Баргузории ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният

10 июни соли 2024 таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод Сафарбек ҷаласаи Кумитаи мазкур баргузор гардид.

Дар ҷаласа 34 масъала, аз он 31 қонун, аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйирот  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ва дигар қонунҳо, инчунин пешниҳодҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, дар хусуси ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳалҳои аҳолинишин ва номгузорӣ намудани онҳо бо иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Файзобод ва дар хусуси ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳалли аҳолинишини Дашти Хорзори деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ ва иваз намудани номи он, инчунин иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Варзоб баррасӣ гардида, аз натиҷааш қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар ҷаласа аъзои Кумита, кормандони масъули Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони редаксияҳои воситаҳои ахбори омма иштирок карданд.

ШАРИКОН: