Иттилоъ дар бораи мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо масъулони соҳаи футболи мамлакат

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо масъулони соҳаи футболи мамлакат мулоқот анҷом доданд.

Дар мулоқот роҳбарони гурӯҳҳои кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони Федератсияи футбол дар минтақаҳои кишвар, роҳбарони бонкҳои давлатию тиҷоратӣ, инчунин намояндагони бахши хусусӣ иштирок доштанд.

Дар оғози мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ зикр намуданд, ки дар доираи дастуру супоришҳои мулоқот бо масъулони соҳаи футболи мамлакат аз 3 ноябри соли 2023 вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту идораҳо дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон корҳои муайянро ба сомон расонидаанд.

Таъкид гардид, ки имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ татбиқи Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 бомаром идома ёфта, дар натиҷаи тадбирҳои амалишуда барои рушди муназзами футбол дар кишвар шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуд.

Аз дастовардҳои футболи тоҷик дар соли 2024, аз ҷумла ширкати муносиби тими миллии дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё ва дар миёни ҳашт дастаи беҳтарини қитъаи Осиё ҷой гирифтани он,  дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон ба таври арзанда ҳунарнамоӣ кардани дастаи мунтахаби футзали кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Бо пешниҳоди Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказ аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидани 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол ҳамчун рӯйдоди таърихӣ барои миллати тоҷик ва кулли ҳаводорони футбол маънидод гардид.

Дар ҷараёни мулоқот гузоришҳои раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вилоятҳои Суғд ва Хатлон оид ба натиҷаҳои амалисозии дастуру супоришҳои  мулоқот бо масъулони соҳаи футболи мамлакат аз 3 ноябри соли 2023 ва вазъи рушди футбол дар минтақаҳо шунида шуд.

Дар фарҷоми мулоқот Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир ба тадбирҳои минбаъда ҷиҳати фароҳам овардани шароити созгор барои рушди футбол, аз ҷумла рушди инфрасохтори соҳа, ба масъулони соҳа як қатор дастуру супоришҳо доданд.

Аз ҷумла, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ уҳдадор гардиданд, ки ҷиҳати мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ ба роҳ мондани фаъолияти варзишгоҳҳое, ки дар онҳо дастаҳои лигаҳои касбӣ бозиҳои худро мегузаронанд, чораҳои мушаххас амалӣ намоянд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вазифадор гардид, ки толорҳои варзишии ҳудуди вилоятро барои гузаронидани мусобиқаҳои дохилӣ омода карда, ҷиҳати таъсиси мактаби варзишӣ оид ба футзал тадбирҳои дахлдор андешад.

ШАРИКОН: