АЪЗОИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ

МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР ДАР БОРАИ АЪЗОИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАЪВАТИ ПАНҶУМ

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 33 нафар аъзо иборат мебошад.

27 марти соли 2015 интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  даъвати  панҷум барпо гардид.

Интихоботи  аъзои  Маҷлиси  миллии Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ  дар ҳавзаҳои интихоботии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон       № 1,  вилояти Суғд № 2, вилояти Хатлон  № 3, шаҳри Душанбе № 4 ва  шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  № 5 гузаронида  шуданд.

Аз 2190 вакилони интихобкунанда дар овоздиҳӣ 2099 нафар ё ин  ки  95,7 %  иштирок  намуда, 24 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ, ки дар асоси  намояндагии манфиатҳои ҳудудҳо ба таври  ғайримустақим  бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб шуда, 6 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти  № 426 аз 30 марти соли 2015 таъйин гардиданд. Ҳамзамон, ҳар як собиқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви якумраи Маҷлиси  миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Шумораи умумии аъзои  Маҷлиси миллӣ ба ҳолати 1 марти соли 2017  30 нафар  буда, 7 нафарашон ё 21%-ро занҳо ташкил медиҳанд.
Ҳамаи аъзои Маҷлиси миллӣ дорои маълумоти олӣ буда, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошанд.  Аз 30 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ 3 нафар раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Суғду Хатлон буда, 1 нафар Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 11 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ба сифати раисони шаҳру ноҳияҳо, 7 нафар дар соҳаи илму маориф, 1 нафар дар соҳаи тиб, 1 нафар нафақахӯр ва 5 нафар дар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ба ҳайси роҳбар ифои вазифа менамоянд. Аз шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ 2 нафар академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 нафар доктори илмҳои физика ва математика, 1 нафар доктори илмҳои филологӣ, 1 нафар доктори илмҳои педагогӣ, 1 нафар доктори илмҳои таърих, 1 нафар  номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, 1 нафар номзади илмҳои филологӣ, 1 нафар номзади илмҳои тиб, 1 нафар номзади илмҳои иқтисодӣ, 2 нафар номзади илмҳои техникӣ, 1 нафар дорандаи унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 5 нафар «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», 1 нафар «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», 1 нафар «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», 1 нафар «Аълочии Барќи Тоҷик» ва 1 нафар «Аълочии Қӯшунҳои сарҳадӣ» дараҷаи 1 мебошанд.

Аз нигоҳи тахассус 4 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ  ё 13% ҳуқуқшинос, 8 нафар ё 27% муҳандис, 8 нафар       ё 27% омӯзгор, 4 нафар ё 13% иқтисодчӣ, 2 нафар ё 7% табиб, 3 нафар ё 10% агроном ва 1 нафар ё 3% духтури ҳайвонот мебошанд.
Аз шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ 8 нафа-рашон дар даъватҳои гузаштаи мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вакил ва аъзо буда, 22 нафарашон бори аввал интихоб шудаанд.

21 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуда, аз ҷиҳати мансубияти миллӣ 28 нафари онҳо тоҷик, 1 нафар ӯзбек ва 1 нафар қирғиз  мебошанд.
Синну соли 13 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ аз 35 то 50-сола ва 17 нафарашон аз 50-сола боло мебошад.
17 апрели соли 2015 иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар иҷлосияи мазкур, Маҳмадсаид Убайдуллоев Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдураҳмон Қодирӣ муовини якум ва Шодихон Ҷамшед муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

 

ШАРИКОН: