АЛИБЕРДИЕВА Қиматгул Худобердиевна  

 Нафақахӯри шахсӣ 

Соли таваллуд: 21 апрели соли 1957
Ҷойи таваллуд: ноҳияи Роштқалъа
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 1981 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро хатм намудааст.
Ихтисос: омӯзгори фанни биология ва химия
Забонҳои русӣ ва немисиро бо истифода аз луғат медонад.
Аз соли 2015 узви Маҷлиси миллии МаҷлисиОлии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бо медали «Ҷашни 20 — солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо Ифтихорномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.
Оиладор.

Собиқа ва фаъолияти корӣ

  • Солҳои 1974-1976-корманди одии беморхонаи ноҳияи Шуғнон (ҳозира ноҳияи Роштқалъа);
  • Солҳои 1976-1981-донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин;
  • Солҳои 1981-1983Омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Каленинобод;
  • Солҳои 1983-1986-омӯзгори Омӯзишгоҳи касбӣ–техникии №40-и шаҳри Каленинобод;
  • Солҳои 1986-1992-мудири шуъбаи умумии котиби Кумитаи иҷроияи совети депутатҳо;
  • Солҳои 1992-1996-мутахассиси шуъбаи ташкилӣ, баъдан мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Роштқалъа;
  • Солҳои 1996-1997-мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Ҳукумати шаҳри Душанбе;
  • Солҳои 1997-2003-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои ноҳияи Фрунзе, баъдан мудири шуъбаи фарҳанги ноҳияи Фрунзе, раиси кумитаи  кор бо занон ва оилаи ноҳияи Сино;
  • Солҳои 2003-2011-муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъдан муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2011-2014-муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
  • Аз 12.2014 то 03.2015-иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғ;
  • Аз моҳи марти соли 2015 то моҳи ноябри соли 2016 Раиси шаҳри Хоруғ;
  • Ҳоло нафақахӯри шахсӣ
ШАРИКОН: