НЕЪМАТЗОДА Қурбонмурод Ҳақризо

Директори техникӣ – истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Роҳи-Тоҷик»

Соли таваллуд: 10 феврали соли 1969
Ҷойи таваллуд: ноҳияи Ҳисор
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 2008 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимиро хатм намудааст.
Ихтисос: муҳандиси роҳҳои алоқаи нақлиётӣ
Забони русиро медонад.
Аз соли 2015 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Соли 2013 бо Ордени «Шараф» дараҷаи 2 сарфароз гардонида шудааст.
Оиладор.

Собиқа ва фаъолияти корӣ

  • Солҳои 1984-1986-коргари Комбинати нонбарории ноҳияи Ҳисор;
  • Солҳои 1986-1990-донишҷӯи Политехникуми ордени Байрақи Сурхи меҳнатдори шаҳри Душанбе;
  • Солҳои 1986-1990-устои заводи «Тоҷикгидроагрегат»-и шаҳри Душенбе; Солҳои 1990-1992-устои ДОСААФ–и  ноҳияи Ҳисор;
  • Солҳои 1992-1993-сардори стансияи хизматрасонии техникии Корхонаи воҳиди фаръии «Москвич»;
  • Солҳои 1994-2000-директори ширкати «Ҳисор-Толятти»;
  • Солҳои 2000-2002-менеҷери Корхонаи масъулияташ маҳдуди «Хиродӯст»-и ноҳияи Ҳисор;
  • Солҳои 2002-2006-директори Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди  «Ҳоҷӣ–Роҳсоз»;
  • Солҳои 2003-2008-донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ;
  • Солҳои 2007-2012-сардори Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ҳисор;
  • Аз соли 2012-то инҷониб директори техникӣ – истеҳсолии Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Роҳи-Тоҷик» мебошад.
ШАРИКОН: