Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
* АҲМАДЗОДА Раҷаббой
* Аз 28 марти соли 2020 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз ҳавзаи интихоботии вилояти Суғд №2 интихоб шудааст, аз 7 марти соли 2018 дар мансаби раиси вилояти Суғд кор мекунад.
* Соли таваллуд: 16 сентябри соли 1971 * Ҷойи таваллуд: шаҳри Хуҷанд
* Миллат: тоҷик * Таҳсилот: олӣ
* Соли 1993 Донишгоҳи химия-технологияи Ҷумҳурии Қазоқистон (рӯзона), соли 2010 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро (ғоибона) хатм кардааст.
* Ихтисос: муҳандис-технолог, иқтисодчӣ
* Унвони илмӣ: надорад
* Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ
* Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум (солҳои 2020-2025)
* Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: Медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли 2011, №1133 ва Ордени Шараф дараҷаи 1 соли 2017, №907
* Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби 4 фарзанд
* Корнома ва собиқаи меҳнатӣ:
Солҳои 1993-1994- | Муҳандис-технологи сехи шишабарории заводи «Лаъл», шаҳри Хуҷанд |
Солҳои 1994-1995- | Муовини сардори заводи «Сангбурӣ», шаҳри Хуҷанд |
Солҳои 1995-1998- | Сардори идораи робитаҳои иқтисоди берунии ҷамъияти саҳҳомии «Ленинободпром-стройматериал», шаҳри Хуҷанд |
Солҳои 1998-2000- | Муовини директори генералии ҷамъияти саҳҳомии «Ленинободпромстройматериал», шаҳри Хуҷанд |
Солҳои 2000-2005- | Директори генералии ҷамъияти саҳҳомии «Ленинободпромстройматериал», шаҳри Хуҷанд |
Солҳои 2005-2007- | Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали вилояти Суғд |
Солҳои 2007-2009- | Директори генералии корхонаи воҳиди давлатии «Садаф», шаҳри Хуҷанд |
Солҳои 2009-2011- | Раиси шаҳри Гулистон (собиқ шаҳри Қайроққум) |
Солҳои 2011-2012- | Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд |
Солҳои 2012-2016- | Раиси шаҳри Хуҷанд |
Солҳои 2015-2016- | Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум (аъзои Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология) |
Солҳои 2016-2018- | Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Соли 2018 (01-03)- | Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд |
Аз 7 марти соли 2018 — | Раиси вилояти Суғд |
Аз 27 июли соли 2018 то 17 апрели соли 2020 — | Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати панҷум, солҳои 2015-2020 дар ҷараёни даъват интихоб шуда буд) |
Аз 17 апрели соли 2020 — | Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати шашум, солҳои 2020-2025) |