Ҷонибдории як қатор қонунҳо дар иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллӣ даъвати панҷум

28 августи соли 2017 таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

Аъзои Маҷлиси миллӣ бо интихоби котибот ва тасдиқи рӯзномаи иҷлосия ба баррасии масъалаҳо шуруъ намуданд.

Нахуст, тибқи гузориши раиси Кумитаи Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Фарҳод Раҳимӣ хулосаи муфассали кумитаи мазкур доир ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” манзури аъзои Маҷлиси миллӣ гардонида шуд.

Дар идома ба он, зимни муҳокимаи хулосаи манзуршуда раиси Комиссияи Маҷлиси миллӣ оид ба назорати Дастур Маҳтобшозода Арамбегим Бозор ва узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло фикру андеша ва ҷонибдории худро оид ба тағйиру иловаҳои воридгардида баён намуданд.

Сипас, дар иҷлосия перомуни масъалаи матраҳшаванда директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода ва муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Азизулло оид ба тадбирҳои таҳлилии зимни таҳияи қонун андешидашуда ва муҳимияти такмилдиҳии қонуни миллӣ гузориш доданд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев тазаккур дод, ки маҳз дар даврони истиқлолияти давлатӣ тавассути фаъолияти созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурӣ, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба пешниҳодоти қишрҳои мухталифи ҷомеа ва истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузориашон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва тағйиру иловаҳо ба онро, ки мавриди баррасиамон қарор доранд, манзури парлумони кишвар намуданд. Раиси Маҷлиси миллӣ зикр намуд, ки қонуни мазкур баҳри баланд бардоштани некӯаҳволии мардум, тадриҷан коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва тақвият бахшидани фарҳанги миллӣ нигаронида шуда, ифодагари манфиатҳои аҳли ҷомеа мебошад.

Маҳмадсаид Убайдуллоев пешниҳод намуд, ки бо ҷонибдории комил аз тағйиру иловаҳои дар қонун зикршуда дар Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон банди алоҳида, ки тибқи он раисони кумита ва комиссияҳои Маҷлиси миллӣ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ, мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ тарғиб, ташвиқ ва риояи қонуни мазкурро пайваста ба роҳ монанд, илова карда шавад.

Ҳамзамон, изҳор намуданд, ки зимни корҳои фаҳмондадиҳӣ ва шарҳи амиқи қонун бобати баланд бардоштани масъулияти ҳар як шаҳрванди мамлакат истифодаи ташаббуси “Мо накунем, кӣ мекунад?!” бамаврид мебошад.

Дар иҷлосия Раиси Маҷлиси миллӣ аз мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ даъват ба амал овард, ки дар ҳамкорӣ бо комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар татбиқи қонун ба беҳбуд бахшидани фаъолияташон ба тадриҷ тақвият бахшанд.

Дар иҷлосия  қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ҷонибдорӣ карда шуданд.

Зимни баррасии қонунҳои Ҷумҳурии Тољикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловањо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тољикистон хулосаи муфассали раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Озода Эмомалӣ ба аъзои Маҷлиси миллӣ ироа гардид.

Бо ҷонибдорӣ аз он аъзои Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Абдурасул Насимов ва Сайёҳат Дадаҷонова тағйиротҳои воридгардида ба кодексҳоро амри саривақтӣ ва ҷавобгӯи ниёзҳои аҳли ҷомеа арзёбӣ карданд.

Дар иҷлосия, ҳамзамон, аъзои Маҷлиси миллӣ Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи Низомномаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд.

Бо баррасии тамоми масъалаҳои дар рӯзнома шомилгардида Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ба кори худ анҷом бахшид.

 

ШАРИКОН: