Дар Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

15 феврали соли 2017 дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзои Шӯро 52 масъалаҳоро бо инобати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади такмилу мукаммалгардонӣ ва мутобиқсозии ҳар кадоми онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда, ки  аз ҷониби субъектҳои  ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия гашта, баъд аз баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ унвонии Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардидаанд, мавриди муҳокима қарор доданд.

Аз ҷумла, аъзои Шӯро Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловањо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тољикистон», «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Қонуни Ҷумҳурии Тољикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тољикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба ворид намудани таѓйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид»-ро бо ҷонибдории лоиҳаи Қарорҳои дахлдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тағйир додани номи баъзе мањалњои ањолинишини шањрњои Панљакент ва Конибодом, ноњияњои Ашт ва Спитамени вилояти Суғд, ноҳияҳои Ховалинг, Ҷалолиддини Балхӣ ва Ёвони вилояти Хатлон, ба категорияи деҳа мансуб донистани мањалли аҳолинишини Даштаки деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ,  ҳар кадоми онҳоро ҷиҳати баррасӣ ба рӯзномаи иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки пагоҳ 16 –уми  феврал баргузор мегардад,  шомил намуданд.

Ҳамзамон, Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон дар ҷаласаи худ лоиҳаи Қарорҳои дахлдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бозхонд намудани Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб намудани Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016-ро ҷиҳати баррасӣ ба рӯзномаи иҷлосия ворид карданд.

 

 

 

ШАРИКОН: