Муқимӣ Раҳимҷон Набизода

Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси ноҳияи Рашт

26 июни соли 1962 дар ноҳияи Рашт таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1984 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси банақшагирии хоҷагии халқ хатм намудааст.

Солҳои 1984-1986 иқтисодчии Раёсати хоҷагии қишлоқи Кумитаи иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ғарм, солҳои 1986-1990 мутахассиси пешбар оид ба назорат ва тафтишоти иттиҳодияи  агросаноатии ноҳияи Ғарм, солҳои 1990-1992 нозири Кумитаи назорати халқии ноҳияи Ғарм, солҳои 1992-1994 нозири давлатии Нозироти андози ноҳияи Ғарм,  солҳои 1994-2005 директори совхози «Тагоба»-и ноҳияи Рашт, солҳои 2005-2012 сардори Раёсати молияи ноҳияи Рашт, аз 07 феврали 2012 то 28 июни соли 2012 муовини раиси ноҳияи Рашт, солҳои 2012-2019 муовини якуми раиси ноҳияи Рашт ва аз 26 феврали соли 2019 то инҷониб дар вазифаи раиси ноҳияи Рашт кор ва фаолият намуда истодааст.

Соли 2000-ум бо мукофоти давлатии ордени «Дӯстӣ» сарфароз гардонида шудааст.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд мебошад.

 

ШАРИКОН: