НАСИМОВ Абдурасул Нишанкулович

Раиси Ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Соли таваллуд: 24 октябри соли 1970
Ҷойи таваллуд: ноҳияи Ҷ. Балхӣ
Миллат: узбек
Таҳсилот: олӣ
Соли 2007 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистонро хатм намудааст.
Ихтисос: ҳуқуқшинос
Забонҳои русӣ ва тоҷикиро медонад.
Аз 30 марти соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардидааст.
Оиладор.

Собиқа ва фаъолияти корӣ

  • Солҳои 2002-2007-мудири амбори сузишворӣ ва равғанҳои молидании Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Иттифоқ»-и Ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ;
  • Солҳои 2007-2010-раиси Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Иттифоқ»-и Ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ;
  • Солҳои 2010-2014-раиси Кооперативии истеҳсолии «Нишон»-и Ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷ. Румӣ;
  • Аз моҳи майи соли 2014- то инҷониб раиси Ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мебошад.
ШАРИКОН: