Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
22 ноябр дар ҳошияи чорабиниҳои нақшавии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербург Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Маулен Ашимбаев мулоқот анҷом доданд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Қазоқистон, инчунин ҳамкории байнипарламентии ду кишварро баррасӣ карданд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки робитаҳои дӯстона ва ҳамсоягии нек, ҳамкории созанда ва эътимодбахши дуҷониба бо Ҷумҳурии Қазоқистон аз афзалиятҳои муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Дар ин зимн, рушди бемайлони ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва тамоили афзоиши устувори нишондиҳандаҳои гардиши мол миёни кишварҳо натиҷаи неки талошҳои ду ҷониб арзёбӣ гардид.
Ҳамчунин дар вохӯрӣ масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақа ва ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.