ЛОИҚЗОДА Қаноатшо Холиқ

Раиси ноҳияи Рашт

Соли таваллуд: 1 феврали соли 1971
Ҷойи таваллуд: ноҳияи Рашт
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 1992 Донишкадаи омӯзгории шаҳри Қурғонтеппа ва соли 2006 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.
Ихтисос: омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик ва ҳуқуқшинос
Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.
Аз соли 2015 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Оиладор.

Собиқа ва фаъолияти корӣ

  • Солҳои 1988-1992-донишҷӯи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Қурғонтеппа;
  • Солҳои 1992-1994-омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №43 –и ноҳияи Ғарм;
  • Солҳои 1994-1996-директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 43-и ноҳияи Ғарм;
  • Солҳои 1996-2000-раиси Ҷамоати деҳоти Тагобаи ноҳияи Ғарм;
  • Солҳои 2000-2005-директори омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Рашт;
  • Солҳои 2005-2007-ҳамоҳангсози Маркази идораи лоиҳаи ислоҳоти системаи маорифи Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт;
  • Солҳои 2007-2010-муовини раиси ноҳияи Рашт;
  • Солҳои 2010-2012-сармутахассис, мудири бахши Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо тобеи ҷумҳурӣ;
  • Солҳои 2012-2015-машваратчии шуъбаи амнияти иттилоотӣ, пешгӯӣ ва робитаҳои байналмилалии Дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Аз моҳи январ то моҳи марти  соли 2015-иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт;
  • Аз моҳи марти соли 2015- то инҷониб Раиси ноҳияи Рашт мебошад.
ШАРИКОН: