Баргузории ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ
10 июни соли 2024 ҷаласаи навбатии Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ таҳти раёсати раиси Кумита Раҳимӣ Фарҳод баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа аъзои Кумита, кормандони воҳидҳои сохтории дахлдори Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ, намояндаи масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа аъзои Кумита қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифода ва ҳимояи аломату номҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва пешниҳодҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд», «Дар бораи ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳалли аҳолинишини Дашти Хорзори деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ ва иваз намудани номи он, инчунин иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Варзоб», «Дар хусуси ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳалҳои аҳолинишин ва номгузорӣ намудани онҳо, инчунин иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Файзобод»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар натиҷаи баррасӣ ва мубодилаи афкор хулосаҳои Кумита нисбат ба масъалаҳои зикршуда қабул гардида, ба Шӯрои Маҷлиси миллӣ пешниҳод карда шуданд.