Ҷонибдории 18 қонун дар иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси миллӣ даъвати панҷум

12 июли соли 2017 таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

Дар он аъзои Маҷлиси миллӣ бо интихоби котибот ва тасдиқи рӯзномаи иҷлосия зимни баррасии масъалаҳо бо хулоса аз гузоришҳои аз тарафи раисони Кумитаҳои марбутаи Маҷли­си мил­лӣ Раҳмон Озода Эмомалӣ, Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ,  Фарҳод Раҳимӣ, Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ, ва Амирзода Раҳмоналӣ Амир пешниҳодгардида 2 қонуни мукаммал: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ», ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳо ва як зумра қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади такмилу мукаммалгардонӣ ва мутобиқсозии ҳар кадоми онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Ҷумҳурӣ амалкунанда, ки  аз ҷониби субъектҳои  ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия гашта, баъд аз баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ унвонии Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардидаанд, ҷонибдорӣ намуданд.

Аз ҷумла, Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ–ҷустуҷӯӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ» ҷонибдорӣ ёфтанд.

Раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни ҷонибдорӣ аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» изҳор дошт, ки он баҳри ташкили ҷойҳои нави корию ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, фароғату фарохбинии онҳо мусоидат намуда, тавассути омилҳои зикршудаю ҷойдошта дар густариш, тақвияту таҳким бахшидани ҳисси миллию ватандӯстии сокинони кишвар нақши бориз мегузорад ва ҳар яки мо — аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар муаррифӣ, таблиғ ва татбиқи он беш аз ҳарвақта саҳмгузор бошем.

Аъзои Маҷлиси миллӣ бо Қарори дахлдори Маҷлиси миллӣ дар иҷлосия пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон «Оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон» мавриди баррасӣ қарор дода, тибқи он номи деҳаи Урта – Қайнари Ҷамоати деҳоти Норин ба деҳаи Зафари Ҷамоати деҳоти Норин ва номи деҳаи Ғорбулоқи Ҷамоати деҳоти Даҳана ба деҳаи Ғорчашмаи Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон иваз карда шуданд.

Дар иҷлосия Раиси Маҷлиси миллӣ аз аъзои Маҷлиси миллӣ даъват ба амал овард, ки фикру андешаҳои худро оид ба масъалаҳои рӯзмарраи ҳаёти ҷомеа ҷиҳати баррасӣ намудан дар муҳокимаҳои парламентӣ дар давоми ду моҳ манзур намоянд.

Бо баррасии тамоми масъалаҳои дар рӯзнома шомилгардида Иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ба кори худ анҷом бахшид.

ШАРИКОН: