Баргузории ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон

Дар бинои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Гулзода М.Қ.  ҷаласаи Кумита баргузор гардид.

Дар ҷаласа тибқи рӯзномаи ҷаласа қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, аз натиҷааш хулосаи Кумита ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардид.

Дар ҷаласаи Кумита аъзои Кумита Одилзода Д.Р. ва Додхуд Ф. инчунин Мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ  Саидзода Исфандиёр, кормандони масъули Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва намояндаи воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

 

ШАРИКОН: