Мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Денис Фрэнссис

11 июн Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Денис Фрэнссис мулоқот анҷом доданд.

Дар оғози суҳбат муҳтарам Рустами Эмомалӣ Раиси иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Денис Фрэнссисро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, иштироки ӯро дар кори Конференсияи сеюми оби Душанбе дар роҳи расидан ба ҳадафҳои глобалии ҳамоҳангшуда дар соҳаи об, муҳим арзёбӣ намуданд.

Зикр гардид, ки Тоҷикистон ба рушду тавсеаи муносибатҳо бо Созмони Милали Муттаҳид таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, дар ҳамкорӣ бо ин созмони бонуфуз тайи зиёда аз ду даҳсола масъалаҳои марбут ба обро дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд пеш мебарад.

Бо қаноатмандӣ иброз карда шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешниҳоду муаррифии ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар масъалаҳои обу иқлим нақши пешоҳангиву фаъол доранд.

Ҳамчунин, минбаъд низ омодагии ҷониби кишвари мо ҷиҳати амалисозии ташаббусҳои созанда вобаста ба масъалаҳои мубраму фарогири обу иқлим дар ҳамкорӣ бо дигар кишварҳо, баён гардид.

Ҷонибҳо тақвияти ҳамкории дуҷонибаро дар истифодаи боэътимод ва самараноки зарфиятҳои энергетикӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ ва кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур ҳисобида, ҳавасмандии худро ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо бо ниҳодҳои махсусгардонидашудаи Созмон дар бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ ва иҷтимоӣ иброз намуданд.

Қайд гардид, ки дастгирии ташаббуси роҳбарияти Ассостиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ва Федератсияи футболи Тоҷикистон тавассути қатъномаи Маҷмаи Умумӣ оид ба «Рӯзи ҷаҳонии Футбол» дар моҳи майи соли ҷорӣ, ба рушди минбаъдаи намудҳои гуногуни варзиш, бахусус футбол, ки маъмултарин ва дӯстдоштатарин намуди варзиши аҳолии сайёра, хоссатан ҷавонону наврасон мебошад, такони тоза хоҳад бахшид.

Дар рафти мулоқоти ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ, аз ҷумла таъмини амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳон мубодилаи афкор карданд.

ШАРИКОН: