САФАРЗОДА Хайрулло Амиралӣ

Директори генералии ҶСК НБО «Роғун»

Соли таваллуд: 28 марти соли 1962
Ҷойи таваллуд: ноҳияи Данғара
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 1985 Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон ва соли 2010 Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро (ғоибона) хатм намудааст.
Ихтисос: муҳандис–бинокор;
«Аълочии Барқи Тоҷик».
Забонҳои русӣ, форсӣ ва англисиро бо истифода аз луғат медонад.
Аз 30 марти соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардидааст.
Соли 2009 бо ордени «Шараф» дараҷаи 2 сарфароз гардонида шудааст.
Оиладор, соҳиби 5 фарзанд мебошад.

Собиқа ва фаъолияти корӣ

  • Солҳои 1985-1986-муҳандис-диспетчери Трести «Данғараводстрой»;
  • Солҳои 1986-1988-устои ПМК-26-и Трести «Данғараводстрой»;
  • Солҳои 1988-1994-муҳандиси калони Корхонаи сохтмони иншоотҳои мелиоративии назди Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷамҳурии
  • Тоҷикистон;
  • Солҳои 1994-1999-директори Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ориёно», шаҳри Душанбе;
  • Солҳои 1999-2005-директори генералии корхонаи муштараки «ВТ Силк»-и ноҳияи Данғара;
  • Солҳои 2005-2006-сармуҳандиси Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «39-Паралел»;
  • Солҳои 2007-2010-сардори Раёсати сохтмони асосии Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2010-2012-раиси шаҳри Норак;
  • Аз соли 2012- то инҷониб Директори генералии ҶСК НБО «Роғун» мебошад.
ШАРИКОН: