Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил»

 (АМОҶТ  с. 2006, №12, мод. 547)

 

Қонуни мазкур асосҳои сиёсати давлатиро дар самти мубориза бар зидди бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда,  тартиби ташкилӣ ва ҳуқуқии танзими чорабиниҳоро  оид ба  ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил муайян мекунад, инчунин ҳуқуқ, вазифа ва кафолати иҷтимоии аҳолиро ҳангоми бемории сил ба танзим  меоварад.

 

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

— бемории сил —  бемории   сирояткунандае, ки барангезандааш гурўҳи микобактерияҳои сил буда, асосан бо  қатраҳои оби даҳон ва нафас  паҳн мешавад;

— шакли фаъоли бемории сил – шакли бемории сил, ки нишонаҳои фаъоли он дар натиҷаи гузаронидани тадқиқоти клиникӣ, лабораторӣ, рентгенелогӣ ва ѓайра муқаррар гардидааст;

шакли гузарандаи бемории сил – шакли  беморие, ки бо сабаби хориҷ намудани   микобактерияҳои сил ба муҳити атроф барои дигарон хавф дорад;

— кўмаки зидди бемории сил — маҷмўи тадбирҳои иҷтимоӣ, тиббӣ, санитарию гигиенӣ ва чораҳои зиддиэпидемиявӣ, ки барои ошкор, ташхис ва табобат кардан, аз он ҷумла ташхису табобати ҳатмӣ, мушоҳидаи диспансерӣ ва  офияти беморони гирифтори бемории сил, ки дар беморхона ва (ё) дармонгоҳ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд,  равона карда шудаанд;

— гурўҳи зери хавф қарордошта– шахсоне, ки хавфи бештар гирифтор шудан ба бемории сил доранд, аз  ҷумла: атрофиёни бемор, муҳоҷирони меҳнатӣ, гирифторони вируси норасоии масунияти одам (ВНМО), занҳои фосилаи мўҳлати таваллудро  риоянакунанда,  кўдакони бо ваксинаи БСЖ эмнашуда, маҳбусон, беморони гирифтори касалии қанд ва газаки кўҳнашудаи шушҳо;

—  пешгирӣ кардани  бемории сил — маҷмўи чорабиниҳое, ки барои пешгирӣ  кардани  паҳншавии  бемории сил ва саривақт ошкор кардани  он  равона  шудааст;

— низоми миллии мубориза бар  зидди  бемории сил – низоми   мубориза бар зидди  бемории сил, ки аз тарафи  давлат муқаррар гардида, ба фаъолияти муассисаҳои  хадамоти  зидди бемории сил, шабакаҳои умумитабобатӣ, аз ҷумла кўмаки аввалияи тиббию  санитарӣ ва муассисаҳои таҳсилотӣ асос ёфта, дар доираи он  фаъолияти самараноки ошкоркунӣ ва табобати беморони сил таҳия карда, ба нақша гирифта ва амалӣ гардонида мешавад;

муассисаҳои зидди бемории сил — муассисаҳои тиббие, ки кўмаки зидди бемории сил  мерасонанд ва пешгирии  бемории силро анҷом медиҳанд, аз  ҷумла муассисаҳои махсуси зидди бемории сил, муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ, муассисаҳои зидди бемории сили системаи корҳои ислоҳӣ, муассисаҳои тиббии таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии  дорои сохторҳои марбут,  муассисаҳои  санитарию  эпидемиологӣ  ва байторӣ.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ба Конститутсияи  (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон  онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

 

Моддаи 3. Татбиқи Қонуни мазкур

Қонуни мазкур нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ, гурезаҳо, муҳоҷирони иҷборӣ ва шахсони бешаҳрванд, ҳамчунин  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон кўмаки зидди бемории сил мерасонанд, татбиқ мешавад.

 

Моддаи 4. Маблаѓгузории фаъолият оид ба ҳимояи аҳолӣ аз  бемории сил

Маблаѓгузории фаъолият оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, аз ҷумла тадқиқотҳои илмӣ дар ин соҳа  хусусияти афзалиятнок дошта, аз ҳисоби манбаъҳои зерин амалӣ мегардад:

— маблаѓи буҷети давлатӣ;

— маблаѓи фондҳои мақсаднок;

— маблаѓе, ки барои суѓуртаи ихтиёрӣ ва ҳатмии тиббӣ равона карда мешавад;

—  саҳмия   ва хайрияи ихтиёрии  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

— дигар  манбаъҳо,  ки   қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

 

Моддаи 5. Салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил

Ба салоҳияти мақомоти   ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил иҷрои тадбирҳои зерин дохил мешаванд:

—     амалӣ  гардонидани  сиёсати давлатӣ нисбати ҳимояи аҳолӣ аз   бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— таҳия ва  қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба ҳимояи аҳолӣ аз  бемории сил;

— муайян намудани тартиби расонидани кўмаки зидди бемории сил ба шаҳрвандон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— назорати   иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соҳаи    ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил;

— амалӣ гардонидани   назорати  давлатии санитарию   эпидемиологӣ ва  андешидани чораҳо  оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил;

— таҳия, тасдиқ ва татбиқи барномаҳои мақсадноки  ҳимояи аҳолӣ аз  бемории сил;

— таҳияи қоидаву меъёрҳо, талабот ва стандартҳои давлатии   ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил;

— таъмини назорати давлатӣ ба истеҳсол, нигоҳдошт ва интиқоли  доруворӣ, мояҳои (ваксинаҳои)  зидди бемории сил ва  дорувории иммунобиологӣ барои  ташхис ва пешгириии бемории сил  бо мақсади таъмини сифат, самаранокӣ ва бехатарии онҳо;

— ташкили  мушоҳидаи давлатии оморӣ дар  соҳаи ҳимояи аҳолӣ аз  бемории сил;

— таъмини чораҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла чорабиниҳо дар бораи ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шахсоне, ки Қонуни мазкур ба онҳо дахл дорад;

— дастгирӣ ва рушди иқтидори кадрии хадамоти  соҳаи зидди бемории  сил;

— дигар салоҳиятҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил  пешбинӣ намудааст.

 

Моддаи  6.   Салоҳияти  мақомоти иҷроияи  маҳаллии  ҳокимияти  давлатӣ    оид ба  ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил

Ба салоҳияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  дар соҳаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил иҷрои тадбирҳои зерин дохил мешаванд:

— назорати риояи меъёру   қоидаҳои беҳдошти тиббӣ оид ба ҳимояи аҳолӣ аз  бемории сил;

— таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои беморони сил ва  дигар шахсоне, ки   Қонуни мазкур  ба онҳо дахл дорад;

— инкишофи шабакаҳо ва мустаҳкам гардонидани заминаи моддию техникии муассисаҳое, ки ба беморони сил кўмаки тиббӣ мерасонанд;

— дастрас гардонидани кўмаки тиббӣ ба беморони сил (шакли фаъоли сил ва гурўҳи зери хавф қарордошта) ва назорати риояи ба онҳо мутобиқи  стандартҳои сифатӣ расонидани кўмаки  тиббию   санитарӣ;

— таъмин ва ташкили шароити мусоид барои кормандони хадамоти   соҳаи зидди  бемории сил;

— таъмини чораҳо оид ба ошкор намудани омилҳое, ки ба паҳншавии бемории сил меоваранд ва  андешидани чораҳо  барои бартараф намудани онҳо;

— ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти ташкилотҳо, муассисаҳо ва корхонаҳо, новобаста ба шакли моликияташон, баҳри пешгирии паҳншавии бемории сил;

— таъмини иштироки аҳолӣ дар гузаронидани чорабиниҳои  вобаста ба маърифатнокии санитарию гигиенӣ ва таблиѓи тарзи ҳаёти солим;

-дигар салоҳиятҳое, ки  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.

БОБИ 2.

КЎМАКИ ЗИДДИ БЕМОРИИ СИЛ ҲАМЧУН АСОСИ

ҲИМОЯИ АҲОЛӢ АЗ БЕМОРИИ СИЛ

 

Моддаи 7. Ташкили кўмаки зидди бемории сил

Ташкили кўмаки зидди бемории сил аз тарафи мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

Қарорҳои мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   барои тамоми ташкилотҳои табобатию пешгирикунанда новобаста ба шакли моликият ва тобеияти онҳо ҳатмӣ мебошад.

Муассисаҳои зидди бемории сил бо мақсади  такмил додани сифати ташхис ва табобати бемории сил метавонанд  хадамотҳо, марказҳо ва утоқҳои нав дар доираи маблаѓҳои ба ин мақсад ҷудошуда  ташкил кунанд. Кўмаки зидди бемории сил ба аҳолии ҷумҳурӣ аз ҷониби муассисаҳои махсуси зидди бемории сил, муассисаҳои  шабакаҳои умумитабобатие, ки чорабиниҳои зидди бемории силро амалӣ менамоянд,  хадамоти санитарию эпидемиологӣ,  ташкилотҳо ва шахсони  фаъолияти  (амалияи)  хусусии тиббӣ  бо тартиби муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  расонида мешавад.

Ташкили кўмаки зидди бемории сил ба аҳолии ҷумҳурӣ дар  асоси барномаҳои дарозмуддати  маҷмўавӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ намудааст, таъмин карда мешавад.

 

Моддаи  8.  Расонидани кўмаки зидди  бемории сил

Расонидани кўмаки зидди бемории силро давлат кафолат медиҳад ва дар асоси усулҳои қонунӣ, риояи ҳуқуқи инсон, дастрасии ҳамагон дар ҳаҷми муайяннамудаи санадҳои  меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Кўмаки зидди бемории сил ба шаҳрвандон ҳангоми муроҷиати ихтиёрӣ ва ё ризоияти онҳо, ба истиснои мавридҳое, ки моддаи 10 Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, расонида мешавад.

Кўмаки зидди бемории сил ба ноболиѓони то чордаҳсола, ҳамчунин ба шаҳрвандоне, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ѓайри қобили амал эътироф шудаанд, бо розигии намояндагони қонунии онҳо, ба истиснои мавридҳои моддаи 10  Қонуни мазкур пешбининамуда  расонида мешавад.

Беморони силе, ки ба кўмаки зидди бемории сил мўҳтоҷанд, чунин кўмакро дар муассисаҳои тиббии зидди  бемории сил мегиранд.

Шахсони бо беморони сил сарукордошта ё ки ба сирояти вируси норасоии масунияти одам гирифторанд ва дигар шахсони зери гурўҳи хавф қарордошта мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати тандурустии  Ҷумҳурии Тоҷикистон   аз муоинаи тиббӣ оид ба бемории сил мегузаранд.

Моягузаронии (вактсинатсияи) пешгирикунанда аз бемории сил мувофиқи тақвими миллии эмкунӣ  анҷом дода  мешавад.

Бо мақсади ошкор намудани бемории сил,  ҳар сари чанд вақт мушоҳидаи  тиббии шаҳрвандони мансуб ба гурўҳи зери хавф  қарордошта гузаронида мешавад, ки тартиб ва мўҳлати онро Вазорати тандурустии  Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Дар ҳолати хавфи пайдоиш ва паҳншавии бемории сил дар асоси дастури сардухтурони давлатии санитарии ҷумҳурӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ва  ҷонишинони онҳо ва ё мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ,  мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои иловагии зиддиэпидемиявӣ гузаронида мешаванд.

Саривақт ошкор кардани ҳайвоноти хоҷагиҳои чорводории гирифтори бемории сил, солимгардонии ташкилотҳои истеҳсолкунанда ва нигоҳдорандаи маҳсулоти ҳайвонот, ки нисбати бемории сил дар ҳолати  номусоид  қарор доранд, мувофиқи тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешаванд.

Маҳсулоти ҳайвоноте, ки дар ташкилотҳои нисбати бемории сил номусоид истеҳсол карда шудааст, мувофиқи қоидаю меъёрҳои санитарӣ ва байтории мубориза бар зидди бемории сил  фурўхта мешавад.

 

Моддаи  9. Мушоҳидаи диспансерӣ

Мушоҳидаи диспансерӣ нисбати беморони сил бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати тандурустии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  гузаронида мешавад.

Мушоҳидаи диспансерӣ нисбати беморони сил новобаста ба ризоияти бемор ва ё намояндагони қонунии онҳо муқаррар карда мешавад. Қарор  дар хусуси зарурати  мушоҳидаи диспансерӣ ва ё қать кардани онро комиссияи тиббии духтурон, ки роҳбарияти муассисаи тиббии бемории сил таъин кардааст, қабул мекунад ва дар ҳуҷҷатҳои тиббӣ сабт гардида, дар ин бобат шахси  таҳти  мушоҳидаи диспансерӣ  қарордошта  хаттӣ огоҳ карда мешавад.

 

Моддаи 10.   Ташхис  ва табобати ҳатмии беморони сил

Беморони шакли гузарандаи бемории сил, вайронкунандагони чандинкаратаи  низоми санитарию эпидемиологӣ, ҳамчунин қасдан аз муоина барои дарёфти бемории сил ва табобати он саркашикардагон, дар асоси ҳалномаи суд дар муассисаҳои махсуси  тиббии зидди бемории сил барои  ташхис ва табобати ҳатмӣ бистарӣ кунонида мешаванд.

Оид ба бистарикунонии шахсони гирифтори бемории сил аз тарафи суди маҳалли ҷойгиршавии муассисаи  тиббии зидди  бемории сил, ки дар он беморони сил таҳти  мушоҳидаи диспансерӣ қарор доранд, ҳалномаи суд  қабул карда мешавад.

Аризаро ба суд оид ба бистарикунонии шахсони гирифтори бемории сил, ки таҳти мушоҳидаи диспансерӣ қарор доранд, роҳбари муассисаи  тиббии зидди   бемории  сил медиҳад.

Дар суд зимни баррасии ариза оид ба бистарикунонии шахси гирифтори бемории сил иштироки прокурор, намояндаи муассисаи  тиббии зидди  бемории  сил, ки нисбаташ масъалаи  ташхис ва табобати ҳатмӣ ҳал мешавад  ё иштироки намояндаи қонунии ў ҳатмист.

 

Моддаи  11. Чораҳои байторию санитарӣ ва зиддиэпизоотиявӣ   дар хоҷагиҳои  чорводорӣ

Мақомоти  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва   худидоракунии маҳаллӣ  якҷоя бо хадамоти байтории   давлатӣ  ба  таъмини назорати доимӣ аз болои тамоми намудҳои ҳайвоноти хоҷагиҳои чорводорӣ  оид ба гирифтории ин ҳайвонот ба бемории сил  вазифадоранд.

Мушоҳида ва ташхиси бемории сили ҳайвоноти хоҷагиҳои чорводорӣ дар асоси санадҳои  меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Муассисаҳои хадамоти санитарию эпидемиологӣ ва байторӣ якҷоя бо муассисаҳои  тиббии зидди   бемории  сил  оид ба пешгирии сирояти одамон ба бемории сил  чорабиниҳо мегузаронанд, инчунин нисбати гирифторшавии одамон ба бемории сил ва ҳайвонот  ба якдигар иттилоъ медиҳанд.

 

Моддаи 12. Мушоҳидаи давлатии оморӣ дар соҳаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил

Муассисаҳои дахлдори тиббӣ дар соҳаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳидаи давлатии оморӣ мебаранд.

Роҳбарони муассисаҳои тиббӣ ва шахсони ба фаъолияти хусусии тиббӣ машѓул  вазифадоранд, ки барои аниқ намудани бемории сил ва таъин намудани реҷаи табобат мизоҷони (патсиентҳои) худро ба муассисаҳои  зидди  бемории  сил фиристанд.

Муассисаҳои зидди бемории сил вазифадоранд оид ба ҳолатҳои ошкор намудани беморони касалиашон гузаранда ба марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии минтақаи худ  бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон  маълумот диҳанд.

 

БОБИ 3.

ҲУҚУҚУ ВАЗИФАҲОИ ШАХСОНИ  ГИРИФТОРИ

БЕМОРИИ СИЛ ВА Ё ВОБАСТА БА ОН ТАҲТИ

МУШОҲИДАИ ДИСПАНСЕРӢ ҚАРОРДОШТА

 

Моддаи 13. Ҳуқуқи  шахсони  гирифтори бемории сил ва ё вобаста ба он таҳти  мушоҳидаи диспансерӣ қарордошта

Шахсони гирифтори бемории сил ва ё вобаста ба он таҳти  мушоҳидаи диспансерӣ қарордошта ҳангоми ба онҳо расонидани кўмаки зидди бемории сил  ҳуқуқ доранд:

—  ба муносибати эҳтиромона ва башардўстонаи кормандони тиб ва дигар кормандоне, ки дар расонидани кўмаки зидди бемории сил иштирок доранд;        —

— ба гирифтани маълумот оид ба ҳуқуқу вазифаҳои беморони сил ва шахсони вобаста ба он таҳти  мушоҳидаи  диспансерӣ қарордошта, инчунин дар шакли дастрас оид ба хусусияти бемориашон ва усулҳои истифодашавандаи   табобат;

— ба интихоби духтур ва беморхона (статсионар) барои табобат   новобаста  аз ҷои истиқомати бемор;

— ба нигоҳ доштани сирри духтурӣ, ба истиснои маълумотҳои    вобаста ба гузаронидани чорабиниҳои зиддиэпидемиявӣ;

— ба ташхис ва табобат дар муассисаҳои   зидди бемории сил бо шароити   ба талаботи санитарӣ ва гигиенӣ ҷавобгў ;

— ба табобати санаторию курортӣ мувофиқи нишондоди тиббӣ;
— ба  муолиҷа дар муассисаҳои  тиббии зидди бемории сил дар мўҳлати муайяншудаи зарурӣ  барои  ташхис  ва ё табобат.

Шахсоне, ки барои  ташхис ва ё  табобат дар муассисаи тиббии муолиҷаи бемории  сил  бистарӣ  шудаанд,  ҳуқуқ доранд, ки:

— аз роҳбарони муассисаҳои  тиббии муолиҷаи бемории сил  оид ба  табобат ва ташхис  маълумот гиранд;

— таҳсилро мувофиқи барномаи таҳсилоти миёнаи умумии ҳатмӣ идома диҳанд;

—   бо  адвокат, равоншинос ва  ходими дин  танҳо вохўранд;

—   расму оини диниро  ба ҷо оваранд,   ба шарте, ки онҳо  ба  ҳолати саломатии бемор таъсири манфӣ нарасонанд.

Ба ѓайр аз ин, шахсони гирифтори бемории сил ва ё  вобаста ба он таҳти  мушоҳидаи диспансерӣ қарордошта   дорои ҳуқуқҳои дигаре ҳам мебошанд, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

 

Моддаи 14. Вазифаи шахсони гирифтори бемории сил ва ё вобаста ба он  таҳти   мушоҳидаи  диспансерӣ қарордошта

Шахсони гирифтори бемории сил ва ё вобаста ба он таҳти  мушоҳидаи диспансерӣ қарордошта вазифадоранд, ки :

— реҷаи чорабиниҳои табобатию солимгардонӣ ва ташхисии муайяннамудаи кормандони тибро   риоя намоянд;

— қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаҳои тиббии зидди бемории силро  ҳангоми бистарӣ  шудан дар ин гуна муассиса  риоя намоянд;

— қоидаҳои  санитарию  гигиениро, ки барои беморони сил муқаррар шудааст, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ иҷро намоянд.

БОБИ 4.

 ДАСТГИРИИ  ИҶТИМОИИ ШАХСОНИ ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ СИЛ ВА Ё ВОБАСТА БА ОН ТАҲТИ  МУШОҲИДАИ ДИСПАНСЕРӢ ҚАРОРДОШТА,  КОРМАНДОНИ ТИБ ВА ДИГАР КОРМАНДОНЕ, КИ ДАР  РАСОНИДАНИ КЎМАКИ ЗИДДИ БЕМОРИИ СИЛ  ИШТИРОК МЕКУНАНД

 

Моддаи 15. Дастгирии иҷтимоии шахсони гирифтори бемории сил ва ё вобаста ба    он  таҳти  мушоҳидаи  диспансерӣ қарордошта

Корношоямии муваққатии беморони сил бо тартиби пешбининамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Барои шаҳрвандони гирифтори бемории сил, ки қобилияти кориашонро муваққатан гум кардаанд, ҷои корашон (вазифа) ба мўҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон   нигоҳ   дошта мешавад.

Дар давраи аз кор (вазифа) хориҷ кардан вобаста ба бемории сил ва ба гирифторони бемории сил  дар асоси суѓуртаи иҷтимоии давлатӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кўмакпулӣ дода мешавад.

Шахсони гирифтори бемории сил ва ё вобаста ба  он таҳти  мушоҳидаи диспансерӣ қарордошта  барои ташхис ва табобати бемории сил  бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   ройгон бо доруворӣ  таъмин карда мешаванд.

Беморони силе, ки таҳти табобат дар беморхона қарор доранд,    мувофиқи меъёри махсуси   муайяншуда  барои чунин гурўҳи беморон бо хўроки серѓизо ройгон   таъмин  карда мешаванд.

Барои беморони гирифтори шакли фаъоли сил, ки аз рўзи муайян шудани беморӣ бекоранд, ба мўҳлати як сол гурўҳи маъюбӣ муқаррар карда мешавад.

Барои  беморони сокини хобгоҳҳои умумӣ ва хонаҳои серодам, ки  бемориашон гузаранда аст, мувофиқи санадҳои меъёрии  ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  манзили зисти алоҳида ҷудо карда мешавад.

 

Моддаи 16. Дастгирии иҷтимоии кормандони тиб  ва дигар кормандоне, ки дар расонидани кўмаки зидди  бемории  сил бевосита иштирок мекунанд

Кормандони тиб  ва дигар кормандоне, ки дар расонидани кўмаки зидди  бемории  сил бевосита иштирок менамоянд, ба чунин имтиёзҳо ҳуқуқ доранд:

— рухсатии иловагӣ барои шароити кори вазнин ва хавфнок барои саломатӣ ва ба вақти кори кўтоҳ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи имтиёзнок аз рўи синну сол ба нафақа баромадан;

— иловапулӣ дар ҳаҷми 100% ба  моҳонаи вазифавӣ;

— табобати имтиёзнок дар санаторияҳо;

— суѓуртаи ҳатмии иҷтимоӣ аз  ҳодисаҳои фалокат дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ,  бо пардохти андарзамони суѓуртавӣ ба кормандони тиб ва дигар кормандоне,  ки дар расонидани кўмаки зидди  бемории сил бевосита иштирок кардаанд, дар мавриди ба ҳаёту саломатии онҳо расидани зарар ва ё пайдоиши бемории касбӣ ва ё фавташон мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— ҳангоми марг аз бемории  сил ба оилаи фавтида пардохти 100% музди меҳнати ў то ба балоѓат расидани фарзандонаш.

Номгўи кормандони тиб ва дигар кормандоне, ки дар расонидани кўмаки зидди бемории сил иштирок мекунанд ва тартиби  додани кафолатҳои мазкурро    Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

БОБИ 5.

МУҚАРРАРОТИ  ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 17. Ҳамоҳангсозӣ   ва мониторинги самаранокии чорабиниҳо оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил

Ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги самаранокии чорабиниҳо оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, аз ҷумла   таҳияи барномаҳо ва нақшаҳо дар тамоми  зинаҳо  аз  тарафи мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад.

 

Моддаи 18.  Ҳамкории  байнисоҳавӣ  оид  ба ҳимояи  аҳолӣ  аз бемории  сил

Сафарбаркунии иҷтимоӣ яке аз намудҳои  самараноки ҳамкории байнисоҳавӣ мебошад. Бо ин мақсад барои ҳал намудани масъалаҳои вобаста ба бемории сил тамоми табақаҳои аҳолӣ,  мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва  кормандони тибби тамоми соҳаҳо ҷалб карда мешаванд.

 

Моддаи 19.  Ҳамкории байналмилалӣ

Ҳамкории байналмилалӣ оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, аз ҷумла мубодилаи ахбор, ҳамкории илмӣ, дастгирии молиявӣ, техникӣ, машваратӣ ва омўзишӣ дар доираи барномаҳои байналмилалӣ ва дигар санадҳои  ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст,  сурат мегирад.

 

Моддаи 20.  Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани  Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон   ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 21. Шикоят аз амалиёту қарорҳои кормандони тиб ва дигар кормандоне, ки ҳангоми расонидани кўмаки зидди бемории сил иштирок кардаанд

Аз амалиёту қарори кормандони тиб ва дигар кормандоне, ки дар расонидани кўмаки зидди бемории сил иштирок  дошта, ҳуқуқҳои шаҳрвандонро ҳангоми ба онҳо расонидани кўмаки зидди бемории сил вайрон кардаанд,  ба  мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия ва ё суд шикоят кардан мумкин аст.

Шикоят аз тарафи шаҳрванде, ки ҳуқуқу манфиатҳои қонуниаш вайрон карда шудааст, намояндаи қонунии ў, ҳамчунин ташкилоте, ки аз рўи  қонун ва ё Низомнома (Оиннома) ҳимоя кардани ҳуқуқи шаҳрвандон ба он вогузор карда шудааст, дода мешавад.

Шикоятҳоро суд бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  баррасӣ менамояд.

Шикоят оид ба  ҳалномаи суд мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад.

 

Моддаи 22. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                        Э.Раҳмонов

ш.Душанбе, 22 декабри соли 2006

№ 223

 

ШАРИКОН: