Баргузории ҷаласаи Кумита оид ба иқтисодиёту коммуникатсия

11 июли соли 2024 таҳти раёсати муовини раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Одиназаода Бозорали Неъмат ҷаласаи навбатии кумитаи мазкур баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзои Кумита, намояндаи масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони воҳидҳои сохтории дахлдори Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва намояндагони васоити ахбори омма  иштирок доштанд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа аъзои Кумита қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартонӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсимоти маҳсулот», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохт», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз (кредит)», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ангишт»- ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар натиҷаи баррасӣ ва мубодилаи афкор хулосаи Кумита вобаста ба қонунҳои зикршуда қабул гардида, барои баррасӣ ба Шӯрои Маҷлиси миллӣ пешниҳод карда шуд.

ШАРИКОН: