Иноятзода Баҳром

Раиси шаҳри Истаравшан

Соли таваллуд: 1 декабри соли 1960
Ҷойи таваллуд: шаҳриКӯлоб
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ

Соли 1983 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (он замон Институти политехникии Тоҷикистон)-ро рӯзона хатм кардааст.
Ихтисос: архитектураи биноҳои истиқоматӣ ва ҷамъиятӣ
Забонҳои русӣ ва англисиро (бо луғат) медонад
Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истарвшан
Бо Медали Хизмати шоиста аз соли 2012, №1320 сарфароз гардидааст.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд

Собиқа ва фаъолияти корӣ:

  • Солҳои 1983-1985 — инспектори инспексияи давлатии сохтмони шуъбаи сохтмон ва меъмории Комиҷроияи вилояти Хатлон;
  • Солҳои 1985-1988 — мудири сектори инспексияи давлатии сохтмони шуъбаи сохтмон ва меъмории Комиҷроияи вилояти Кӯлоб;
  • Солҳои 1988-1990 — сардори бюрои лоиҳакашии байниноҳиявии шуъбаи сохтмон ва меъмории Комиҷроияи вилояти Хатлон;
  • Солҳои 1990-1993 — сардори бюрои лоиҳакашии худтаъминкунии шуъбаи меъмории шаҳриКӯлоб;
  • Солҳои 1993-2003 — Сармеъмори шаҳри Кӯлоб;
  • 01-10 соли 2004 — сардори гурӯҳи назоратии инспексияи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон;
  • Солҳои 2004-2005 —  муҳандиси сохтмони марказии ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншоотҳои инфраструктураи иҷтимоӣ;
  • Солҳои 2005-2007 — сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе;
  • Солҳои 2007-2008 – директории ҶДММ “Архиком-к” дар шаҳри Душанбе;
  • Солҳои 2008-2014 – сардори Раёсати сиёсат дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2014-2017 – муовини раиси вилояти Хатлон;
  • 03-12 соли 2017 – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан;
  • Аз 12 июли соли 2017 то инҷониб раиси шаҳри Истаравшан мебошад.
  • Аз 27 июли соли 2018, №21- узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст.
ШАРИКОН: