ, инчунин намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ду кишвар ба тариқи маҷозӣ иштирок доштанд.

Дар оғози ҷаласа ҳамраисони Комиссияи доимӣ муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии МаҷлисиОлии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзодава муовини Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Жакип Асанов бо суханони ифтитоҳӣбаромад намуданд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои дурнамои рушди ҳамкориҳои байнипарламентии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, инчунин муборизаи муштарак бо тағирёбии иқлим ва истифодаи оқилонаи захираҳои об ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ дар сатҳи парламентҳои ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҷаласаи навбатии Комиссияи доимӣ оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба рушди муносибатҳои ду кишвар дар самтҳои гуногуни ҳамкорӣ тақвият мебахшад.

Вобаста ба масъалаҳои дар ҷаласаи дуюмиКомиссия баррасишуда қорорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

ШАРИКОН: