ШОҲИЁН Нуралӣ Набот

Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара

Соли таваллуд: 15 июни соли 1959
Ҷойи таваллуд: ноҳияи Муъминобод
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 1981 Донишкадаи муҳандисӣ-сохтмонии (ҳоло Донишгоҳи миллии муҳандисӣ-сохтмонӣ)-и Киевро хатм намудааст.
Ихтисос: муҳандис-сохтмончӣ оид ба сохтмонҳои саноатӣ ва шаҳрвандӣ
Номзади фанҳои техникӣ (соли 1985 ш.Киев), доктори илмҳои педагогӣ (соли 2007 ш. Санкт-Петербург), «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Лауреати Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф (2008), Лауреати Олимпиадаи умумииттифоқии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ «Студент ва прогрессияи илмӣ-техникӣ аз фанни физика» (1978), дорандаи Дипломи дараҷаи дуюми ғолиби озмуни корҳои илмии донишҷӯёни Украина (1981), «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2004).
Муаллифи 8 китобу монография ва маҷмӯи зиёда аз 100 мақолаҳо дар мавзуъҳои технологияи инноватсионии таҳсилоти олӣ мебошад.
Забонҳои русӣ ва украиниро бо луғат медонад.
Азсоли 2015 узви Маҷлиси миллии МаҷлисиОлииҶумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бо Ифтихорномаи Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои саноат ба муносибати 10 солагии ташкилёбии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (2 ноябри соли 2000), Ифтихорномаи фахрии Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми шахсӣ дар таҳияи маҷмӯи ҳуҷҷатҳои Ҷоизаи Президенти   Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гаштааст (№1023 аз 2 ноябри соли 2006), соли 2011 бо медали ҷашни «20солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз  гардонида шудааст.
Оиладор.

Собиқа ва фаъолияти корӣ

  • Солҳои 1976-1979-донишҷӯи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон;
  • Солҳои 1979-1981-донишҷӯи Донишкадаи муҳандисӣ-сохтмонии (ҳоло Донишгоҳи миллии муҳандисӣ-сохтмонӣ)-и Киев, лаборант ва корманди хурди илмии Озмоишгоҳи татқиқотии илмӣ;
  • Солҳои 1981-1984-аспиранти Донишкадаи муҳандисӣ-сохтмонии Киев;
  • Солҳои 1985-1986-ходими хурди илмии Озмоишгоҳи илмӣ-татқиқотии Украина оид ба ташкил ва иқтисодиёт дар сохтмон;
  • Соли 1986 (04.09)-ходими хурди илмии кафедраи иқтисодиёт ва ташкилоти сохтмони Донишкадаи политехникии Тоҷикистон;
  • Солҳои 1986-1988-ассистенти кафедраи масолеҳҳои сохтмонии Донишкадаи политехникии Тоҷикистон;
  • Солҳои 1988-1990-ҷониши сардори шуъбаи кор бо ҷавонон, ҷонишини сардори шуъбаи иҷтимоӣ–иқтисодии Кумитаи Марказии ЛКСМ-и Тоҷикистон;
  • Солҳои 1990-1991-проректор оид ба корҳои таълимии Коллеҷи олии технологии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи технологии Тоҷикистон);
  • Солҳои 1991-1996-мудири кафедраи фанҳои муҳандисӣ, декани факултети муҳандисӣ-технологии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, иҷрокунандаи вазифаи проректор оид ба корҳои илмии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон;
  • Солҳои 1996-2008-проректор оид ба корҳои илмӣ, корҳои таълим ва тарбияи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2008-2016-ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон;
  • Аз моҳи июни соли 2016- то инҷониб ректори Донишгоҳи давлатии Данғара мебошад.
ШАРИКОН: