ХАЙРУЛЛО Амонулло

Раиси шаҳри Кӯлоб

Соли таваллуд: 10 августи соли 1967
Ҷои таваллуд: ноҳияи Фархор
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 1992 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро хатм намудааст.
Ихтисос: муҳандис-механик
Номзади илмҳои техникӣ
Забони русиро медонад.
Аз соли 2015 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бо медали «Ҷашни 20–солагии Истиқлолияти ҶумҳурииТоҷикистон»
сарфароз гардонида шудааст.
Оиладор.

Собиқа ва фаъолияти корӣ

  • Солҳои 1985-1992-донишҷӯи Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон;
  • Солҳои 1986-1988-хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ;
  • Солҳои 1992-1993-челонгари Колхози ба номи Ленини ноҳияи Фархор;
  • Солҳои 1993-1994-муҳандиси шуъбаи энергетикӣ-механикии заводи ба номи Орҷоникидзе, шаҳри Душанбе;
  • Солҳои 1994-1997-сармеханики Заводи ба номи Орҷоникидзе, шаҳри Душанбе;
  • Солҳои 1997-1998-муовини сармуҳандиси Заводи ба номи Орҷоникидзе, шаҳри Душанбе;
  • Солҳои 1998-2000-сармуҳандиси Заводи ба номи Орҷоникидзе, шаҳри Душанбе;
  • Солҳои 2000-2006-директори ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Заводи ба номи Орҷоникидзе»-и шаҳри Душанбе;
  • Соли 2006 (03-09)-муовини сардори Департаменти саноати мошинсозӣ, электронӣ ва электротехникии Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2006-2007-сардори Раёсати саноати мошинсозӣ ва кимёии Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2007-2010-сардори Раёсати мошинсозӣ, саноати мудофиа ва кимёии Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2010-2014-муовини Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2014-2015-муовини раиси вилояти Суғд;
  • Соли 2015 (02-05)-иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб;
  • Аз майи соли 2015- то инҷониб раиси шаҳри Кӯлоб мебошад.
ШАРИКОН: