ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд

(АМОҶТ с.2002, №4,қ.2 мод.314; с.2008. №10, мод.810; с.2010, №12,қ.1,  мод.815)

Боби 1.  Қоидаҳои умумӣ (қҷт. 29.12.10 №656)

Моддаи 1. Муносибатҳое, ки ҳамин Қонун танзим мекунад

Ҳамин Қонун ҳолати ҳуқукии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд, ҳуқуқу ўҳдадориҳои иштирокчиёни он, тартиби ташкил кардан, азнавташкилдиҳӣ  ва барҳам додани ҷамъиятро муайян менамояд.

Хусусияти ҳолати ҳуқуқӣ, тартиби ташкил кардан, азнавташкилдиҳӣ ва барҳам додани ҷамъияти дорои масъулияти маҳдудро дар соҳаҳои фаъолияти бонкӣ, суғуртавӣ ва сармоягузорӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд.

 

Моддаи 2. Мафҳуми ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд

  1. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд (минбаъд ҷамъият) ҷамъияти хоҷагиест, ки аз ҷониби як ё якчанд шахс таъсис дода шуда, сармояи оинномавии он бо ҳиссаи ҳаҷми муайянкардаи ҳуҷҷатҳои таъсисотӣ тақсим шудааст. Иштирокчиёни ҷамъият аз рўи  ўҳдадориҳои он масъулият надоранд ва зиёни таваккали марбут  бо фаъолияти ҷамъиятро дар доираи арзиши саҳми гузоштаашон ба ўҳда доранд.

Иштирокчиёни ҷамъият, ки ба сармояи оинномавии ҷамъият саҳмро дар ҳаҷми пуррааш нагузоштаанд, тибқи ўҳдадории он дар доираи арзиши қисми пардохтнашудаи саҳми ҳар  кадом иштирокчии ҷамъият масъулияти муштарак доранд.

  1. Ҷамъият дар моликият амволи алоҳида дорад, ки дар баланси мустақили он ба ҳисоб гирифта мешавад, вай аз номи худ ҳуқуқҳои амволӣ ва шахсии ғайриамволиро ба даст дароварда ва  онро  амалӣ менамояд, ўҳдадориро ба зимма гирифта, дар суд даъвогар ва ҷавобгар  шуда метавонад.
  2. Ҷамъият шахси ҳуқуқӣ буда бо тартиби муқарраркардашуда метавонад дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он суратҳисобҳои бонкӣ кушояд.

 

Моддаи 3.  Номи фирмавии ҷамъият

Ҷамъият номи пурраи расмӣ дошта, ҳақ дорад ба забони давлатӣ дорои номи мухтасар бошад.

Номи пурраи фирмавии ҷамъият ба забони давлатӣ бояд номи пурраи ҷамъият ва ибораҳои «дорои масъулияти маҳдуд»-ро дошта бошад. Номи мухтасари фирмавии ҷамъият бояд дорои номи пурра  ё мухтасари ҷамъият ва калимаҳои «дорои масъулияти маҳдуд» ё ихтисори  (аббревиатураи)  ҶДММ бошад.

Номи фирмавии ҷамъият дар забони давлатӣ дигар истилоҳҳо ва ихтисорҳое, ки шакли ташкилӣ-ҳуқуқӣ, аз ҷумла аз забонҳои хориҷӣ гирифта шударо инъикос менамоянд, дошта наметавонад, агар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии  Тоҷикистон қоидаи дигарро  пешбинӣ накарда бошанд.

 

Моддаи 4.  Маҳалли ҷойгиршавӣ ва суроғаи ҷамъият

  1. Маҳалли ҷойгиршавии ҷамъият аз рўи ҷои бақайдгирии давлатии он муайян карда мешавад. Ҳуҷҷатҳои таъсисотии ҷамъият мумкин аст муқаррар намояд, ки маҳалли ҷойгиршавии доимии мақомоти идоракунии он ё ҷои доимии фаъолияташ маҳалли ҷойгиршавии ҷамъият мебошад.

2.Ҷамъият бояд суроғаи почтавии худро дошта бошад, ки аз рўи он ба он алоқа карда мешавад. Ҷамъият дар бораи тағйирёбии суроғаи почтавии худ, ўҳдадор аст ба мақомоте, ки бақайдгирии шахси ҳуқуқиро амалӣ менамояд,  хабар диҳад.

3.Ҷамъият бояд мўҳри мудаввар дошта бошад, ки  дар он номи пурраи  фирмавиаш ба забони давлатӣ  сабт ёбад. Дар мўҳри ҷамъият инчунин номи фирмавии он ба ҳар забони хориҷӣ сабт  шуда метавонад.

Ҷамъият ҳақ дорад штампҳо ва бланкҳои дорои номи фирмавии худ,  нишони худӣ, инчунин аломати молӣ ва дигар воситаҳои фардиятро, ки бо тартиби муқаррарӣ ба қайд гирифта шудаанд, дошта бошад.

 

Моддаи 5.  Қобилияти ҳуқуқдории ҷамъият

1.Ҷамъият ташкилоти тиҷоратӣ буда, дорои ҳуқуқҳои гражданӣ мебошад ва ўҳдадориҳои зарурии ба фаъолияташ алоқамандро барои амалӣ намудани ҳамагуна фаъолияти дар қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ нашуда ба зимма  мегирад.

2.Ба намудҳои алоҳидаи фаъолияти дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ҷамъият танҳо дар асоси иҷозатнома (литсензия) машғул шуда метавонад. Агар дар  шартҳои  додани иҷозатнома барои ба амал баровардани  намуди муайяни фаъолият  талаби чун фаъолияти истисноӣ амалӣ гардонидани он пешбинӣ шуда бошад,  ҷамъият дар давоми мўҳлати амали иҷозатнома ҳақ дорад танҳо намудҳои фаъолияти пешбиникардаи иҷозатномаро ба амал барорад.

 

Моддаи 6.Филиалҳо ва намояндагиҳои ҷамъият

1.Ҷамъият метавонад бо қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки бо накамтар аз се ду ҳиссаи овози шумораи умумии иштирокчиёни ҷамъият қабул шудааст, филиалҳо таъсис дода, намояндагиҳо кушояд.

Таъсиси филиалҳо ва кушодани намояндагиҳо аз ҷониби ҷамъият дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи талаботи ҳамин Қонун ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар хориҷи  Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории давлати хориҷӣ, ки дар ҳудуди он филиалҳо таъсис дода ё намояндагиҳо кушода мешаванд, сурат мегирад, агар дар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаи дигар пешбинӣ нашуда бошад.

  1. Филиали ҷамъият қисми алоҳидаи он буда, берун аз маҳалли ҷойгиршавии ҷамъият воқеъ мебошад ва ҳамаи вазифаҳои онро (қисми он), аз ҷумла вазифаи намояндагиро амалӣ менамояд.
  2. Намояндагии ҷамъият қисми алоҳидаи он буда, берун аз маҳалли ҷойгиршавии ҷамъият воқеъ мебошад ва манфиатҳои ҷамъиятро ифода ва муҳофизат мекунад.
  3. Филиал ва намояндагии ҷамъият шахсони ҳуқуқӣ намебошанд ва дар асоси низомномаи тасдиқкардаи ҷамъият амал менамоянд. Филиал ва намояндагӣ дорои амволе мебошанд, ки ҷамъияти  таъсисдиҳанда ба онҳо додааст.

Роҳбарони филиалҳо ва намояндагиҳои ҷамъиятро ҷамъият таъин мекунад ва онҳо дар асоси ваколатномаи он амал мекунанд.

Филиалҳо ва намояндагиҳои ҷамъият фаъолияти худро аз номи ҷамъияти онҳоро  таъсисдиҳанда амалӣ мегардонанд. Барои фаъолияти филиал ва намояндагии ҷамъият ҷамъияти онҳоро таъсискарда масъул аст.

 

Моддаи 7.  Ҷамъияти фаръӣ ва вобаста

  1. Ҷамъият метавонад ҷамъияти фаръӣ ва вобастаи хоҷагии дорои ваколати шахси ҳуқуқӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ҳамин Қонун ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар ҳориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи  қонунгузории давлати хориҷӣ, ки дар ҳудуди он ҷамъияти фаръӣ ё вобастаи хоҷагӣ таъсис дода шудаанд, бошад, агар дар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қоидаи дигар пешбинӣ нашуда бошад.
  2. Ҷамъияте фаръӣ эътироф карда мешавад, ки агар дигар ҷамъияти (асосии) хоҷагӣ бинобар иштироки афзалиятнок дар сармояи оинномавии он ё мутобиқи шартномаи  бастаи байни онҳо ё ба тарзи дигар имконият дошта бошад, ки қарори бо ҳамин тариқ қабулкардаи ҷамъиятро муайян намояд.
  3. Ҷамъияти фаръӣ ба қарзҳои ҷамъияти асосии хоҷагӣ ҷавобгар намебошад.

Ҷамъияти асосии хоҷагӣ, ки барои додани супоришҳои ҳатмӣ ба ҷамъияти фаръӣ ҳуқуқ дорад, бо ҷамъияти фаръӣ аз рўи аҳдҳои барои иҷрои ин  супоришҳо бастаи он муштарак ҷавобгар аст.

Дар сурати муфлисшавии ҷамъияти фаръӣ бо гуноҳи ҷамъияти асосии хоҷагӣ,  ҳангоми нокифоягии амволи ҷамъияти фаръӣ, ҷамъияти  асосӣ  аз рўи қарзҳои он ҷавобгарии иловагӣ (субсидиарӣ)  дорад.

Иштирокчиёни ҷамъияти фаръӣ ҳақ доранд ҷуброни зиёни бо гуноҳи  ҷамъияти асосӣ ба ҷамъияти фаръӣ расонидаро талаб намоянд.

  1. Ҷамъияте вобаста эътироф карда мешавад, ки агар ҷамъияти (бартаридошта) дигари  хоҷагӣ бештар аз бист фоизи сармояи оинномавии  ҷамъияти якумро дошта бошад.

Ҷамъияте, ки бештар аз бист фоизи саҳмияҳои овоздорӣ ҷамъияти саҳҳомӣ ё бештар аз бист фоизи сармояи оинномавии дигар  ҷамъияти дорои масъулияти маҳдудро ба даст даровардааст  вазифадор аст дар ин бора ба мақомоте, ки бақайдгирии давлатии шахсони ҳукуқиро ба роҳ мемонанд, фавран маълумотро барои нашр намудан пешниҳод намояд.

 

Моддаи 8.  Иштирокчиёни ҷамъият

  1. Шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ иштирокчиёни ҷамъият буда метавонанд. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки гурўҳи алоҳидаи шаҳрвандонро дар ҷамъиятҳо манъ ё маҳдуд карданаш мумкин аст.
  2. Мақомоти давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ҳақ надоранд, ки иштирокчиёни ҷамъият бошанд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаи дигареро муқаррар накунад.

Ҷамъиятро як шахс таъсис дода метавонад, ки он иштирокчии ягона мегардад.  Ҷамъият минъбад ҷамъияти дорои як иштирокчӣ шуда метавонад.

Ҷамъият ба сифати иштирокчии ягона ҷамъияти дигари хоҷагии  аз як шахс иборат бударо  дошта наметавонад.

  1. Шумораи иштирокчиёни ҷамъият набояд бештар аз сӣ нафар бошад.

Дар  ҳолатҳое, ки  шумораи иштирокчиёни ҷамъият аз ҳадди муқарраркардаи ҳамин банд зиёд бошад, ҷамъият дар давоми  сол бояд ба  ҷамъияти кушоди саҳҳомӣ ё кооперативи истеҳсолӣ табдил ёбад. Агар дар давоми мўҳлати зикрёфта ҷамъият аз нав таъсис дода нашавад ва шумораи иштирокчиёни ҷамъият то ҳадди муқарраркардаи ҳамин банд кам нагардад, он ба тариқи судӣ бо талаби мақоме, ки шахсони хуқуқиро ба қайди давлатӣ мегирад, ё дигар мақомоти давлатӣ ё мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, ки онҳоро қонун барои пешниҳоди чунин талаб ҳуқуқ додааст, барҳам дода мешавад.

 

Моддаи 9.   Ҳуқуқи иштирокчиёни ҷамъият

Иштирокчиёни ҷамъият ҳуқуқ доранд:

-дар идораи корҳои ҷамъият бо тартиби муқарраркардаи ҳамин Қонун ва ҳуҷҷатҳои таъсисотии ҷамъият иштирок намоянд;

-дар бораи фаъолияти  ҷамъият маълумот гиранд ва бо дафтарҳои муҳосибавӣ (бухгалтерӣ) ва дигар ҳуҷҷатҳои он бо тартиби муқарраркардаи ҳуҷҷатҳои таъсисотӣ шинос шаванд;

-дар тақсимоти фоида иштирок кунанд;

-бо тартиби пешбиникардаи ҳамин Қонун ва оинномаи ҷамъият ҳиссаи худро аз сармояи оинномавии ҷамъият фурўшанд ё ба тарзи дигар як қисми онро ба як ё якчанд иштирокчии ин ҷамъият диҳанд;

-ҳар вақт новобаста аз розигии дигар иштирокчиёни он аз ҷамъият бароянд;

-дар сурати барҳам хўрдани ҷамъият  қисми амвол ё арзиши онро баъди ҳисобу китоб  бо  кредиторон гиранд.

Иштирокчиёни ҷамъият инчунин дигар ҳуқуқҳое доранд, ки онҳоро ҳамин Қонун пешбинӣ кардааст.

  1. Ба ғайр аз ҳуқуқҳое, ки ҳамин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, оинномаи ҷамъият метавонад дигар ҳуқуқҳои (ҳуқуқҳои иловагии) иштирокчии (иштирокчиёни) ҷамъиятро пешбинӣ намояд. Ин ҳуқуқҳо мумкин аст дар оинномаи ҷамъият пешбинӣ карда шаванд ё бо қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки  онро ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият якдилона қабул кардаанд, дода мешаванд.

Ҳуқуқҳои иловагие, ки ба иштирокчии муайяни ҷамъият дода шудааст, дар ҳолати  бегона кардани ҳиссаи  (қисми ҳиссаи) ў ба бадастдарорандаи  ҳисса  (қисми ҳисса)  намегузарад.

Қатъ ё маҳдуд кардани ҳуқуқҳои иловагие, ки ба ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият дода шудааст,  бо қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият якдилона қабул кардаанд, сурат мегирад. Қатъ ё маҳдуд гардондани ҳуқуқҳои иловагие, ки ба иштирокчиёни муайяни ҷамъият дода шудааст, бо қарори  маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки бо накамтар аз се ду ҳиссаи овози шумораи умумии иштирокчиёни ҷамъият қабул шудааст, сурат мегирад, ба шарте, ки агар иштирокчии ҷамъият, ки чунин ҳуқуқҳои иловагӣ ба ў тааллуқ дорад, ба тарафдории ин қарор овоз дода, ё розигии хаттӣ дода бошад. Иштирокчии ҷамъият, ки ҳуқуқҳои иловагӣ ба ў дода шудааст, аз татбиқи ҳуқуқҳои иловагии додашуда даст кашида метавонад ва дар ин бора ба  ҷамъият огоҳномаи хаттӣ мефиристад. Аз вақти огоҳномаи мазкурро гирифтани ҷамъият ҳуқуқҳои иловагии иштирокчии ҷамъият қатъ мегардад.

 

Моддаи 10.  Ўҳдадории иштирокчиёни ҷамъият

  1. Иштирокчиёни ҷамъият ўҳдадоранд:

-бо тартиб,  дар ҳаҷм, таркиб ва мўҳлати пешбиникардаи ҳамин Қонун ва ҳуҷҷатҳои таъсисотии ҷамъият саҳм гузоранд;

-иттилооти махфиро дар бораи фаъолияти ҷамъият фош  нанамоянд.

Иштирокчиёни ҷамъият дигар ўҳдадориҳоро низ доранд, ки ҳамин Қонун пешбинӣ кардааст.

2.Ба ғайр аз ўҳдадориҳои пешбиникардаи ҳамин Қонун, оинномаи ҷамъият метавонад дигар ўҳдадориҳои (ўҳдадориҳои иловагии) иштирокчии (иштирокчиёни) ҷамъиятро, ки ба меъёрҳои ин Қонун мухолиф нестанд, пешбинӣ намояд. Ин ўҳдадориҳо дар оинномаи ҷамъият пешбинӣ шуда ё бо қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият якдилона қабул кардаанд, ба зиммаи ҳамаи онҳо гузошта мешавад. Ба зиммаи иштирокчии муайяни ҷамъият гузоштани ўҳдадориҳои иловагӣ бо қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки бо накамтар аз се ду ҳиссаи овозҳои шумораи умумии иштирокчиёни ҷамъият қабул шудааст, сурат мегирад, агар иштирокчии ҷамъият, ки чунин  ўҳдадориҳои иловагӣ ба зиммаш  гузошта шудааст, ба тарафдори қабули чунин қарор  овоз диҳад  ё розигии хаттӣ дода бошад.

Ўҳдадориҳои иловагие, ки ба зиммаи иштирокчии муайяни ҷамъият гузошта шудааст, дар ҳолати бегона кардани ҳиссаи (қисми ҳиссаи) ў  ба бадастдарорандаи ҳисса (қисми ҳисса) намегузарад.

Ўҳдадориҳои иловагӣ мумкин аст бо қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият якдилона қабул кардаанд, қатъ карда шавад.

 

Моддаи 11.  Аз ҷамъият хориҷ кардани иштирокчии ҷамъият

Иштирокчиёни  ҷамъият, ки ҳиссаи онҳо дар маҷмўъ на камтар аз даҳ фоизи сармояи оинномавии ҷамъиятро ташкил медиҳад, ҳақ доранд ба тариқи судӣ аз ҷамъият хориҷ кардани иштирокчиеро, ки ўҳдадории худро дағалона вайрон мекунад, ё бо амали (беамалии) худ фаъолияти ҷамъиятро ғайри  имконпазир ё хеле душвор мегардонад,  талаб намоянд.

 

Моддаи 12. Масъулияти ҷамъият

  1. Ҷамъият тибқи ўҳдадориҳояш бо тамоми амволи ба он тааллуқдошта масъул аст.

Ҷамъият оиди ўҳдадориҳои иштирокчиёнаш ҷавобгар нест.

Дар ҳолати муфлисшавии ҷамъият бо гуноҳи иштирокчиёнаш ё бо гуноҳи шахсони дигар, ки онҳо ҳуқуқ доранд ба ҷамъият супориши ҳатмӣ диҳанд ё ба тарзи дигар имконият доранд амали онро муайян намоянд, ба зиммаи ин иштирокчиён ё шахсони дигар дар сурати нокифоягии амволи ҷамъият мумкин аст оиди ўҳдадориҳояш масъулияти иловагӣ (субсидиарӣ) гузошта шавад.

Давлат оиди ўҳдадориҳои ҷамъият ва ҷамъият оиди ўҳдадориҳои давлат масъулият надорад.

 

Боби 2.   Таъсис додани ҷамъият (қҷт. 29.12.10 №656)

 

Моддаи 13. Тартиби таъсисдиҳии ҷамъият

  1. Муассисони ҷамъият шартномаи таъсисотӣ мебанданд ва оинномаи ҷамъиятро тасдиқ мекунанд. Шартномаи таъсисотӣ ва оинномаи ҷамъият ҳуҷҷатҳои таъсисотии ҷамъият мебошанд.

Агар ҷамъиятро як шахс таъсис диҳад, ҳуҷҷати таъсисотии ҷамъият оинномаи тасдиқкардаи ҳамин  шахс мебошад. Дар сурати  то ду нафар ва аз он зиёд шудани шумораи иштирокчиёни ҷамъият бояд  дар байни онҳо шартномаи таъсисотӣ баста шавад.

Хусусияти таъсисдиҳии ҷамъият бо иштироки сармоягузорони хориҷӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» муайян карда мешавад. (қҷт. 29.12.10 №656)

Муассисони ҷамъият мақомоти иҷроияи ҷамъиятро интихоб (таъин) мекунанд, инчунин дар ҳолати ба сармояи оинномавии ҷамъият ворид шудани  саҳми ғайрипулӣ арзиши пулии онҳоро тасдиқ менамоянд.

Қарор дар бораи тасдиқи оинномаи ҷамъият, инчунин қарор дар бораи тасдиқи арзиши пулии саҳми гузоштаи муассисони ҷамъият аз ҷониби муассисон якдилона қабул карда мешавад.

  1. Муассисони ҷамъият оиди ўҳдадориҳое, ки бо таъсиси ҷамъият алоқаманданд ва то бақайдгирии давлатии он пайдо шудаанд, масъулияти муштарак доранд. Ҷамъият оиди ўҳдадориҳои муассисони ҷамъият, ки бо таъсиси он алоқаманданд, танҳо дар сурати маъқулдонии минбаъдаи амали онҳо аз ҷониби маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият масъул аст.

 

Моддаи 14.   Ҳуҷҷатҳои таъсисотии ҷамъият

Муассисони ҷамъият дар шартномаи таъсисотӣ ўҳдадор мешаванд, ки ҷамъият таъсис диҳанд ва тартиби фаъолияти якҷояро оиди таъсиси он муайян намоянд. Дар шартномаи таъсисотӣ инчунин ҳайати муассисони (иштирокчиёни) ҷамъият, ҳаҷми сармояи оинномавии ҷамъият ва ҳаҷми ҳиссаи ҳар  кадом муассиси (иштирокчии) ҷамъият, ҳаҷм ва таркиби саҳм, ҳангоми таъсиснамоӣ, тартиб ва мўҳлати ба сармояи оинномавии ҷамъият гузоштани он,  масъулияти муассисони (иштирокчиёни) ҷамъият барои вайрон кардани ўҳдадории саҳмгузорӣ шарту тартиби тақсими фоида дар байни муассисони (иштирокчиёни) ҷамъият,  ҳайати мақомоти ҷамъият ва тартиби аз ҷамъият баромадани иштирокчиёни ҷамъият муайян карда мешавад.

  1. Оинномаи ҷамъият бояд инҳоро дошта бошад:

-номи пурра ва мухтасари фирмавии ҷамъият;

-маълумот дар бораи ҷои воқеъшавии ҷамъият;

-маълумот дар бораи  ҳайат ва салоҳияти мақомоти ҷамъият, аз ҷумла дар бораи масъалаҳое, ки салоҳияти истисноии маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъиятро ташкил медиҳад, дар бораи тартиби қабули қарорҳои мақомоти ҷамъият, аз ҷумла дар бораи масъалаҳое, ки оиди онҳо қарорҳо якдилона ё бо аксарияти муайяни овозҳо қабул карда мешаванд;

-маълумот дар бораи ҳаҷми сармояи оинномавии ҷамъият;

-маълумот дар бораи ҳаҷм ва арзиши номиналии ҳиссаи ҳар кадом иштирокчии  ҷамъият;

-ҳуқуқ ва  ўҳдадориҳои  иштирокчиёни ҷамъият;

-маълумот дар бораи тартиб ва оқибатҳои аз ҷамъият баромадани иштирокчии ҷамъият;

-маълумот дар бораи тартиби ба шахси дигар гузаштани  ҳиссаи ( қисми  ҳиссаи) сармояи оинномавии ҷамъият;

-маълумот дар бораи тартиби нигоҳдории  ҳуҷҷатҳои ҷамъият ва тартиби ба иштирокчиёни  ҷамъият ва шахсони дигар ахборот додани ҷамъият;

-маълумот дар бораи филиалҳо ва намояндагиҳои ҷамъият.

Оинномаи ҷамъият метавонад инчунин дигар қоидаҳое, ки ҳилофи ҳамин Қонун ва дигар қонунҳо намебошанд, дошта бошад.

  1. Бо талаби иштирокчии ҷамъият, аудитор ё ҳар шахси манфиатдор, ҷамъият  ўҳдадор аст дар мўҳлати оқилона ба  онҳо имконият диҳад, ки бо ҳуҷҷатҳои таъсисотии ҷамъият, аз ҷумла бо тағйиротҳо шинос шаванд.
  2. Тағйирот ба ҳуҷҷатҳои таъсисотии ҷамъият бо қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият ворид карда мешавад.

Тағйироти ба ҳуҷҷатҳои таъсисии ҷамъият воридгардида, ки маълумот оид ба онҳо дар Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ мавҷуданд, пас аз ворид намудани тағйирот ба ҳамин Феҳрист барои шахсони сеюм эътибор пайдо мекунанд. (қҷт. 29.12.10 №656)

  1. Дар ҳолати бо ҳам мутобиқат накардани нишондодҳои шартномаи таъсисотӣ ва нишондодҳои оинномаи ҷамъият барои шахсони сеюм ва иштирокчиёни ҷамъият нишондодҳои оинномаи ҷамъият қувваи афзалиятнок доранд.

Моддаи 15. Бақайдгирии давлатии ҷамъият

  1. Ҷамъият мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ба қайди давлатӣ гирифта мешавад. (қҷт. 29.12.10 №656)

2.Ҷамъият аз мавриди бақайдгирии давлатии он чун шахси ҳуқуқи таъсисёфта эътироф карда мешавад.

3.Ҷамъият бидуни маҳдудкунии мўҳлат таъсис дода мешавад, агар оинномаи он қоидаи  дигареро пешбинӣ накарда бошад.

 

Боби 3.  Сармояи оинномавии ҷамъият (қҷт. 29.12.10 №656)

 

Моддаи 16.   Сармояи оинномавии ҷамъият.  Ҳисса дар сармояи оинномавии ҷамъият

1.Сармояи оинномавии ҷамъият аз арзиши номиналии ҳиссаи иштирокчиёни он  ташкил карда  мешавад.

Ҳаҷми сармояи оинномавии ҷамъият бояд накамтар аз ҳаҷми чорсадкаратаи музди ҳадди ақали меҳнате бошад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи барои бақайдгириии давлатии ҷамъият пешниҳод шудани ҳуҷҷатҳо муққаррар шудааст.

Ҳаҷми сармояи оинномавии ҷамъият бояд на камтар аз панҷсад сомониро ташкил диҳад.». (қҷт 06.10.08 429)

Сармояи оинномавии ҷамъият ҳаҷми камтарини амволи онро, ки манфиатҳои кредиторони  онро  кафолат медиҳад, муайян менамояд.

2.Ҳаҷми хиссаи иштирокчии ҷамъият дар сармояи оинномавии ҷамъият аз ҳаҷми ҳиссаи гузошташудаи сармояи оинномавӣ муайян карда мешавад. Ҳаҷми ҳиссаи иштирокчиёии ҷамъият бояд ба таносуби арзиши номиналии ҳиссаи ў ва сармояи оинномавии ҷамъият мутобиқ бошад.

Арзиши  ҳақиқии ҳиссаи иштирокчиёни ҷамъият ба қисми арзиши активҳои софи ҷамъият, ки бо  ҳаҷми ҳиссаи ў мутаносиб аст, мутобиқат мекунад.

3.Оинномаи ҷамъият ҳаҷми  ниҳоии ҳиссаи иштирокчии ҷамъиятро маҳдуд карда метавонад. Дар оинномаи ҷамъият мумкин аст имконияти тағйир додани таносуби ҳиссаҳои иштирокчиёни ҷамъият маҳдуд карда шавад.

Чунин маҳдудиятҳо на бояд нисбати иштирокчиёни алоҳидаи ҷамъият муқаррар карда шавад. Нишондодҳои мазкур мумкин аст дар оинномаи ҷамъият ҳангоми тасдиқи он пешбинӣ карда шуда, инчунин бо қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки аз ҷониби ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият якдилона қабул карда мешавад, ба оинномаи ҷамъият ворид карда, тағйир дода ва аз оинномаи ҷамъият хориҷ карда шаванд.

 

Моддаи 17. Саҳм ба сармояи оинномавии ҷамъият

  1. Пулҳо, коғазҳои қиматнок, дигар амвол ё ҳуқуқи амволи ё ин ки дигар ҳуқуқҳое, ки арзиши пулӣ доранд, ба сифати сармояи оинномавии ҷамъият  баромад карда метавонанд.
  2. Арзиши пулии саҳми ғайрипулии сармояи оинномавии ҷамъият, ки иштирокчиёни ҷамъият ва шахсони сеюми ба ҷамъият қабулшаванда  мегузоранд бо қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият якдилона қабул кардаанд, тасдиқ карда мешавад.

Агар арзиши номиналии (афзоиши арзиши номиналии) ҳиссаи иштирокчиёни ҷамъият дар сармояи оинномавии ҷамъият бо саҳми ғайрипулӣ пардохта шавад, чунин саҳм бояд аз ҷониби эксперти мустақил муайян карда шавад. Арзиши номиналии (афзоиши арзиши номиналии) ҳиссаи иштирокчии ҷамъият, ки бо саҳми ғайрипулӣ пардохта  мешавад, на бояд аз баҳои маблағи саҳми пешбинишуда, ки эксперти мустақил муайян кардааст зиёд бошад.

Дар ҳолати ба сармояи оинномавии ҷамъият гузоштани саҳми ғайрипулӣ иштирокчиёни ҷамъият ва эксперти мустақил дар давоми се соли баъди  бақайдгирии давлатии ҷамъият ё ворид кардани тағйироти дахлдор бо оинномаи ҷамъият дар сурати нокифоягии амволи ҷамъият оиди ўҳдадориҳои он дар ҳаҷми афзоиши арзиши саҳми ғайрипулӣ муштаракан масъулияти иловагӣ (субсидиарӣ) мебаранд.

Дар оинномаи ҷамъият мумкин аст  намудҳои амволе муқаррар карда шавад, ки саҳми сармояи оинномавии ҷамъият шуда наметавонад.

  1. Дар сурати қатъ шудани ҳуқуқи ҷамъият ба истифодаи амвол то ба охир расидани мўҳлате, ки ин амвол барои истифода ба ҷамъият ба сифати саҳми сармояи оинномавӣ дода шуда буд, иштирокчии ҷамъият, ки амволро додааст, ўҳдадор аст бо талаби он бо ҷамъият ҷуброни пулӣ пешниҳод намояд, ки он ба пардохти истифодаи чунин амвол дар ҳолатҳои мазкур дар давоми мўҳлати боқимонда баробар аст. Ҷуброни пулӣ бояд якбора аз лаҳзаи талаб кардани ҷамъият пешниҳод карда шавад, агар қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият тартиби дигари пешниҳоди  ҷубронро муқаррар  накарда бошад. Чунин қарорро маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият бидуни ба ҳисоб гирифтани овози иштирокчии ҷамъият, ки ба сифати саҳми  сармояи оинномавӣ ба  ҷамъият ҳуқуқи истифодаи амволро додааст ва он пеш аз  мўҳлат қатъ ёфтааст, қабул карда мешавад.
  2. Амволе, ки иштирокчии аз ҷамъият хориҷшуда ё баромада ба сифати саҳми сармояи оинномавӣ ба истифодаи ҷамъият додааст дар давоми мўҳлати додашуда дар истифодаи ҷамъият боқӣ мемонад, агар дар шартномаи таъсисотӣ қоидаи дигар пешбинӣ нашуда бошад.

 

Моддаи 18. Тартиби гузоштани саҳм ба сармояи оинномавии ҷамъият ҳангоми таъсиси он

  1. Ҳар қадом муассиси ҷамъият бояд ба сармояи оинномавии ҷамъият дар давоми мўҳлате, ки бо шартномаи таъсисотӣ муайян карда шудааст, ва кадоме ки аз вақти бақайдгирии давлатии ҷамъият аз як сол зиёд буда наметавонад, саҳми худро бояд пурра гузорад. Дар ин ҳол арзиши саҳми ҳар кадом муассиси ҷамъият бояд на камтар аз арзиши номиналии ҳиссаи  ў бошад.

Аз   ўҳдадории саҳмгузорӣ  ба сармояи оинномавии ҷамъият озод кардани муассиси ҷамъият, аз ҷумла бо роҳи ба ҳисоб гирифтани талаботи ў ба ҷамъият роҳ дода намешавад.

  1. Сармояи оинномавии ҷамъият бояд дар муддати як сол аз рўзи бақайдгирии давлатии он пурра аз ҷониби муассисони он пардохта шавад. (қҷт. 29.12.10 №656)

 

Моддаи 19. Афзоиши сармояи оинномавии ҷамъият

  1. Ба афзоиши сармояи оинномавии ҷамъият танҳо баъди пардохти пурраи он роҳ дода мешавад.
  2. Афзоиши сармояи оинномавии ҷамъият аз ҳисобҳои зерин сурат гирифта метавонад:

а). аз ҳисоби амволи ҷамъият;

б). аз ҳисоби саҳми  иловагии иштирокчиёни ҷамъият;

в). аз ҳисоби саҳмҳои шахсони сеюме, ки ба ҷамъият қабул мешаванд.

 

Моддаи  20. Афзоиши сармояи оинномавии  ҷамъият аз ҳисоби амволи он

  1. Афзоиши сармояи оинномавии ҷамъият аз ҳисоби амволи он бо қарори маҷлиси умумии он, ки бо овоздиҳии на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи овозҳои умумии иштирокчиёни ҷамъият қабул карда мешавад, агар зарурияти шумораи зиёди овозҳо барои қабули чунин қарор дар оинномаи ҷамъият пешбинӣ нашуда бошад.
  2. Дар сурати афзудани сармояи оинномавии ҷамъият аз ҳисоби амволи он, маблағе ки ба андозаи он сармояи оинномавии ҷамъият меафзояд, на бояд аз фарқи байни арзиши активҳои софи ҷамъият ва маблағи сармояи оинномавӣ ва фонди захиравии ҷамъият зиёд бошад.
  3. Дар сурати афзудани сармояи оинномавии ҷамъият мутобиқи ҳамин модда арзиши номиналии ҳиссаи иштирокчиёни ҷамъият бидуни тағйири ҳаҷми ҳиссаи онҳо мутаносибан меафзояд.

 

Моддаи 21. Афзоиши сармояи оинномавии ҷамъият аз ҳисоби саҳми иловагии иштирокчиёни он ва саҳми шахсони  сеюме,  ки ба ҷамъият  қабул  мешаванд

  1. Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият бо овоздиҳии на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии иштирокчиёни ҷамъият, агар зарурияти шумораи зиёди овозҳо барои қабули чунин қарор дар оинномаи ҷамъият пешбини нашуда бошад, метавонад дар бораи афзоиши сармояи оинномавии ҷамъият аз ҳисоби саҳми иловагии гузоштаи иштирокчиёни ҷамъият қарор барорад. Ҳангоми афзоиши сармояи оинномавии ҷамъият аз ҳисоби саҳми иловагии гузоштаи иштирокчиёни ҷамъият бояд арзиши умумии саҳми иловагӣ муайян карда шуда, инчунин таносуби барои ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият ягонаи байни арзиши саҳми иловагии иштирокчии ҷамъяит ва маблағе, ки ба андозаи он арзиши номиналии ҳиссаи ў меафзояд, муқаррар карда шавад. Ин таносуб дар асоси он, ки арзиши номиналии ҳиссаи иштирокчии ҷамъият ба маблағи баробар ё камтари арзиши саҳми иловагии ў афзуданаш мумкин аст, муқаррар карда мешавад.

Ҳар  иштирокчии ҷамъият ҳақ дорад саҳми иловагӣ гузорад, ва он мутаносибан аз қисми арзиши умумии саҳми иловагӣ,  ҳаҷми ҳиссаи он иштирокчӣ дар сармояи оинноимавии ҷамъият мутаносиб аст, зиёд набошад. Саҳми иловагӣ мумкин аст аз тарафи иштирокчиёни ҷамъият дар давоми ду моҳ аз мавриди баровардани қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият гузошта шавад, агар оинномаи ҷамъият ё қарори маҷлиси ўмумии иштирокчиёни ҷамъият мўҳлати дигарро муқаррар нанамояд.

На дертар аз як моҳ аз рўзи ба охир расидани гузориши саҳми иловагӣ маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият бояд дар бораи тасдиқи ҷамъбастии саҳми иловагии гузоштаи иштирокчиёни ҷамъият қарор қабул намояд. Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, инчунин оиди тағйироте, ки ба ҳуҷҷатҳои таъсиснамоии  ҷамъият вобаста ба афзоиши андозаи сармояи оинномавии ҷамъият ба миён меояд  ва афзоиши арзиши номиналии ҳиссаи иштирокчиёни ҷамъият, ки саҳми иловагӣ гузоштанд ва дар ҳолатҳои зарурат оиди тағйирёбии андозаи ҳиссаи иштирокчиёни ҷамъият бояд қарор қабул намояд. Ҳамзамон,  арзиши номиналии ҳиссаи  ҳар як иштирокчии ҷамъият, ки саҳми иловагӣ гузоштааст, дар асоси нишондоди таносуби сарсатри якуми банди  мазкур афзоиш меёбад.

Муассисон ё мақомоти ваколатдори ҷамъият баъд аз қабули қарор аз ҷониби маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият дар бораи тасдиқи натиҷаҳои аз тарафи иштирокчиёни ҷамъият ба сармояи оинномавии ҷамъият пардохт намудани саҳмҳои иловагӣ оид ба афзоиши сармояи оинномавии ҷамъият бо тартиби муқарраршуда ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии  давлатӣ  барои  ворид  намудани маълумот ба Феҳристи  ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ариза пешниҳод менамоянд. (қҷт. 29.12.10 №656)

Дар ҳолати риоя накардани мўҳлатҳои дар сарсатри сеюми қисми мазкур пешбини карда шуда афзоиши сармояи оинномаи ҷамъият барпо шуда эътироф  карда намешавад. (қҷт. 29.12.10 №656)

  1. Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият метавонад дар бораи зиёд кардани сармояи оинномавии он дар асоси аризаи иштирокчии ҷамъият (аризаи иштирокчиёни ҷамъият) дар бораи гузоштани саҳми иловагӣ ва (ё), агар онро оинномаи ҷамъият манъ накунад, аризаи шахси сеюм (аризаи шахсони сеюм) дар бораи ба ҷамъият қабул намудани ў ва гузоштани саҳм қарор қабул кунад. Тартиби қабули қарорро оинномаи ҷамъият муайян менамояд.

Дар аризаи иштирокчии ҷамъият ва аризаи шахси сеюм бояд ҳаҷм ва таркиби саҳм, тартиб ва мўҳлати гузоштани он, инчунин ҳаҷми ҳиссае, ки онро иштирокчии ҷамъият дошта бошад, нишон дода шаванд. Дар ариза мумкин аст шартҳои дигари гузоштани саҳм ва дохилшавӣ ба ҷамъият низ нишон дода шавад.

Баробари қарор дар бораи зиёд кардани сармояи оинномавии ҷамъият дар асоси аризаи иштирокчии ҷамъият (аризаи иштирокчиёни ҷамъият) дар бораи гузоштани саҳми иловагӣ, бояд  дар як вақт қарор дар бораи ба ҳуҷҷатҳои тасисотии ҷамъият ворид кардани тағйирот вобаста ба афзоиши ҳаҷми сармояи оинномавии ҷамъият ва афзоиши арзиши номиналии ҳиссаи иштирокчии ҷамъият (иштирокчиёни ҷамъият), ки дар бораи гузоштани саҳми иловагӣ ариза додааст, дар  ҳолати зарурӣ инчунин тағйироти вобаста ба тағйир ёфтани ҳаҷми ҳиссаи иштирокчиёни ҷамъият қабул карда шавад. Дар айни ҳол арзиши номиналии ҳиссаи ҳар кадом иштирокчии ҷамъият, ки дар бораи гузоштани саҳми иловагӣ ариза додааст, ба маблағи баробар ё ками арзиши саҳми иловагии ў зиёд мешавад.

Дар як вақт бо қарор дар бораи афзоиши сармояи оинномавии ҷамъият дар асоси аризаи шахси сеюм (аризаи шахсони сеюм) дар бораи қабули ў (онҳо) ба ҷамъият ва гузоштани саҳм  бояд  қарор дар бораи ба ҳуҷҷатҳои таъсисотии ҷамъият ворид намудани тағйиротҳои вобаста ба қабул накардани  шахси сеюм (шахсони сеюм) ба ҷамъият, муайян намудани арзиши номиналӣ ва ҳаҷми ҳиссаи ў (онҳо), афзоиши  ҳаҷми сармояи оинномавии ҷамъият ва тағйири ҳаҷми ҳиссаҳои иштирокчиёни ҷамъият қабул карда шавад. Арзиши номиналии ҳиссаҳое, ки  ҳар кадом шахси сеюми ба ҷамъият қабулшаванда ба даст медарорад, бояд баробар ё камтар аз арзиши   саҳми ў бошад.

Муассисон ё мақомоти ваколатдори ҷамъият баъд аз қабул намудани қарор дар бораи  афзоиши сармояи оинномавӣ  аз ҷониби маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият бо тартиби муқарраршуда ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои ворид намудани маълумот ба Феҳристи  ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ариза пешниҳод менамоянд. (қҷт. 29.12.10 №656)

3.Агар сармояи оинномавии ҷамъият наафзуда бошад, ҷамъият ўҳдадор аст дар мўҳлати  оқилона ба иштирокчиёни ҷамъият ва шахсони сеюм, ки пулро ба сифати саҳм  гузоштаанд, саҳмҳои онҳоро баргардонад. Дар сурати дар мўҳлати муайян барнагардондани саҳм бо тартиб ва дар мўҳлати пешбиникардаи моддаи  426 Кодекси гражданӣ,  инчунин  фоизро пардохт намояд.

Ҷамъият ўҳдадор аст ба иштирокчиёни ҷамъият ва шахсони сеюм, ки саҳми ғайрипулӣ гузоштаанд, дар мўҳлати муайян саҳми онҳоро баргардонад. Ҳангоми дар мўҳлати муайян барнагардонидани саҳмҳо ҷамъият инчунин фоидаи аз даст рафтаро, ки сабабаш истифода бурда натавонистани амволи ба сифати саҳм гузошташуда мебошад, бояд  ҷуброн намояд.

 

Моддаи 22.  Камшавии сармояи оинномавии ҷамъият

  1. Ҷамъият ҳақ дорад ва дар ҳолатҳои пешбиникардаи ҳамин Қонун ўҳдадор аст сармояи оинномавии худро кам кунад.

Камшавии сармояи оинномавии ҷамъият мумкин аст бо роҳи камшавии арзиши номиналии ҳиссаи ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият дар сармояи оинномавии ҷамъият ва пардохти ҳиссаҳои ба ҷамъият таалуқдошта сурат гирад.

Ҷамъият ҳақ надорад сармояи оинномавии худро аз ҳаҷми ақалли камтарини сармояи оинномавӣ, ки он мутобиқи Қонуни мазкур муайян шудааст, кам намояд. (қҷт. 29.12.10 №656)

Камшавии сармояи оинномавии ҷамъият бо роҳи камшавии арзиши номиналии ҳиссаи ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият бояд бо нигоҳ доштани ҳаҷми ҳиссаи ҳамин иштирокчиёни ҷамъият сурат гирад.

  1. Дар сурати пурра пардохт накардани сармояи оинномавии ҷамъият дар муддати як сол аз рўзи бақайдгирии давлатии он, ҷамъият бояд дар хусуси кам кардани сармояи оинномавии худ то андозаи воқеан пардохтшудаи он эълон кунад ва дар ин хусус бо тартиби муқарраршуда ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ариза пешниҳод намояд ё дар бораи барҳамдиҳии ҷамъият қарор қабул намояд. (қҷт. 29.12.10 №656)
  2. Агар баъди ба охир расидани соли дуюм ва ҳар соли минбаъдаи молиявӣ арзиши дороиҳои софи ҷамъият аз сармояи оинномавии он камтар гардад, ҷамъият вазифадор аст дар хусуси кам кардани сармояи оинномавии худ то андозае, ки аз арзиши дороиҳои софи он зиёд намебошад, эълон кунад ва дар ин хусус бо тартиби муқарраршуда ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ариза пешниҳод намояд ё дар бораи барҳамдиҳии ҷамъият қарор қабул намояд. (қҷт. 29.12.10 №656)

Агар баъди итмоми соли дуюми ва ҳар соли минбаъдаи молиявӣ арзиши активҳои софи ҷамъият аз  ҳаҷми камтарини сармояи оинномавӣ, ки ин Қонун муқаррар кардааст, кам бошад, ҷамъият барҳам дода мешавад. (қҷт. 29.12.10 №656)

Арзиши активҳои софи ҷамъият бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Қонун ва санадҳои меъёрие, ки тибқи он нашр мегардад муайян карда мешавад.

  1. Дар давоми сӣ рўз аз лаҳзаи қабули қарор ҷамъият бояд дар бораи камшавии сармояи оинномавии худ эълон кунад ва оиди камшавӣ ва ҳаҷми нави он ҳамаи кредиторони маълуми ҷамъиятро хаттӣ огоҳ намуда, инчунин дар нашрияе,  ки дар бораи  қайди давлатии шахсони ҳуқуқӣ маълумот чоп мешавад, доир ба қарори қабулшуда хабар  чоп кунад. Дар айни ҳол кредиторони ҷамъият ҳақ доранд дар давоми сӣ рўз  пас аз мавриди  фиристодани огоҳнома ё дар давоми сӣ рўзи чопи хабар дар бораи қарори қабулшуда бо тартиби хаттӣ оиди пеш аз мўҳлат қатъ намудан ё иҷрои ўҳдадориҳои дахлдори ҷамъият ва ҷуброни зарари ба онҳо расонида талаб  пешниҳод  намоянд.

Банди дуюми қисми 4 хориҷ када шуд. (қҷт. 29.12.10 №656)

  1. Агар дар ҳолатҳои пешбиникардаи ҳамин модда ҷамъият дар мўҳлати муайян дар бораи камшавии сармояи оинномавӣ ё барҳамхурии худ қарор қабул накунад, кредиторон ҳақ доранд аз ҷамъият пеш аз мўҳлат қатъёбӣ ё иҷрои ўҳдадориҳои ҷамъият ва ҷуброни зарари ба онҳо расондаро талаб намоянд.
  2. Муассисон ё мақомоти ваколатдори ҷамъият оид ба камшавии сармояи оинномавии ҷамъият баъд аз қабул намудани қарор дар бораи чунин камшавӣ аз ҷониби маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият бо тартиби муқарраршуда ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ариза пешниҳод менамоянд ё дар бораи барҳамдиҳии ҷамъият қарор қабул мекунанд. (қҷт. 29.12.10 №656)

Моддаи 23.  Ба иштирокчии дигар ва шахси сеюм гузаштани ҳиссаи (қисми ҳиссаи) сармояи оинномавии ҷамъият

  1. Иштирокчии ҷамъият ҳақ дорад ҳиссаи худро ё қисми онро аз сармояи оинномавии ҷамъият ба як иштирокчӣ ё якчанд иштирокчии ҳамин ҷамъият, ё ба шахсони сеюм бо тартиби муқарраркардаи оинномаи ҷамъият фурўшад ё ба тариқи дигар диҳад.
  2. Ҳиссаи иштирокчии ҷамъият мумкин аст то пардохти пурраи он танҳо дар ҳамон қисме, ки аллакай он пардохта шудааст, бегона карда шавад.
  3. Иштирокчиёни ҷамъият ҳуқуқи афзалиятноки хариди ҳиссаи (қисми ҳиссаи) иштирокчиёни ҷамъиятро бо нархи ба шахси сеюм пешниҳодшуда мутаносибан ба ҳаҷми ҳиссаҳои худ истифода мебаранд, агар дар оинномаи ҷамъият ё созишномаи иштирокчиёни ҷамъият тартиби дигари амалӣ гаштани ин ҳуқуқ пешбинӣ нашуда бошад. Дар оинномаи ҷамъият мумкин аст ҳуқуқи афзалиятноки ҷамъият барои бадастдарории ҳиссае (қисми ҳиссае), ки иштирокчиёни он мефурўшанд, пешбинӣ карда шавад, агар иштирокчиёни дигари ҷамъият ҳуқуқи афзалиятноки хариди ҳисса (қисми ҳисса)-ро истифода накарда бошанд.

Иштирокчии ҷамъият, ки ҳиссаи (қисми  ҳиссаи) худро ба шахси сеюм фурўхтан мехоҳад, ўҳдадор аст, дар ин бора дигар иштирокчиёни ҷамъият ва худи ҷамъиятро  хаттӣ хабардор карда, нарх ва дигар шартҳои фурўши онро нишон диҳад. Дар  ҳолатҳое, ки иштирокчиёни  ҷамъият ё ҷамъият аз ҳуқуқи афзалиятноки хариди ҳамаи ҳиссаи (ҳамаи қисми ҳисса)  барои фурўш пешниҳод гардида дар давоми як моҳи аз рўзи гирифтани чунин огоҳнома истифода намебаранд, агар дар оинномаи ҷамъият ё созишномаи иштирокчиёни ҷамъият мўҳлати дигар пешбинӣ нашуда бошад, ҳисса (қисми ҳисса) мумкин аст ба шахси сеюм бо нарх ва шартҳои ба ҷамъият ва иштирокчиёни он хабардодашуда фурўхта шавад.

Ҳангоми фурўши ҳисса (қисми ҳисса) бо вайрон кардани ҳуқуқи афзалиятноки харид ҳар  кадом иштирокчии ҷамъият ё ҷамъият, агар дар оинномаи ҷамъият ҳуқуқи афзалиятнокӣ ҷамъият барои харидани ҳисса (қисми ҳисса) пешбинӣ шуда бошад, ҳақ дорад дар давоми се моҳе, ки иштирокчии ҷамъият ё ҷамъият аз чунин вайронкунӣ хабардор шудаанд ё ин ки бояд хабардор мешуданд  ба тариқи суд ба онҳо гузарондани ҳуқуқу ўҳдадории харидорро талаб намоянд. Ба гузашт кардани ин ҳуқуқи афзалиятнок роҳ дода намешавад.

  1. Дар оинномаи ҷамъият мумкин аст зарурати гирифтани розигии ҷамъият ё дигар иштирокчиёни ҷамъият барои додани ҳиссаи (қисми ҳиссаи) иштирокчии ҷамъият ба шахсони сеюм на танҳо бо тариқи фурўш, балки ба тариқи дигар пешбинӣ карда шавад.
  2. Гузашти ҳиссаи (қисми ҳиссаи) сармояи оинномавии ҷамъият бояд дар шакли оддии хаттӣ сурат гирад, агар оиди дар шакли нотариалӣ содир намудан он дар оинномаи ҷамъият талаботе пешбинӣ нашуда бошад. Риоя накардани шакли аҳд оиди гузашти  ҳиссаи (қисми ҳиссаи) сармояи оинномавии ҷамъият, ки банди мазкур ё оинномаи ҷамъият муқаррар кардааст, боиси беъэтибории он мегардад.

Ҷамъият бояд дар бораи додани ҳиссаи (қисми ҳиссаи) сармояи оинномаи ҷамъият бо исботи пешниҳоди чунин гузашт хаттӣ огоҳонида шавад. Ба даст дарорандаи ҳиссаи (қисми ҳиссаи) сармояи оинномавии ҷамъият аз вақти огоҳ намудани ҷамъият оиди гузашти мазкур ҳуқуқро амалӣ гардонида ва ўҳдадориро иҷро менамояд.

Ба дастдарорандаи ҳиссаи (қисми ҳиссаи) сармояи оинномавии ҷамъият ҳамаи ҳуқуқу ўҳдадориҳои иштирокчии  ҷамъият, ки то додани ҳисса (қисми ҳисса) пайдо шудааст, ба истиснои ҳуқуқу ўҳдадориҳои пешбиникардаи сарсатри 2 банди 2 моддаи 9 ва сарсатри 2 банди 2 моддаи 10 ҳамин Қонун мегузарад. Иштирокчии ҷамъият, ки ҳиссаи (қисми ҳиссаи) худро аз сармояи оинномавии ҷамъият додааст, дар назди ҷамъият оиди додани саҳм ба амволи то гузашт кардани ҳиссаи (қисми ҳиссаи) мазкур пайдошуда бо бадастдароварандаи  он муштаракан ўҳдадор мебошад.

  1. Ҳиссаҳои сармояи оинномавии ҷамъият ба ворисони шахсони ҳуқуқие, ки иштирокчиёни ҷамъият мебошанд, мегузаранд.

Дар сурати барҳам хўрдани  шахси ҳуқуқӣ (иштирокчии ҷамъиият) ҳиссаи ба ў тааллуқдошта, ки баъди ҳисобу китоб бо кредиторон боқӣ мондааст, дар байни иштирокчиёни шахси ҳуқуқии барҳамхурда тақсим карда мешавад, агар дар қонунҳо, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ё ҳуҷҷатҳои таъсисотии шахси ҳуқуқии барҳамхуранда қоидаи дигар пешбинӣ нашуда бошад.

Дар оинномаи ҷамъият мумкин аст пешбинӣ карда шавад, ки ба гузариш ва тақсими ҳиссаҳои муқарраркардаи сарсатрҳои якум ва дуюми  ҳамин банд танҳо бо розигии иштирокчиёни боқимондаи ҷамъият роҳ дода мешавад.

  1. Дар ҳолате, ки агар дар оинномаи ҷамъият зарурати гирифтани розигии иштирокчиёни ҷамъият барои додани ҳиссаи (қисми ҳиссаи) сармояи оинномавии ҷамъият ба иштирокчиёни ҷамъият ё шахсони сеюм, гузариши он ба меросгирон ё ворисони он ё ин ки барои тақсими ҳисса дар байни иштирокчиёни шахси ҳуқуқии барҳамхуранда пешбинӣ шуда бошад, чунин розигӣ гирифташуда ҳисобида мешавад, ба шарте ки дар давоми сӣ  рўзи пас аз муроҷиат ба иштирокчиёни ҷамъият ё дар давоми мўҳлати дигари муайян кардаи оинномаи ҷамъият розигии хаттии ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият гирифта шуда ё радди хаттии розигии ягон нафари иштирокчиёни ҷамъият гирифта нашуда бошад.

Дар  ҳолате, ки дар оинномаи ҷамъият зарурати гирифтани розигии ҷамъият барои додани ҳиссаи (қисми ҳиссаи) сармояи оинномавии ҷамъият ба иштирокчиёни ҷамъият ё шахсони сеюм пешбинӣ шуда бошад, чунин розигӣ гирифташуда ҳисобида мешавад, ба шарте ки дар давоми сӣ рўзи пас аз муроҷиат ба ҷамъият ё дар давоми дигар мўҳлати муайянкардаи оинномаи ҷамъият розигии хаттии ҷамъият гирифта шуда ё радди хатии розигии ҷамъият гирифта нашуда бошад.

  1. Дар сурати фурўхтани ҳиссаи (қисми ҳиссаи) сармояи оинномавии ҷамъият дар савдои оммавӣ дар ҳолатҳои пешбиникардаи ҳамин Қонун ё дигар қонунҳо бадастдарорандаи ин ҳисса (қисми ҳисса) новобаста ба розигии ҷамъият ё иштирокчиёни он иштирокчии ҷамъият  ҳисобида мешавад.

 

Моддаи 24.  Гузариши ҳисса  дар сармояи оинномавии ҷамъият аз рўи мерос

Ҳиссаи иштирокчиёни ҷамъият ба меросгирони он мегузарад. Гузариши ҳисса ба меросгирон ва тақсими он дар байни якчанд меросгирон мувофиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 25.  Гарави ҳиссаҳо дар сармояи  оинномавии ҷамъият

Иштирокчии ҷамъият ҳақ дорад ҳиссаи (қисми ҳиссаи)  ба ў тааллуқдоштаи сармояи оинномавии ҷамъиятро ба иштирокчии дигари ҷамъият ё агар оинномаи ҷамъият манъ накунад, ба шахси сеюм бо розигии ҷамъият ва қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки бо аксарияти овозҳои ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият қабул шудааст, ба гарав диҳад, агар зарурати шумораи зиёди овозҳо барои қабули чунин қарор дар оинномаи ҷамъият пешбинӣ нашуда бошад. Овози иштирокчии ҷамъият, ки ҳиссаи (қисми ҳиссаи) худро гарав мондан мехоҳад, ҳангоми муайян намудани натиҷаи овоздиҳӣ ба ҳисоб гирифта намешавад.

 

Моддаи 26. Ҳиссаи ( қисми ҳиссаи) сармояи оинномавии ҷамъиятро ба даст даровардани   ҷамъият

  1. Ҷамъият ҳақ надорад ҳиссаи (қисми ҳиссаи) сармояи оинномавии худро ба даст дарорад ба истиснои ҳолатҳое, ки ҳамин Қонун пешбинӣ кардааст.
  2. Дар ҳолате, ки оинномаи ҷамъият гузашт кардани ҳиссаи (қисми ҳиссаи) иштирокчии ҷамъиятро ба шахсони сеюм манъ менамояд ва иштирокчиёни дигари ҷамъият аз ба даст даровардани он даст мекашанд, инчунин дар ҳолати  рад кардани розигӣ барои гузашт кардани ҳисса (қисми ҳисса) ба иштирокчии ҷамъият ё шахси сеюм, агар зарурати гирифтани чунин розигӣ дар оинномаи ҷамъият пешбинӣ шуда бошад, ҷамъият ўҳдадор аст бо талаби иштирокчии ҷамъият ҳиссаи (қисми ҳиссаи) ўро ба даст дарорад. Дар айни ҳол ҷамъият ўҳдадор аст ба иштирокчии ҷамъият арзиши ҳақиқии ин ҳисса (қисми ҳисса)-ро, ки он дар асоси маълумоти ҳисоботи муҳосибавии ҷамъият дар давраи охирини ҳисоботии пеш аз рўзи муроҷиати иштирокчии ҷамъият бо чунин талаб муайян карда мешавад, диҳад  ё бо розигии иштирокчии ҷамъият ба ў амволи чунин арзиш доштаро дар шакли асл (натура) диҳад.
  3. Иштирокчии ҷамъият, ки ҳангоми таъсиси ҷамъият саҳми худро ба сармояи оинномавии ҷамъият дар мўҳлаташ пурра насупоридааст, инчунин ҷуброни пулӣ ё дигар ҷуброни пешбиникардаи банди се моддаи 17 ҳамин қонунро дар мўҳлаташ пешниҳод накардааст,  хиссааш ба ҷамъият мегузарад. Дар ин маврид ҷамъият ўҳдадор аст ба иштирокчии ҷамъият арзиши ҳақиқии қисми ҳиссаи ўро, ки ба қисми саҳми  гузоштаи вай мутаносиб аст пардохт намояд ё бо розигии иштирокчии ҷамъият ба ў амволи дорои ҳамин арзишро дар шакли асл  диҳад. Арзиши ҳақиқии қисми ҳисса дар асоси маълумоти ҳисоботи муҳосибавии  ҷамъият дар давраи охирини ҳисоботи пеш аз рўзи ба охир расидани мўҳлати саҳмгузорӣ ё додани ҷуброн муайян карда мешавад.

Дар оинномаи ҷамъият мумкин аст пешбинӣ карда шавад, ки як қисми ҳиссае, ки ба қисми  саҳм пардохтнашуда ё маблағи (арзиши) ҷуброн мутаносиб аст, ба ҷамъият мегузарад.

  1. Ҳиссаи иштирокчии ҷамъият, ки аз ҷамъият хориҷ шудааст, ба ҷамъият мегузарад. Дар ин маврид ҷамъият ўҳдадор аст ба иштирокчии хориҷгаштаи ҷамъият арзиши ҳақиқии ҳиссаи ўро пардохт намояд, ки он аз рўи маълумоти ҳисоботи муҳосибавии ҷамъият дар давраи охирини ҳисоботи пеш аз санаи эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суд дар бораи хориҷ намудани ў муайян карда шуда ё бо розигии иштирокчии  хориҷшудаи ҷамъият ба ў амволи дорои чунин арзиш  дар шакли асл  дода мешавад.
  2. Дар сурати розӣ нашудани иштирокчиёни ҷамъият барои гузарондан ё тақсим кардани ҳиссаҳо дар мавридҳои пешбиникардаи банди шашуми моддаи 23 ҳамин Қонун, агар чунин розигӣ мутобиқи оинномаи ҷамъият зарур бошад, ҳисса ба ҷамъият мегузарад. Дар ин маврид ҷамъият ўҳдадор аст ба ворисони шахси ҳуқуқии аз нав таъсисёфта (иштирокчии ҷамъият) ё иштирокчиёни щахси ҳуқуқии барҳамхўрда (иштирокчии ҷамъият) арзиши ҳақиқии ҳиссаро пардохт намояд, ки он дар асоси маълумоти ҳисоботи муҳосибавии ҷамъият дар давраи охирини ҳисоботии пеш аз нав таъсисёби ё барҳамхурӣ муайян карда шуда ё бо розигии онҳо амволи дорои чунин арзишро дар шакли аслдиҳад.
  3. Дар сурати мутобиқи моддаи 28 ҳамин Қонун арзиши ҳақиқии ҳиссаи (қисми ҳиссаи) иштирокчии ҷамъиятро бо талаби кредиторони он пардохтани ҷамъият қисми ҳисса, ки арзиши ҳақиқии онро дигар иштирокчиёни ҷамъият напардохтаанд, ба ҷамъият мегузарад ва қисми боқимондаи ҳисса дар байни иштирокчиёни ҷамъият мутаносибан бар маблағгузории онҳо тақсим карда мешавад.
  4. Ҳисса (қисми ҳисса) аз вақти талабро пешниҳод намудани иштирокчии ҷамъият дар бораи онро бадастдарории ҷамъият ё ба охир расидани мўҳлати гузаштани саҳм ё ин ки  додани ҷуброн ё қувваи қонунӣ пайдо намудани қарори суд дар бораи  аз ҷамъият хориҷ намудани иштирокчӣ ё розигиро барои гузариши ҳисса ба ворисони шахси ҳуқуқӣ, ки иштирокчиёни ҷамъият мебошанд, рад кардани ҳар кадом иштирокчии ҷамъият ё тақсими он дар байни иштирокчиёни шахси ҳуқуқии барҳамхўрда (иштирокчии ҷамъият) ё арзиши ҳақиқии ҳиссаи (қисми ҳиссаи) иштирокчии ҷамъиятро бо талаби кредиторҳои он пардохтани ҷамъият ба ҷамъият мегузарад.

8.Ҷамъият ўҳдадор аст арзиши ҳақиқии ҳисса (қисми ҳисса)-ро пардохт намояд ё амволи дорои чунин арзишро дар шакли асл дар давоми як соли ба ҷамъият гузаштани ҳисса (қисми ҳисса) диҳад, агар оинномаи ҷамъият мўҳлати кўтоҳтарро пешбинӣ накарда бошад.

Арзиши ҳақиқии ҳисса (қисми ҳисса) аз ҳисоби фарқияти байни арзиши активҳои софи ҷамъият ва ҳаҷми сармояи оинномавии он пардохта мешавад. Дар мавриде, ки агар чунин фарқият нокифоя бошад, ҷамъият ўҳдадор аст сармояи оинномавии худро ба маблағи нарасида кам кунад.

 

Моддаи 27.  Ҳиссаҳое, ки ба ҷамъият тааллуқ доранд

Ҳиссаҳое, ки ба ҷамъият тааллуқ доранд, ҳангоми муайян кардани натиҷаҳои овоздиҳӣ дар маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, инчунин ҳангоми тақсим намудани фоида ва амволи ҷамъият дар сурати барҳам хўрдани он ба  ҳисоб гирифта намешаванд.

Ҳиссае, ки ба ҷамъият тааллуқ дорад, дар давоми як соли ба ҷамъият гузаштани он бояд бо қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият дар байни ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият мутаносибан ба ҳиссаи онҳо дар сармояи оинномавии ҷамъият тақсим карда ё ба ҳама  ё ин ки ба баъзе иштирокчиёни ҷамъият ва  агар онро оинномаи ҷамъият манъ накунад, ба шахсони сеюм фурўхта ва пурра пардохт карда шавад. Қисми тақсимнашуда ё нафурўхтаи ҳисса бояд мутобиқи кам кардани сармояи оинномавии ҷамъият пардохта шавад. Фурўши ҳиссаҳо ба иштирокчиёни ҷамъият, ки дар натиҷаи он ҳаҷми ҳиссаҳои иштирокчиёни он тағйир меёбад, фурўши ҳиссаҳо ба шахсони сеюм, инчунин тағйиротҳое ки  вобаста ба фурўши ҳиссаҳо  ба ҳуҷҷатҳои таъсисотии ҷамъият  ворид мешаванд, бо қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият якдилона қабул карда мешаванд. (қҷт. 29.12.10 №656)

 

Моддаи 28. Рўёнидан аз ҳиссаи (қисми ҳиссаи) иштирокчии ҷамъият дар  сармояи оинномавии  ҷамъият

  1. Бо талаби кредиторҳо рўёндани ҳиссаи (қисми ҳиссаи) иштирокчии ҷамъият аз сармояи оинномавии ҷамъият аз рўи қарзҳои иштирокчии ҷамъият танҳо дар асоси қарори суд дар сурати барои пўшондани қарзҳо кофӣ набудани амволи дигари иштирокчии ҷамъият роҳ дода мешавад.
  2. Дар мавриди рўёнидан аз ҳиссаи (қисми ҳиссаи) иштирокчии ҷамъият дар сармояи оинномавии ҷамъият аз  рўи қарзҳои иштирокчии он ҷамъият  ҳақ дорад ба кредиторҳо арзиши ҳақиқии ҳиссаи (қисми ҳиссаи)  иштирокчии ҷамъиятро пардохт намояд. Арзиши ҳақиқии ҳиссаи (қисми  ҳиссаи) иштирокчии ҷамъият дар сармояи оинномавии ҷамъият дар асоси маълумоти ҳисоботи муҳосибавии ҷамъият дар давраи охирини ҳисоботи пеш аз санаи пешниҳоди талабот ба ҷамъият дар бораи рўёнидани ҳиссаи (қисми ҳиссаи) иштирокчии ҷамъият аз рўи  қарзҳояш муайян карда мешавад.
  3. Дар мавриде, ки дар давоми се моҳи пас аз пешниҳоди талаботи кредиторҳо, ҷамъият ё иштирокчиёни он арзищи ҳақиқии ҳамаи ҳиссаи (ҳамаи қисми ҳиссаи) иштирокчии ҷамъиятро, ки аз он рўёнидан карда мешавад, пардохт накунанд, рўёнидани ҳиссаи (қисми ҳиссаи) иштирокчии ҷамъият бо роҳи фурўши он дар савдои оммавӣ сурат мегирад.

Моддаи 29.  Аз ҷамъият баромадани иштирокчии ҷамъият

  1. Иштирокчии ҷамъият ҳуқуқ дорад ҳар вақт новобаста аз розигии дигар иштирокчиёни он ё ҷамъият аз ҳайати ҷамъият барояд.
  2. Дар сурати аз ҷамъият баромадани иштирокчии ҷамъият ҳиссаи ў аз вақти додани ариза дар бораи баромадан аз ҷамъият ба ҷамъият мегузарад. Дар ин маврид ҷамъият ўҳдадор аст ба иштирокчии ҷамъият, ки дар бораи баромадан аз ҷамъият ариза додааст, арзиши ҳақиқии ҳиссаи ўро пардохт намояд, ки он дар асоси маълумоти ҳисоботи муҳосибавии ҷамъият дар давоми як соле, ки ариза дар бораи баромадан аз ҷамъият дода шудааст, муайян карда мешавад ё бо розигии иштирокчии ҷамъият ба ў амволи чунин арзишдоштаро дар шакли асл ва дар ҳолати пурра пардохт нашудани саҳми ў дар сармояи оинномавии ҷамъият арзиши ҳақиқии як қисми ҳиссаи ўро, ки ба қисми пардохтшудаи саҳми мутаносиб аст, диҳад.
  3. Ҷамъият ўҳдадор аст ба иштирокчии ҷамъият, ки барои баромадан аз ҷамъият ариза додааст, арзиши ҳақиқии ҳиссаи ў ё амволи чунин арзишдоштаро дар шакли асл дар давоми шаш моҳи ба охир расидани соли молиявӣ, ки дар тўли он ариза дар барои баромадан аз ҷамъият дода шудааст, пардохт намояд, агар мўҳлати камтар дар оинномаи ҷамъият пешбинӣ нашуда бошад.

Арзиши ҳақиқии ҳиссаи иштирокчии ҷамъият аз ҳисоби фарқияти байни арзиши активҳои софи ҷамъият ва ҳаҷми сармояи оинномавии ҷамъият пардохта мешавад.. Дар мавриде, ки агар чунин фарқият барои пардохт ба иштирокчии ҷамъият, ки барои баромадан аз ҷамъият ариза додааст, барои арзиши ҳақиқии ҳиссаи ў  кофӣ набошад, ҷамъият ўҳдадор аст сармояи оинномавии худро бо маблағи норасида  кам кунад.

  1. Аз ҷамъият баромадани иштирокчии ҷамъият ўро аз ўҳдадорӣ дар назди ҷамъият оиди гузоштани саҳм ба амволи ҷамъият, ки то додани аризаи баромадан аз ҷамъият пайдо шудааст, озод намекунад.

 

Боби 4. Амволи ҷамъият (қҷт. 29.12.10 №656)

 

Моддаи 30. Ташкил кардани амволи ҷамъият

1.Амволи ҷамъият аз ҳисоби саҳми муассисони (иштирокчиёни)  он, даромадҳои гирифтаи ҷамъият, инчунин дигар сарчашмаҳои манъ накардаи қонунгузорӣ ташкил карда мешавад.

2.Ҷамъият ҳақ дорад бо тартиб ва дар ҳаҷми пешбиникардаи қонунгузорӣ ва ҳуҷҷатҳои таъсисномаи ҷамъият фонди заҳира ва дигар фондҳо барпо намояд.

3.Амволи ҷамъият дар баланси он ба ҳисоб гирифта мешавад.

 

Моддаи 31.  Саҳм ба амволи ҷамъият

  1. Иштирокчиёни ҷамъият ўҳдадоранд, агар дар оинномаи ҷамъият пешбини шуда бошад, бо қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият ба амволи ҷамъият саҳм гузоранд.

Қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият оиди саҳмгузорӣ ба амволи ҷамъият мумкин аст бо овоздиҳии на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи овозҳои умумии иштирокчиёни ҷамъият қабул карда шавад, агар зарурияти шумораи зиёди овозҳо барои қабули чунин қарор дар оинномаи ҷамъият пешбинӣ карда  нашуда бошад.

  1. Иштирокчиёни ҷамъият ўҳдадоранд ба амволи ҷамъият мутаносибан ба ҳиссаҳои онҳо дар сармояи оинномавии ҷамъият саҳм гузоранд, агар дар оиннома тартиби дигари муайян намудани ҳаҷми саҳм ба амволи ҷамъият пешбинӣ нашуда бошад.

Дар оинномаи ҷамъият арзиши зиёдтарини саҳм дар амволи ҷамъият, ки ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият ё иштирокчиёни  муайяни он мегузоранд, инчунин дигар маҳудудиятҳои вобаста ба саҳмгузорӣ ба амволи ҷамъият пешбинӣ шуда метавонанд. Маҳдудиятҳое, ки вобаста ба саҳмгузорӣ ба амволи ҷамъият барои иштирокчии муайяни ҷамъият муқаррар шудааст, дар сурати бегона шудани ҳиссаи (қисми ҳиссаи) ў нисбати харидори ҳисса (қисми ҳисса) амал намекунад.

  1. Саҳм ба амволи ҷамъият бо пул гузошта мешавад, агар дар оинномаи ҷамъият ё қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият қоидаи дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
  2. Саҳм дар амволи ҷамъият ҳаҷм ва арзиши номиналии ҳиссаҳои иштирокчиёни ҷамъиятро дар сармояи оинномавии ҷамъият тағйир намедиҳад.

 

Моддаи 32.   Тақсими фоидаи ҷамъият дар байни иштирокчиёни ҷамъият

  1. Ҷамъият ҳақ дорад фоидаи софи худро дар байни иштирокчиёни ҷамъият тақсим кунад. Қарор дар бораи тақсими қисми фоидаи ҷамъият дар байни иштирокчиёни ҷамъият аз тарафи маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият қабул карда мешавад.
  2. Як қисми фоидаи ҷамъият, ки барои тақсим дар байни иштирокчиёни он таъин шудааст, мутаносибан ба саҳми онҳо дар сармояи оинномавии ҷамъият тақсим карда мешавад.

Дар оинномаи ҷамъият ҳангоми тасдиқи он ё бо роҳи ба оинномаи ҷамъият ворид кардани тағйирот бо қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият якдилона қабул менамоянд, мумкин аст тартиби дигари тақсими  фоида дар байни иштирокчиёни ҷамъият муқаррар карда шавад.

Моддаи 33. Маҳдудияти тақсими фоидаи ҷамъият дар байни иштирокчиёни ҷамъият. Маҳдудияти пардохти фоидаи ҷамъият ба иштирокчиёни ҷамъият

  1. Ҷамъият дар мавридҳои зерин ҳақ надорад дар бораи тақсими фоидаи худ дар байни иштирокчиёни ҷамъият қарор қабул кунад:

то пардохти пурраи ҳамаи сармояи оинномавии ҷамъият;

-то пардохти арзиши ҳақиқии ҳиссаи (қисми ҳиссаи) иштирокчиёни ҷамъият дар ҳолатҳои пешбиникардаи ин Қонун;

-агар дар вақти қабули чунин қарор ҷамъият мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муфлисшавии корхонаҳо» ба аломатҳои муфлисшавӣ ҷавобгў бошад  ё ин аломатҳо дар натиҷаи қабули чунин қарор дар ҷамъият пайдо шавад;

-агар ҳангоми қабули чунин қарор арзиши активҳои софи ҷамъият аз сармояи оинномавӣ ва фонди захира кам бошад ё дар натиҷаи қабули чунин қарор ҳаҷми онҳо кам шавад;

— дар ҳолатҳои дигари пешбиникардаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  1. Ҷамъият дар мавридҳои зерин ҳақ надорад ба иштирокчиёни ҷамъият фоидаро пардохт намояд, ки қарор дар бораи тақсими он дар байни иштирокчиёни ҷамъият қабул шудааст:

-агар ҳангоми пардохт ҷамъият тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муфлисшавии корхонаҳо» ҷавобгўи аломатҳои муфлисӣ бошад ё агар ин аломатҳо дар ҷамъият дар натиҷаи пардохт ба амал ояд;

-агар дар лаҳзаи пардохт арзиши активҳои софи ҷамъият аз сармояи оинномавӣ ва фонди захира кам бошад ё дар натиҷаи пардохт онҳо кам шаванд;

-дар ҳолатҳои дигаре, ки  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.

Баъди қатъ ёфтани ҳолатҳои дар ин банд нишон додашуда ҷамъият ўҳдадор аст ба иштирокчиёни ҷамъият фоидаро пардохт намояд, агар ки қарор дар бораи тақсими он дар байни иштирокчиёни ҷамъият қабул шуда бошад.

 

Моддаи 34.   Паҳн кардани вомбаргҳо аз ҷониби ҷамъият

  1. Ҷамъият ҳақ дорад вомбаргҳо ва дигар коғазҳои қиматноки эмиссиониро бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ дар бораи коғазҳои қиматнок паҳн намояд.
  2. Ҷамъият ҳақ дорад вомбаргҳоро ба маблағе, ки аз ҳаҷми сармояи оинномавии он ё миқдори таъминоте, ки шахсони сеюм бо ин мақсад ба ҷамъият додаанд, барзиёд нест, баъди пардохти пурраи сармояи оинномавӣ паҳн намояд.
  3. Дар сурати набудани таъмине, ки шахсони сеюм бо мақсади кафолатнок гардондани иҷрои ўҳдадориҳо дар назди соҳибони вомбаргҳо медиҳанд, паҳн намудани вомбаргҳо аз ҷониби ҷамъият на барвақтар аз соли сеюми мавҷудияти ҷамъият ба шарти то ин вақт дуруст тасдиқ кардани ду баланси солонаи ҷамъият роҳ дода мешавад.

 

БОБИ 5.   ИДОРАКУНӢ ДАР ҶАМЪИЯТ (қҷт. 29.12.10 №656)

Моддаи 35.   Мақомоти ҷамъият

  1. Мақомоти ҷамъият инҳоянд:

а). маҷлиси умумии иштирокчиёни он, ки мақоми олии ҷамъият мебошад;

б). мақоми иҷроияи ҷамъият, ки аз мақомоти  яккасардорӣ (инфиродӣ) ва дастҷамъӣ иборат аст.

2.Оинномаи ҷамъият мумкин аст таъсис додани  Шўрои директорон (Шўрои мушоҳидакорон) ва комиссияи тафтишоти (ревизори)-ро пешбинӣ намояд.

3.Салоҳияти мақомоти ҷамъият, инчунин тартиби аз тарафи онҳо қабул намудани қарор, ё аз номи ҷамъият баромад карданро ҳамин Қонун  ва оинномаи ҷамъият муайян менамояд.

 

Моддаи 36.  Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият

  1. Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият мақомоти олии ҷамъият мебошад.

Ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият ҳуқуқ доранд дар маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият иштирок намоянд, дар муҳокимаи масъалаҳои рўзнома ширкат варзанд ва ҳангоми қабули  қарорҳо овоз диҳанд.

Нишондодҳои ҳуҷҷатҳои таъсисотии ҷамъият ё қарори мақомоти ҷамъият, ки ин ҳуқуқҳои иштирокчиёни ҷамъиятро маҳдуд месозанд, эътибор надоранд.

Ҳар иштирокчии ҷамъият дар маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият шумораи овозҳоеро дорад, ки ба ҳиссаи ў дар сармояи оинномавии ҷамъият мутаносиб аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки ҳамин Қонун пешбинӣ кардааст.

Дар оинномаи ҷамъият ҳангоми таъсисдиҳии он ё бо роҳи ворид намудани тағйирот ба оинномаи ҷамъият бо қарори маҷлиси умумии  иштирокчиёни ҷамъият, ки ҳамаи онҳо якдилона қабул намудаанд, мумкин аст тартиби дигари муайян намудани шумораи овозҳои иштирокчиёни ҷамъият муқаррар карда шавад.

  1. Тағйирот ва хориҷ кардани нишондодҳои оинномаи ҷамъият, ки чунин тартиботро муқаррар менамояд, бо қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият якдилона қабул мекунанд, амалӣ гардонда мешавад.

 

Моддаи 37.   Салоҳияти маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият

1.Салоҳияти маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъиятро оинномаи ҷамъият мутобиқи ҳамин Қонун муайян менамояд.

  1. Ба салоҳияти махсуси маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият инҳо дохил мешавад:
  • муайян кардани самтҳои асосии фаъолияти ҷамъият, инчунин қабули қарорҳо оиди иштирок дар ассосиатсияҳо ва дигар иттиҳодияҳои ташкилотҳои тиҷоратӣ;
  • тағйир додани оинномаи ҷамъият, аз ҷумла тағйир додани ҳаҷми сармояи оинномавии ҷамъият;
  • ворид кардани тағйирот ба шартномаи таъсисотӣ;
  • таъсис додани мақомоти иҷроияи ҷамъият ва пеш аз мўҳлат қатъ намудани ваколати онҳо, инчунин қабули қарор оиди додани ваколатҳои мақомоти яккасардории иҷроияи ҷамъият ба ташкилоти тиҷорати ё соҳибкори инфродӣ (минбаъд-роҳбар), тасдиқ кардани чунин роҳбар ва шартҳои шартнома бо ў;
  • интихоб ва пеш аз мўҳлат қатъ кардани ваколатҳои комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъият;
  • тасдиқи ҳисоботи солона ва балансҳои солонаи муҳосибавӣ;
  • қабули қарор оиди тақсими фоидаи софи ҷамъият дар байни иштирокчиёни ҷамъият;
  • тасдиқи (қабули) ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи фаъолияти дохилии ҷамъият (ҳуҷҷатҳои дохилии ҷамъият);
  • қабули қарор оиди вомбаргҳо ва дигар коғазҳои қиматноки эмиссиониро паҳн кардани ҷамъият;
  • таъин кардани тафтиши аудиторӣ, тасдиқи аудитор ва муайян намудани ҳаҷми пардохти ҳизмати ў;
  • қабули қарор оиди азнавташкилдиҳӣ ё барҳам додани ҷамъият;
  • таъин кардани комиссияи барҳамдиҳӣ ва тасдиқи балансҳои барҳамдиҳӣ;
  • ҳалли дигар масъалаҳои пешбиникардаи ҳамин Қонун.

Масъалаҳоеро, ки ба салоҳияти истисноии махсуси маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият дохил мешаванд, барои ҳалли Шўрои директорони (Шўрои мушоҳидакорони) ҷамъият, ба истиснои ҳолатҳои пешбиникардаи ҳамин Қонун, инчунин барои ҳалли мақомоти иҷроияи ҷамъият додан мумкин нест.

Моддаи 38.  Маҷлиси умумии навбатии иштирокчиёни ҷамъият

  1. Маҷлиси умумии навбатии иштирокчиёни ҷамъият аз тарафи макомоти иҷроияи ҷамъият дар мўҳлати муайянкардаи оинномаи ҷамъият, вале соле на камтар аз як маротиба даъват ва гузаронида мешавад.
  2. Дар оинномаи ҷамъият бояд мўҳлати гузаронидани маҷлиси умумии навбатии иштирокчиёни ҷамъият, ки дар он натиҷаҳои солонаи фаъолияти ҷамъият тасдиқ мегардад, муайян карда шавад. Ин маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият бояд на дертар аз се моҳи баъди ба охир расидани соли молиявӣ гузаронда шавад.

     

Моддаи 39.   Маҷлиси умумии ғайринавбатии иштирокчиёни ҷамъият

1.Маҷлиси умумии ғайринавбатии иштирокчиёни ҷамъият дар ҳолатҳои муайянкардаи оинномаи ҷамъият, инчунин дар ҳар ҳолати дигар гузаронда мешавад, агар гузарондани чунин маҷлиси умумиро манфиати ҷамъият ва иштирокчиёни он тақозо намоянд.

  1. Маҷлиси умумии ғайринавбатии иштирокчиёни ҷамъият бо ташаббуси мақомоти ичрояи ҷамъият бо талаби Шўрои директорони (Шўрои мушоҳидакорони) ҷамъият, комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъият, аудитор, инчунин иштирокчиёни ҷамъият, ки дар маҷмўъ на камтар аз даҳ яки шумораи умумии овозҳои иштирокчиёни ҷамъиятро соҳиб мебошанд, даъват карда мешавад.

Мақомоти иҷроияи ҷамъият ўҳдадор аст дар давоми панҷ рўзи санаи гирифтани талабнома оиди гузарондани маҷлиси умумии ғайринавбатии иштирокчиёни ҷамъият талаби мазкурро баррасӣ намуда, оиди гузарондани маҷлиси умумии ғайринавбатии иштирокчиёни ҷамъият ё оиди рад кардани он қарор қабул намояд. Қарори рад кардани гузарондани маҷлиси умумии ғайринавбатии  иштирокчиёни ҷамъиятро мақомоти иҷроияи ҷамъият мумкин аст танҳо дар ҳолатҳои зерин қабул намояд:

агар тартиби муқаррар кардаи Қонуни мазкур оиди пешниҳоди талаби гузарондани маҷлиси умумии ғайринавбатии иштирокчиёни ҷамъият риоя нашуда бошад;

агар ягонтаи масъалаҳое, ки барои дохил кардан ба рўзномаи маҷлиси умумии ғайринавбатии иштирокчиёни ҷамъият пешниҳод шудааст, ба салоҳияти он дохил нашавад  ё ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат накунад.

Мақомоти иҷроияи ҷамъият ҳақ надорад ба ифодаи масъалаҳое, ки барои дохил кардан ба рўзномаи маҷлиси умумии ғайринавбатии иштирокчиёни ҷамъият пешниҳод шудааст, тағйирот дарорад, инчунин шакли пешниҳодшудаи гузарондани маҷлиси умумии ғайринавбатии иштирокчиёни ҷамъиятро тағйир диҳад.

Дар  қатори масъалаҳое, ки барои дохил кардан ба рўзномаи маҷлиси умумии ғайринавбатии иштирокчиёни ҷамъият пешниҳод шудааст, мақомоти иҷроияи ҷамъият бо ташаббуси худ ҳақ дорад ба он масъалаҳои иловагӣ дохил кунад.

  1. Дар сурати қабули қарор оиди гузарондани маҷлиси умумии ғайринавбатии иштирокчиёнии ҷамъият маҷлиси мазкур бояд на дертар аз чилу панҷ рўзи гирифтани талаб оиди гузарондани он гузаронда шавад.
  2. Дар ҳолате, ки дар давоми мўҳлати муқарраркардаи ҳамин Қонун қарори гузарондани маҷлиси умумии ғайринавбатии иштирокчиёни ҷамъият қабул нашавад ё қарори рад кардани гузарондани он қабул шавад, маҷлиси умумии ғайринавбатии иштирокчиёни ҷамъият мумкин аст аз ҷониби мақомот ё шахсоне, ки гузарондани онро талаб менамоянд, даъват карда шавад.

Дар ин ҳолат мақомоти иҷроияи ҷамъият ўҳдадор аст ба ин мақомот ё шахсон рўйхати иштирокчиёни ҷамъиятро бо суроғаи онҳо диҳад.

Хароҷоти тайёрӣ, даъват ва гузарондани чунин маҷлиси умумӣ мумкин аст бо қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият аз ҳисоби маблағи ҷамъият ҷуброн карда шавад.

 

Моддаи 40.  Тартиби даъвати маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият

  1. Мақомот ё шахсоне, ки маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъиятро даъват мекунанд, ўҳдадоранд на дертар аз сӣ рўзи то гузарондани он ба суроғаи дар рўйхати иштирокчиёни ҷамъият нишондодашуда ё ба тарзи дигари пешбиникардаи оинномаи ҷамъият дар ин бора бо мактуби фармоишӣ ба ҳар кадом иштирокчии ҷамъият хабар диҳанд.
  2. Дар огоҳнома бояд вақт ва ҷои гузарондани маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, инчунин рўзномаи пешниҳодшуда нишон дода шавад.

Ҳар иштирокчии ҷамъият ҳақ дорад дар бораи ба рўзномаи маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият дохил кардани масъалаҳои иловагӣ на дертар аз понздаҳ рўзи то гузарондани он таклиф пешниҳод намояд. Масъалаҳои иловагӣ ба рўзномаи маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият дохил карда мешаванд.

Мақомот ё шахсоне, ки маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъиятро даъват менамоянд, ҳақ надоранд ба тавсия  тағйирот оиди масъалаҳои иловагии  пешниҳодшударо барои ба рўзномаи маҷлиси  умумии иштирокчиёни ҷамъият дохил намоянд.

Дар ҳолате, ки бо таклифи иштирокчиёни ҷамъият ба рўзномаи аввалаи маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият тағйирот дароварда шавад, мақомот ё шахсоне, ки маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъиятро даъват менамоянд, ўҳдадоранд  на дертар аз даҳ рўзи то гузарондани он ҳамаи иштирокчиёни ҷамъиятро дар бораи тағйироти ба рўзнома ворид гардида ба тарзе, ки дар банди 1 ҳамин модда  нишон дода шудааст, огоҳ намоянд.

  1. Ба ахборот ва маводе, ки ба иштирокчиёни ҷамъият ҳангоми тайёр кардани маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият пешниҳод карда мешавад, ҳисоботи солонаи ҷамъият, хулосаи комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъият ва аудитор аз рўи натиҷаҳои тафтиши ҳисоботи солона ва балансҳои солонаи муҳосибавии ҷамъият, маълумот дар бораи номзад (номзадҳо) ба мақомоти иҷроияи ҷамъият, Шўрои директорони (Шўрои мушоҳидакорони) ҷамъият ва комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъият, лоиҳаи тағйироту иловаҳои ба ҳуҷҷатҳои таъсисотии ҷамъият воридшаванда, ё лоиҳаи ҳуҷҷатҳои таъсисотии ҷамъият дар таҳрири нав, лоиҳаи  ҳуҷҷатҳои дохилии ҷамъият, инчунин дигар ахбороти (маводҳои) пешбиникардаи оинномаи ҷамъият дохил мешаванд.

Агар дар оинномаи ҷамъият тартиби дигари бо  мавод шиносондани иштирокчиёни ҷамъият пешбинӣ нашуда бошад, мақомот ё шахсоне, ки маҷлиси умумии ғайринавбатии иштирокчиёни ҷамъиятро даъват менамоянд, ўҳдадоранд ба онҳо ахборот ва маводро якҷоя бо огоҳномаи оиди гузарондани маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият фиристонанд, дар сурати тағйир ёфтани рўзнома  маводи дахлдор якҷоя бо огоҳномаи оиди чунин тағйирот фиристонда мешавад.

Ин ахбороту мавод дар давоми сӣ рўзи то гузарондани маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият бояд ба ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият барои шиносоӣ дар бинои мақомоти иҷроияи ҷамъият пешниҳод карда шавад.

  1. Дар сурати вайрон кардани тартиби даъвати маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки ҳамин модда муқаррар намудааст, чунин маҷлиси умумӣ салоҳиятнок шуморида мешавад, агар дар он ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият иштирок дошта бошанд.

 

Моддаи 41.   Тартиби гузарондани маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият

  1. Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият бо тартибе, ки ҳамин Қонун, оинномаи ҷамъият ва ҳуҷҷатҳои дохилии он муқаррар кардаанд, гузаронда мешавад. Дар он қисме, ки бо ҳамин Қонун, оинномаи ҷамъият ва ҳуҷҷатҳои дохилии ҷамъият танзим карда нашудааст, тартиби гузарондани маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият бо қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият муқаррар карда мешавад.
  2. Пеш аз кушодашавии маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият бақайдгирии иштирокчиёни омадаи ҷамъият гузаронда мешавад.

Иштирокчиёни ҷамъият ҳақ доранд дар маҷлиси умумӣ шахсан ё ба воситаи намояндагони худ иштирок намоянд. Намояндагони иштирокчиёни ҷамъият бояд ҳуҷҷатҳоеро, ки ваколати онҳоро тасдиқ мекунад, пешниҳод намоянд.

Иштирокчии бақайд нагирифтаи ҷамъият (намояндаи иштирокчии ҷамъият) ҳақ надорад дар овоздиҳӣ иштирок намояд.

  1. Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъиятро шахсе, ки вазифаи мақомоти яккасардории иҷроияро амалӣ менамояд ё шахсе, ки ба мақомоти дастаҷмъии иҷроияи ҷамъият сардорӣ мекунад, мекушояд. Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъиятро, ки Шўрои директорони (Шўрои мушоҳидакорони) ҷамъият, комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъият, аудитор ё иштирокчиёни ҷамъият даъват кардаанд, раиси Шўрои директорон (Шўрои мушоҳидакорони) ҷамъият, раиси комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъият, аудитор ё яке аз иштирокчиёни ҷамъият, ки ин маҷлиси умумиро даъват кардаанд, мекушояд.
  2. Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият ҳақ дорад танҳо аз рўи масъалаҳои рўзнома, ки мутобиқи банди 1 ва 2 моддаи 40 ҳамин Қонун ба иштирокчиёни ҷамъият хабар дода шудааст, қарор қабул кунад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар дар ин маҷлиси умумӣ ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият иштирок дошта бошанд.
  3. Қарорҳо аз рўи масъалаҳое, ки дар зербанди 2 банди дуюми моддаи 37 ҳамин Қонун нишон дода шудааст, инчунин аз рўи масъалаҳои дигаре, ки оинномаи ҷамъият муайян кардааст, бо аксарияти на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳои шумораи умумии овозҳои иштирокчиёни ҷамъият қабул карда мешавад, агар зарурати шумораи зиёди овозҳоро барои қабули чунин қарор ҳамин Қонун ё оинномаи ҷамъият пешбинӣ накарда бошад.

Қарорҳоро аз рўи масъалаҳое, ки дар зербандҳои 3 ва 11 банди  дуюми моддаи 37 ҳамин Қонун нишон дода шудааст, ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият якдилона қабул мекунад.

Қарорҳои боқимонда бо аксарияти овозҳои шумораи умумии овозҳои иштирокчиёни ҷамъият қабул карда мешаванд, агар зарурати шумораи овозҳо барои қабули чунин қарорҳо дар ҳамин Қонун ё оинномаи ҷамъият пешбинӣ нашуда бошад.

  1. Қарорҳои маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият бо овоздиҳии кушод қабул карда мешавад, агар дар оинномаи ҷамъият тартиби дигари қабули қарорҳо пешбинӣ нашуда бошад.

 

Моддаи 42. Қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки   бо роҳи гузарондани овоздиҳии ғоибона (бо роҳи пурсиш) қабул  мешавад

  1. Қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият мумкин аст бе гузарондани маҷлис (иштироки якҷояи иштирокчиёни ҷамъият барои муҳокимаи масъалаҳои рўзнома ва қабули қарорҳо аз рўи масъалаҳои ба овоздиҳӣ гузошташуда) бо роҳи гузарондани овоздиҳии ғоибона (бо роҳи пурсиш) кабул карда шавад. Ҷунин овоздиҳӣ мумкин аст бо роҳи ивази ҳуҷҷатҳо тавассути почта, алоқаи телеграф, телетайпӣ, телефонӣ, электронӣ ва ғайраҳо, ки саҳеҳии хабарҳои дода ва қабулшаванда ва тасдиқи ҳуҷҷатии онҳоро таъмин менамояд, гузаронда шавад.

Қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият аз рўи масъалаҳое, ки дар  зербанди 6 банди дуюми моддаи 37 ҳамин Қонун нишон дода шудааст, бо роҳи гузарондани овоздиҳии ғоибона ( бо роҳи пурсиш) қабул шуда наметавонад.

  1. Ҳангоми қарор қабул кардани маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият бо роҳи гузарондани овоздиҳии ғоибона(бо роҳи пурсиш) бандҳои 2,3 ва 4 моддаи 41 ҳамин Қонун, инчунин нишондодҳои бандҳои 1,2 ва 3 моддаи 40 ҳамин Қонун дар қисми мўҳлатҳои пешбиникардаи онҳо татбиқ карда намешавад.
  2. Тартиби гузарондани овоздиҳии ғоибона бо ҳуҷҷати дохилии ҷамъият муайян карда мешавад, ки он бояд ҳатман ба ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият хабар додани рўзномаи пешниҳодшуда, имконияти то оғози овоздиҳӣ ба ҳамаи ахбору маводи зарурӣ шинос шудани ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият, имконияти пешниҳоди таклифҳо оиди ба рўзнома дохил кардани масъалаҳои иловагӣ, ҳатман ба ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият то оғози овоздиҳӣ хабар додани рўзномаи тағйирёфта, инчунин мўҳлати ба охир расидани тартиби овоздиҳиро пешбинӣ намояд.

 

Моддаи 43. Аз ҷониби иштирокчии ягонаи ҷамъият қабул кардани  қарорҳо аз рўи масъалаҳое, ки ба  салоҳияти маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият  мансубанд

Дар ҷамъияте, ки аз  як нафар иштирокчӣ иборат аст, қарорҳо аз рўи масъалаҳое, ки ба салоҳияти маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият мансубанд, аз ҷониби иштирокчии ягона шахсан қабул карда ва хаттӣ ба расмият дароварда мешавад. Дар ин маврид нишондодҳои моддаҳои 38,39,40,41,42 ва 47 ҳамин Қонун татбиқ намегардад, ба истиснои нишондодҳое, ки ба мўҳлатҳои гузарондани маҷлиси умумии солонаи иштирокчиёни ҷамъият дахл доранд.

 

Моддаи 44.  Мақомоти иҷроияи ҷамъият

  1. Роҳбарӣ ба фаъолияти ҷории ҷамъият аз ҷониби мақоми яккасардории иҷроияи ҷамъият  ва макоми иҷроияи дастҷамъии ҷамъият амалӣ гардонда мешавад. Мақомоти иҷроияи ҷамъият ба маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият ва Шўрои директорони (Шўрои мушоҳидакорони) ҷамъият ҳисоботдиҳанда мебошад.
  2. Додани ҳуқуқи овоз аз ҷониби аъзои Шўрои директорони (Шўрои мушоҳидакорони) ҷамъият, аъзои мақоми иҷроияи дастаҷамъии ҷамъият ба шахсони дигар, аз ҷумла ба аъзои дигари Шўрои директорони (Шўрои мушоҳидакорони) ҷамъият, ба аъзои дигари мақоми иҷроияи дастаҷамъии ҷамъият роҳ дода намешавад.

 

Моддаи 45.   Мақомоти яккасардории иҷроияи ҷамъият

  1. Мақомоти яккасардории иҷроияи ҷамъият (директори генералӣ ё директор)-ро маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият ба мўҳлати муайян кардаи оинномаи ҷамъият интихоб мекунад. Мақомоти яккасардории иҷроияи ҷамъият мумкин аст, инчунин аз ҳисоби шахсони ғайри иштирокчии он интихоб карда шавад.

Шартномаи байни ҷамъият ва шахси иҷрокунандаи вазифаи мақомоти яккасардории иҷроияи ҷамъиятро аз номи ҷамъият шахси раисикунандаи маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки дар он шахси иҷрокунандаи вазифаи мақомоти яккасардории иҷроияи ҷамъият интихоб шудааст, ё иштирокчии ҷамъият, ки бо қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият ваколатдор гардидааст, имзо мекунанд.

  1. Танҳо шахси воқеӣ ба сифати мақомоти яккасардории иҷроияи ҷамъият баромад карда метавонад, ба истиснои ҳолате, ки моддаи 46 ҳамин Қонун пешбинӣ кардааст.
  2. Мақомоти яккасардории иҷроияи ҷамъият метавонад:

1). аз номи ҷамъият бидуни ваколатнома амал намояд, аз ҷумла аз манфиатҳои он намояндагӣ  ва аҳдҳоро амалӣ  намояд;

2).барои ҳуқуқи намояндагӣ аз номи ҷамъият ваколатнома  аз ҷумла ваколатномаи дорои ҳуқуқи боварӣ медиҳад;

3).дар бораи ба вазифа таъин кардани кормандони ҷамъият, ба кори дигар гузарондан ва хориҷ намудани онҳо фармон бароварда, чораҳои мукофотониро татбиқ намуда ва  ҷазои  интизомӣ медиҳад;

4).дигар ваколатҳоро, ки ҳамин Қонун ё оинномаи ҷамъият ба салоҳияти маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, Шўрои директорони (Шўрои мушоҳидакорони) ҷамъият ва мақомоти яккасардории иҷроияи ҷамъият мансуб надонистааст, амалӣ мегардонад;

  1. Тартиби фаъолияти мақомоти яккасардории ичроияи ҷамъият ва қарор қабул кардани онро оинномаи ҷамъият, ҳуҷҷатҳои дохилии ҷамъият, инчунин шартномаи бастаи байни ҷамъият ва шахсе, ки вазифаи мақомоти яккасардории иҷроияи онро иҷро менамояд, муқаррар мекунад.

 

Моддаи 46.   Мақомоти дастаҷамъии  иҷроияи ҷамъият

  1. Агар дар оинномаи ҷамъият дар қатори мақомоти яккасардории иҷроияи ҷамъият, инчунин таъсис додани мақомоти дастаҷамъии иҷроияи ҷамъият (садорат, маъмурият ва ғайра) пешбинӣ шуда бошад, чунин мақомотро маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият ба миқдори ва мўҳлати муайнкардаи оинномаи ҷамъият интихоб мекунад.

Танҳо шахси воқеӣ, ки метавонад иштирокчии ҷамъият набошад, узви мақомоти иҷроияи ҷамъият буда метавонад.

Мақомоти дастаҷамъии ичроияи ҷамъият ваколатҳои ба салоҳияти он  додаи оинномаи ҷамъиятро амалӣ мегардонад.

Вазифаи раисии мақомоти дастаҷамъии иҷроияи ҷамъиятро шахсе, ки вазифаи мақомоти яккасардории ичроияи ҷамъиятро ба амал мебарорад, иҷро менамояд, ба истиснои ҳолате, ки агар ваколатҳои мақомоти яккасардории иҷроияи ҷамъият ба роҳбар супорида шуда бошад.

  1. Аъзои макомоти иҷроияи дастаҷамъии ҷамъият аъзои комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъият шуда наметавонад.
  2. Тартиби фаъолияти мақомоти дастаҷамъии ичроияи ҷамъият ва қарор қабул намудани онро оинномаи ҷамъият ва ҳуҷҷатҳои дохилии ҷамъият муқаррар мекунанд.

 

Моддаи 47. Ба роҳбар додани ваколатҳои мақомоти яккасардории иҷроияи ҷамъият

Ҷамъият ҳақ дорад тибқи шартнома ваколатҳои мақомоти яккасардории иҷроияи худро ба роҳбар диҳад, агар чунин имконият бевосита дар оинномаи ҷамъият пешбинӣ шуда бошад.

Шартнома ба роҳбар аз  номи ҷамъият ва аз ҷониби шахси раисикунандаи маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки шартҳои шартномаро бо роҳбар тасдиқ намудааст ё иштирокчии ҷамъият, ки бо қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият ваколатдор шудааст, имзо карда мешавад.

 

Моддаи 48. Шўрои директорони (Шўрои мушоҳидакорони) ҷамъият

  1. Оинномаи ҷамъият таъсиси Шўрои директорони (Шўрои мушоҳидакорони) ҷамъиятро пешбинӣ карда метавонад.

Салоҳияти Шўрои директорони (Шўрои мушоҳидакорони) ҷамъиятро оинномаи ҷамъият тибқи ҳамин Қонун муайян менамояд.

  1. Тартиби таъсис ва фаъолияти Шўрои директорони (Шўрои мушоҳидакорони) ҷамъият, инчунин тартиби қатъ ёфтани ваколатҳои аъзои Шўрои директорони (Шўрои мушоҳидакорони) ҷамъият дар оинномаи ҷамъият муайян карда мешавад.

Аъзои мақомоти иҷроияи дастаҷамъии ҷамъият бештар аз чоряки ҳайати Шўрои директорони (Шўрои мушоҳидакорони) ҷамъиятро ташкил дода наметавонад. Шахсе, ки вазифаи мақомоти яккасардории иҷроияи ҷамъиятро иҷро менамояд, дар як вақт наметавонад раиси Шўрои директорони (Шўрои мушоҳидакорони) ҷамъият бошад.

  1. Аъзои Шўрои директорони (Шўрои мушоҳидакорони) ҷамъият, шахсе, ки вазифаи мақомоти яккасардории иҷроияи ҷамъият ва аъзои мақомоти иҷроияи дастаҷамъии ҷамъият, ки иштирокчиёни ҷамъият намебошанд, метавонанд дар маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият бо ҳуқуқи овози машваратӣ ширкат намоянд.

 

Моддаи 49. Шикоят оиди қарорҳои мақомоти идоракунии ҷамъият.

  1. Қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъиятро, ки бо вайрон кардани талаботи ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаи ҷамъият қабул шудааст ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии иштирокчии ҷамъиятро вайрон мекунад, мумкин аст суд аз рўи аризаи иштирокчии ҷамъият, ки дар овоздиҳӣ иштирок накардааст ё муқобили қарор овоз додааст, беэътибор эътироф намояд. Чунин ариза мумкин аст дар давоми ду моҳе, ки иштирокчии ҷамъият дар бораи қарори қабулшуда огоҳ шудааст ё бояд огоҳ мешуд, дода шавад. Дар ҳолате, ки агар иштирокчии ҷамъият дар маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки қарори арзшавандаро қабул намудааст, иштирок карда бошад, аризаи мазкур мумкин аст дар давоми ду моҳи қабули чунин қарор дода шавад.
  2. Суд ҳақ дорад бо назардошти ҳамаи ҳолатҳои парванда қарори арзшавандаро эътиборнок ҳисобад, агар овоздиҳии иштирокчии ҷамъият, ки ариза додааст, ба натиҷаҳои овоздиҳӣ таъсир нарасонда, ба вайронкунии роҳдода зид набошад ва қарор боиси ба ин иштирокчии ҷамъият расондани зарар нагардад.
  3. Қарори Шўрои директорони (Шўрои мушоҳидакорони) ҷамъият, мақомоти яккасардории иҷроияи ҷамъият, мақомоти дастаҷамъии иҷроияи ҷамъият ё роҳбар, ки бо вайрон кардани талаботи ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаи ҷамъият қабул шудааст ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии иштирокчии ҷамъиятро вайрон мекунад, бо аризаи ҳамин иштирокчии ҷамъият мумкин аст аз ҷониби суд беэътибор дониста шавад.

Моддаи 50. Масъулияти аъзоёни Шўрои директорони (Шўрои мушоҳидакорони) ҷамъият,  мақомоти яккасардории иҷроияи ҷамъият, аъзоёни мақомоти дастаҷамъии иҷроияи ҷамъият ва роҳбар

  1. Аъзои Шўрои директорони (Шўрои мушоҳидакорони) ҷамъият, мақомоти яккасардории ҷамъият, аъзои мақомоти дастаҷамъии ичроияи ҷамъият, ҳамчунин роҳбар ҳангоми татбиқ намудани ҳуқуқ ва иҷрои вазифаҳояшон бояд ба манфиати ҷамъият софдилона ва оқилона амал намоянд.
  2. Аъзои Шўрои директорони (Шўрои мушоҳидакорони) ҷамъият, мақомоти яккасардории иҷроияи ҷамъият, аъзои мақомоти дастаҷамъии иҷроияи ҷамъият, ҳамчунин роҳбар дар назди ҷамъият барои зараре, ки бо амали (беамалии) гунаҳкоронаи худ ба ҷамъият расонидаанд, ҷавобгаранд, агар қонунҳо дигар асосҳо ва андозаи масъулиятро муқаррар накарда бошад. Дар айни замон аъзои Шўрои директорони (Шўрои мушоҳидакорони) ҷамъият, аъзои мақомоти дастаҷамъии иҷроияи ҷамъият, ки муқобили қарори боиси ба ҷамъият расидани зарар гардида овоз додаанд ё дар овоздиҳӣ иштирок накардаанд, ҷавобгар намебошанд.
  3. Ҳангоми муайян кардани асосҳо ва андозаи масъулияти аъзои Шўрои директорони (Шўрои мушоҳидакорони) ҷамъият, макомоти дастаҷамъии иҷроияи ҷамъият, аъзои мақомоти дастҷамъии иҷроияи ҷамъият, ҳамчунин роҳбар бояд шароитҳои муқаррарии муомилоти корӣ ва дигар ҳолатҳое, ки барои парванда аҳамият дорад, ба назар гирифта шавад.
  4. Дар ҳолате, ки агар мутобиқи нишондоди ҳамин модда якчанд шахс масъуланд, масъулияти онҳо дар назди ҷамъият муштарак мебошад.
  5. Ҷамъият ё иштирокчии он ҳақ доранд бо даъвои руёнидани зараре, ки ба ҷамъият узви Шўрои директорони (Шўрои мушоҳидакорони) ҷамъият, мақомоти яккасардории иҷроияи ҷамъият, узви мақомоти дастаҷамъии иҷроияи ҷамъият ё роҳбар расондаанд, ба суд муроҷиат намоянд.

 

Моддаи 51.   Комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъият

  1. Дар оинномаи ҷамъият мумкин аст таъсис додани комиссияи тафтишоти (интихоби ревизор) ҷамъият пешбинӣ карда шавад. Дар ҷамъиятҳое, ки бештар аз понздаҳ нафар иштирокчӣ доранд, таъсиси комиссияи тафтишотии (интихоби ревизор) ҷамъият ҳатмӣ мебошад. Ҳамчунин шахсе, ки иштирокчии ҷамъият намебошад, узви комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъият буда метавонад. Вазифаи комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъиятро, агар инро оинномаи ҷамъият пешбинӣ карда бошад, аудитори тасдиқкардаи маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки ў бо манфиатҳои амволӣ бо ҷамъият, аъзои Шўрои директорони (Шўрои мушоҳидакорони) ҷамъият, бо шахси иҷрокунандаи вазифаи мақомоти яккасардории иҷроияи ҷамъият, аъзои мақомоти иҷроияи дастҷамъии ҷамъият ва иштирокчиёни ҷамъият алоқаманд намебошад, амалӣ гардонда метавонад.
  2. Комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъиятро маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият ба мўҳлати муайянкардаи оинномаи ҷамъият интихоб мекунад. Шумори аъзои комиссияи тафтишотӣ ҷамъиятро оинномаи ҷамъият муайян менамояд.

3.Комиссияи тафтишотии  (ревизори) ҷамъият ҳак дорад ҳар вақт фаъолияти молиявии ҷамъиятро тафтиш кунад ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои вобаста ба фаъолияти ҷамъият дастраси он бошад.

Бо талаби комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъият аъзои Шўрои директорони (Шўрои  мушоҳидакорони) ҷамъият, шахсе, ки вазифаи мақомоти яккасардории иҷроияи ҷамъиятро иҷро менамояд, аъзои мақомоти дастҷамъии иҷроияи ҷамъият, инчунин кормандони ҷамъият ўҳдадоранд дар  шакли шифоҳӣ ё хаттӣ тавзеҳоти зарурӣ диҳанд.

  1. Комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъият бо тартиби ҳатмӣ тафтиши ҳисоботи солона ва балансҳои муҳосибавиро то онҳоро тасдиқ кардани маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият мегузаронад. Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият ҳақ надорад ҳисоботи солона ва балансҳои муҳосибавии ҷамъиятро дар сурати набудани хулосаи комиссияи тафтишоти (ревизори) ҷамъият тасдиқ кунад.
  2. Тартиби кори комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъиятро оиннома ва ҳуҷҷатҳои дохилии ҷамъият муайян менамоянд.
  3. Моддаи мазкур дар ҳолатҳое татбиқ мегардад, ки агар таъсиси комиссияи тафтишоти ҷамъият ё интихоби ревизори ҷамъият дар оинномаи ҷамъият пешбинӣ шуда ё мутобиқи ҳамин Қонун хатмӣ бошад.
  4. Аъзои комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъият наметонад аъзои Шўрои директорони (Шўрои мушоҳидакорон) ҷамъият, шахси иҷрокунандаи вазифаи мақомоти якасардории ҷамъият ва аъзои мақомоти дастҷамъии ҷамъият бошад.

 

Моддаи 52.  Ҳавасмандӣ дар иҷро намудани  аҳдҳо аз тарафи ҷамъият

  1. Аҳдҳое, ки дар иҷро намудани он узви Шўрои директорони (Шўрои мушоҳидакорони) ҷамъият, шахси иҷрокунандаи вазифаи мақомоти яккасардории иҷроияи ҷамъият, узви мақомоти дастаҷамъии иҷроияи ҷамъият ё иштирокчии ҷамъият ҳавасманд ва  якҷоя бо шахсони бонуфуз (аффилир) бист ва аз ин зиёда фоизи овозҳои шумораи умумии иштирокчиёни ҷамъиятро доранд, аз ҷониби ҷамъият бидуни розигии маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият иҷро шуданаш мумкин намебошад.

Шахсони мазкур барои иҷро намудани аҳдҳо аз ҷониби ҷамъият ҳавасманд ҳисобида мешаванд, агар онҳо, зану шавҳар, падару модар, фарзандон, бародарон,  ҳоҳарон ва шахсони  бонуфузи (аффилир) онҳо бошанд:

-тарафи муомилот бошанд ё дар муносибатҳои онҳо бо ҷамъият ба манфиати шахсони сеюм баромад кунанд;

-дорандаи бист  (ҳар кадом алоҳида ё якҷоя) ва аз ин зиёд фоизи саҳмияҳои (ҳиссаҳо, пайҳо) шахси ҳуқуқӣ ва тарафи  аҳд бошанд, ё дар муносибатҳои онҳо бо ҷамъият ба манфиати шахсони сеюм баромад кунанд;

-дар мақомоти идоракунии шахси ҳуқуқӣ, ки тарафи аҳд мебошад вазифаҳоро ишғол намуда ё дар муносибатҳои онҳо бо ҷамъият ба манфиати шахсони сеюм баромад кунанд;

-дар дигар ҳолатҳое, ки оинномаи ҷамъият муайян кардааст.

  1. Шахсони дар сарсатри якуми банди якуми ҳамин модда нишон додашуда бояд ба маълумоти маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият ахборотро дар ин бора расонанд:

-дар бораи шахсони ҳуқуқӣ, ки дар он онҳо, ҳамсарон, волидон, фарзандон, бародарон, ҳоҳарон ва шахсони бонуфузи  онҳо дорандаи бист ва аз ин зиёд фоизи саҳмияҳо (ҳиссаҳо, пайҳо) мебошанд;

-дар бораи шахсони ҳукуқӣ, ки дар он онҳо, ҳамсарон, волидон, фарзандон, бародарон, хоҳарон ва  шахсони бонуфузи онҳо дар мақомоти идоракунии вазифаҳоро ишғол менамоянд;

-дар бораи аҳдҳои барояшон маълуми ичрошаванда ё дар назар дошташуда, ки дар  иҷро намудани онҳо мумкин аст ҳавасманд  дониста шаванд.

  1. Қарор дар барои иҷро намудани аҳдҳо аз ҷониби  ҷамъият, ки дар иҷро намудани онҳо ҳавасманди мавҷуд аст, дар маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият бо аксарияти овозҳои шумораи умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки дар иҷро намудани он ҳавасманд   нестанд, қабул  карда мешавад.
  2. Иҷро намудани аҳдҳое, ки ба онҳо ҳавасманди вуҷуд дорад,  қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъиятро, ки банди сеюми ҳамин модда пешбинӣ намудааст, талаб намекунад, ба шарте ки аҳд дар ҷараёни фаъолияти муқаррарии хоҷагидорӣ  дар байни ҷамъият ва тарафи дигар иҷро карда шавад  ва он то даме ҷой дошта бошад, ки шахси ҳавасманди иҷрокунандаи аҳд мутобиқи банди якуми ҳамин модда чунин шахс эътироф карда шавад (қарор то санаи гузарондани маҷлиси умумии  ояндаи иштирокчиёни ҷамъият талаб карда намешавад).
  3. Аҳде, ки дар иҷро намудани он ҳавасманди мавҷуд аст ва қадоме, ки бо вайронкунии талаботи пешбиникардаи ҳамин модда иҷро карда шудааст аз рўи даъвои ҷамъият ё иштирочии он мумкин аст беъэтибор ҳисобида шавад.
  4. Моддаи мазкур нисбати ҷамъиятҳое, ки аз як иштирокчӣ иборат аст, ва он дар як вақт вазифаи мақомоти яккасардории иҷроияи ин ҷамъиятро ичро менамояд, татбиқ карда намешавад.
  5. Дар сурати дар ҷамъият таъсис ёфтани Шўрои директорони (Шўрои мушоҳидакорони) ҷамъият қабули қарор дар бораи иҷро  намудани аҳде, ки оиди иҷро намудани он ҳавасманди мавҷуд аст,  мумкин аст тибқи оинномаи ҷамъият ба салоҳияти он дода шавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар маблағи пардохти аҳд ё арзиши амволе, ки предмети аҳд мебошад, аз ду фоизи арзиши амволи ҷамъият зиёд буда, он дар асоси маълумоти ҳисоботи муҳосибавӣ дар давраи охирини ҳисоботӣ муайян шуда бошад.

Моддаи 53.   Аҳдҳои калон

  1. Аҳди калон аҳдест ё якчанд аҳди бо ҳам алоқамандест, ки ба бевосита ё бавосита аз ҷониби ҷамъият бадастбаровардан, бегона кардан ё имконияти бегонакунии амвол вобаста буда, арзиши он бештар аз бисту панҷ фоизи арзиши амволи ҷамъиятро ташкил дода, дар асоси маълумоти ҳисоботи муҳосибавии давраи охирини ҳисоботии пеш аз рўзи қабули қарор оиди иҷро намудани чунин  аҳд муайян карда шудааст, агар оинномаи ҷамъият ҳаҷми бештари аҳди калонро пешбинӣ накарда бошад. Аҳде, ки дар раванди фаъолияти муқаррарии ҳоҷагидорӣ иҷро карда мешавад,  аҳди  калон ҳисобида намешавад.
  2. Ба мақсадҳои ҳамин модда арзиши амволи бегонакунандаи ҷамъият дар натиҷаи аҳди калон дар асоси маълумоти ҳисоби муҳосибавии он ва арзиши амволи бадастдароварандаи ҷамъият дар асоси нархи пешниҳодшуда  муайян карда мешавад.
  3. Қарор дар бораи иҷро кардани аҳди калонро маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият қабул мекунад.
  4. Дар сурати дар ҷамъият таъсис ёфтани Шўрои директорони (Шўрои мушоҳидакорони) ҷамъият қабули қарорҳоро оиди иҷро кардани аҳди калон вобаста ба бадастдарорӣ, бегонакунӣ ё имконияти бегонакунии амвол бевосита ё бавосита аз ҷониби ҷамъият, ки арзиши он аз бисту панҷ то панҷоҳ фоизи арзиши амволи ҷамъиятро ташкил медиҳад, мумкин аст тавассути оинномаи ҷамъият ба салоҳияти Шўрои директорони (Шўрои мушоҳидакорони) ҷамъият дода шавад.
  5. Аҳди калоне, ки бо вайрон кардани талаботи пешбиникардаи ҳамин модда ичрокарда шудааст, мумкин аст аз рўи даъвои ҷамъият ё иштирокчии он беэътибор дониста шавад.
  6. Дар оинномаи ҷамъият мумкин аст пешбинӣ карда шавад, ки барои иҷро кардани аҳди калон қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият ва Шўрои директорони (Шўрои мушоҳидакорони) ҷамъият талаб карда намешавад.

 

Моддаи 54.   Тафтиши аудиториии ҷамъият

Барои тафтиш ва тасдиқи дурустии ҳисоботҳои солона ва балансҳои муҳосибавӣ,   инчунин тафтиши  ҳолати корҳои  ҷорӣ ҷамъият  ҳақ  дорад бо қарори маҷлиси умумии  иштирокчиёни худ аудитори касбиро, ки бо манфиатҳои амволӣ бо ҷамъият, аъзои Шўрои директорони (Шўрои мушоҳидакорони) ҷамъият, шахси иҷрокунандаи вазифаи мақомоти яккасардории иҷроияи  ҷамъият, аъзои мақомоти дастҷамии ичроияи ҷамъият ва иштирокчиёни ҷамъият алоқаманд нест, ҷалб намояд.

Бо талаби ҳар кадом иштирокчии ҷамъият тафтиши аудиторӣ мумкин аст аз ҷониби аудитори касбии интихобкардаи онҳо гузаронда шавад, ки он бояд ба талаботи муқарраркардаи қисми якуми ҳамин   модда мувофиқ бошад. Дар сурати гузарондани чунин тафтиши ҳизмати аудитор аз ҳисоби иштирокчии ҷамъият, ки бо талаби ў доир мегардад, пардохта мешавад. Хароҷоти иштирокчии ҷамъият барои пардохти ҳизмати аудитор мумкин аст бо қарори маҷлиси умумии иштирокчии ҷамъият аз ҳисоби маблағи ҷамъият рўёнда шавад.

Ҷалб намудани аудитор барои тафтиш ва тасдиқи дурустии ҳисоботҳои солона ва балансҳои муҳосибавии ҷамъият дар ҳолатҳои пешбиникардаи қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад.

 

Моддаи 55.   Ҳисоботи оммавии ҷамъият

  1. Ҷамъият барои чоп кардани ҳисобот оиди фаъолияти худ ўҳдадор намебошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки ҳамин Қонун ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд.
  2. Дар давоми паҳнкунии оммавии вомбаргҳо ва дигар коғазҳои қиматноки эмиссионӣ ҷамъият ўҳдадор аст ҳар сол ҳисоботи солона ва балансҳои муҳсибавиро чоп кунад, инчунин ахбороти дигарро дар бораи фаъолияташ, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии мутобиқи онҳо қабулшуда пешбинӣ кардаанд ошкор намояд.

 

 

Моддаи 56.   Нигоҳдории  ҳуҷҷатҳои ҷамъият

  1. Ҷамъият ўҳдадор аст ҳуҷҷатҳои зеринро нигоҳ дорад:

-ҳуҷҷатҳои таъсисотии ҷамъият, инчунин тағйироту иловаҳои  ба ҳуҷҷатҳои таъсисотии ҷамъият ворид гардида; (қҷт. 29.12.10 №656)

-протоколи (протоколҳои) маҷлиси  муассисони ҷамъият, ки дорои қарор оиди таъсиси ҷамъият ва тасдиқи арзиши пулии саҳмҳои ғайрипулӣ ба сармояи ҷамъият мебошад, инчунин дигар қарорҳои  вобаста ба таъсиси ҷамъият;

-ҳуҷҷате, ки қайди давлатии ҷамъиятро тасдиқ мекунад;

-ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи ҷамъиятро ба амволи дар баланси он буда тасдиқ менамоянд;

-ҳуҷҷатҳои дохилии ҷамъият;

-низомномаи дар бораи филиалҳо ва намояндагиҳои ҷамъият;

-ҳуҷҷатҳое, ки бо эмиссияи вомбаргҳо ва дигар коғазҳои қиматноки эмиссионӣ вобастаанд;

-протоколҳои маҷлисҳои умумии иштирокчиёни ҷамъият;

-маҷлисҳои Шўрои директорони (Шўрои мушоҳидакорони) ҷамъият, мақомоти дастҷамъии иҷроияи ҷамъият ва комиссияи тафтишоти ҷамъият;

-рўйхати шахсони бонуфузи (аффилири) ҷамъият;

-хулосаи комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъият, аудитор, мақомоти давлатӣ ва маҳаллии  назорати молиявӣ;

-дигар ҳуҷҷатҳое, ки қонунҳо  ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаи ҷамъият, ҳуҷҷатҳои дохилии ҷамъият, қарорҳои маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, Шўрои директорони (Шўрои мушоҳидакорони) ҷамъият ва мақомоти иҷроияи ҷамъият пешбинӣ кардаанд.

  1. Ҷамъият ҳуҷҷатҳоеро, ки ҳамин модда пешбинӣ кардааст, дар ҷои воқеъшавии мақомоти яккасардории иҷроияи он ё ҷои дигаре, ки ба иштирокчиёни ҷамъият маълум ва дастрас аст, нигоҳ медорад.

 

БОБИ 6. АЗ НАВ ТАШКИЛ КАРДАН ВА БАРҲАМ ДОДАНИ ҶАМЪИЯТ(қҷт. 29.12.10 №656)

 

Моддаи 57.  Аз нав ташкил кардани ҷамъият
  1. Ҷамъият метавонад бо тартиби пешбиникардаи ҳамин Қонун бо ихтиёри худ азнав ташкил карда шавад.

Дигар асосҳо ва тартиби азнавташкилдиҳии ҷамъиятро Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

  1. Аз нав ташкилдиҳии ҷамъият мумкин аст дар шакли муттаҳидшавӣ, ҳамроҳшавӣ, тақсимшавӣ, ҷудошавӣ ва табдилшавӣ сурат гирад.
  2. Ҷамъият аз вақти қайди давлатии шахсони ҳуқуқӣ, ки дар натиҷаи азнавташкилдиҳӣ барпо мешаванд азнавташкилёфта ҳисобида мешавад, ба истиснои ҳолатҳои дар шакли ҳамроҳшавӣ ва табдилдиҳӣ азнавташкил кардани он. (қҷт. 29.12.10 №656)

Дар сурати азнавташкилдиҳии ҷамъият дар шакли ба он ҳамроҳшавии ҷамъияти дигар, ҷамъиятҳое, ки дар ҳамроҳшавӣ иштирок менамоянд, дар ин хусус бо тартиби муқарраршуда дар як вақт ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои ворид намудани маълумот ба Феҳристи  ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ариза пешниҳод менамоянд. Ҷамъият аз лаҳзае азнавташкилшуда ба ҳисоб меравад, ки маълумот дар бораи қатъ гардидани фаъолияти ҷамъияти ҳамроҳшуда ва маълумот дар бораи тағйироти ҳуҷҷатҳои таъсисии ҷамъият ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ворид карда шудаанд. (қҷт. 29.12.10 №656)

Азнавташкилдиҳии ҷамъият дар шакли табдилдиҳӣ пас аз ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар бораи тағйирдиҳии шакли ташкилию ҳуқуқии ҷамъият ба итмомрасида дониста мешавад. (қҷт. 29.12.10 №656)

  1. Бақайдгирии давлатии ҷамъиятҳое, ки дар натиҷаи азнавташкилдиҳӣ барпо шудаанд ва ворид кардани сабт оиди қатъ ёфтани фаъолияти ҷамъиятҳои азнавташкилёфта, бо тартиби муқаррар кардаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. (қҷт. 29.12.10 №656)
  2. На дертар аз сӣ рўзи қабули қарори азнавташкилкунии ҷамъият ва дар сурати ба шакли муттаҳидшавӣ ё ҳамроҳшавӣ азнавташкилкунии ҷамъият аз санаи қабули қарор дар ин бора ба ҷамъияти охирин, ки дар муттаҳидшавӣ ё ҳамроҳшавӣ иштирок менамоянд, ҷамъият ўҳдадор аст дар ин бораи ҳамаи кредиторҳои  маълуми ҷамъиятро хаттӣ огоҳ намуда, дар нашрияе, ки дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ маълумот чоп мешавад, дар бораи қарори қабул шуда хабар нашр  намояд. Дар ин маврид кредиторҳои  ҷамъият дар давоми сӣ рўзи ба онҳо фиристонидани огоҳнома ё дар давоми сӣ рўз чоп шудани хабар дар бораи қабули қарор ҳак доранд пеш аз мўҳлат  қатъ кардан ё иҷрои ўҳдадориҳои дахлдори ҷамъият ва ҷуброни зарари ба онҳо расидаро хаттӣ талаб намоянд. (қҷт. 29.12.10 №656)
  3. 6. Агар баланси тақсимот барои муайян кардани вориси ҷамъияти азнавташкилёфта имконият надиҳад, шахсони ҳуқуқие, ки дар натиҷаи азнавташкилкунӣ барпо шудаанд, оиди ўҳдадориҳои ҷамъияти азнавташкилёфта дар назди кредиторҳои он масъулияти муштарак доранд. (қҷт. 29.12.10 №656)

 

Моддаи 58.  Муттаҳидшавии ҷамъиятҳо

  1. Барпо намудани ҷамъияти нав ва ба он додани ҳамаи ҳуқуқҳо ва ўҳдадориҳои ду ё якчанд ҷамъият ва қатъ ёфтани ҷамъиятҳои охирин муттаҳидшавии ҷамъиятҳо ҳисобида мешавад.
  2. Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҳар кадом ҷамъияте, ки дар азнавташкилкунӣ ба шакли муттаҳидшавӣ иштирок менамояд дар бораи чунин азнавташкилкунӣ, тасдиқи шартномаи муттаҳидшавӣ ва оинномаи ҷамъият, ки дар натиҷаи муттаҳидшавӣ барпо меёбад, инчунин тасдиқи акти доду гирифт қарор қабул мекунад.
  3. Шартномаи муттаҳидшавӣ, ки ҳамаи иштирокчиёни ҷамъияти дар натиҷаи муттаҳидшавӣ барпоёфта имзо кардаанд, дар баробарии оинномаи он ҳуҷҷати таъсисотӣ буда, бо талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Қонун нисбат ба шартномаи таъсисотӣ пешниҳод менамояд, бояд мувофиқ бошад.
  4. Дар ҳолати аз ҷониби мачлиси умумии иштирокчиёни ҳар кадом ҷамъияте, ки дар азнавташкилкунӣ ба шакли муттаҳидшавӣ иштирок менамоянд, қабул кардани қарор оиди чунин азнавташкилкунӣ ва тасдиқи шартномаи муттаҳидшавӣ, оинномаи ҷамъияти дар натиҷаи муттаҳидшавӣ барпогардида ва акти доду гирифти интихоби мақомоти иҷроияи ҷамъияте, ки дар натиҷаи муттаҳидшавӣ барпо меёбад, дар маҷлиси умумии якчояи иштирокчиёни ҷамъият, ки дар муттаҳидшавӣ иштирок мекунанд, сурат мегирад.

Мўҳлат ва тартиби гузаронидани чунин маҷлиси умумиро шартномаи муттаҳидшавӣ муайян менамояд.

Мақомоти яккасардории иҷроияи ҷамъияте, ки дар натиҷаи муттаҳидшавӣ барпо мегардад, амали вобаста ба қайдгирии давлатии ин ҷамъиятро ба ҷо меоварад.

  1. Дар мавриди муттаҳидшавӣ ҷамъиятҳо ҳамаи ҳуқуқу ўҳдадории ҳар кадоми онҳо мутобиқи акти доду гирифт ба ҷамъияте мегузарад, ки дар натиҷаи муттаҳидшавӣ барпо меёбад.

 

Моддаи 59.   Ҳамроҳшавии ҷамъият

  1. Қатъгардии як ё якчанд ҷамъият бо додани  ҳамаи ҳуқуқу ўҳдадориҳои онҳо ба ҷамъияти дигар ҳамроҳшавии ҷамъият  ҳисобида мешавад.
  2. Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҳар кадом ҷамъияте, ки дар азнавташкилкунӣ дар ба шакли ҳамроҳшавӣ иштирок менамояд, дар бораи чунин азнавташкилкунӣ, тасдики шартномаи ҳамроҳшавӣ ва оинномаи дар бораи тасдиқи акти доду гирифт қарор қабул менамояд.
  3. Маҷлиси умумии якҷояи иштирокчиёни ҷамъиятҳое, ки дар ҳамроҳшавӣ иштирок менамоянд, ба ҳуҷҷатҳои таъсисотии ҷамъияте, ки нисбати он ҳамроҳшавӣ сурат мегирад, тағйироти вобаста ба хайати иштирокчиёни ҷамъият, муайян кардани ҳаҷми ҳиссаҳои онҳо, дигар тағйироти пешбиникардаи шартномаи ҳамроҳшавиро ворид менамояд, инчунин дар мавриди зарурат дигар масъалаҳо, аз ҷумла масъалаи интихоби мақомоти ҷамъиятро, ки нисбати он ҳамроҳшавӣ сурат мегирад, ҳал мекунад. Мўҳлату тартиби гузарондани чунин маҷлиси умумиро шартномаи ҳамроҳшавӣ муайян менамояд.
  4. Ҳангоми ҳамроҳшавии ҷамъиятҳо ҳамаи ҳуқуқу ўҳдадориҳои ҳар яке аз онҳо ба ҷамъияте, ки дар натиҷаи ҳамроҳшавӣ барпо карда мешавад,  мутобиқи акти доду гирифт мегузарад.

 

Моддаи 60.   Тақсимшавии ҷамъият

1.Қатъгардии ҷамъият ва гузаштани ҳамаи ҳуқуқу ўҳдадориҳои он ба ҷамъиятҳои навро  тақсимшавии ҷамъият меноманд..

  1. Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҳар як ҷамъияте, ки бо шакли тақсимот азнавташкил карда мешавад, дар бораи чунин азнавташкилдиҳӣ, тартибу шартҳои тақсими ҷамъият, таъсиси ҷамъиятҳои нав ва тасдиқи баланси  тақсимот қарор қабул мекунад.
  2. Иштирокчиёни ҳар кадом ҷамъияте, ки дар натиҷаи тақсимот барпо меёбад, шартномаи таъсисотӣ имзо мекунанд. Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҳар кадом ҷамъияте, ки дар натиҷаи тақсимот барпо меёбад, оинномаро тасдиқ ва мақомоти ҷамъиятро интихоб менамояд.
  3. Ҳангоми тақсими ҷамъият ҳамаи ҳуқуқу ўҳдадориҳои он мутобиқи баланси тақсимот ба ҷамъиятҳое мегузарад, ки дар натиҷаи тақсимот барпо шудаанд.

 

Моддаи 61.   Ҷудошавии ҷамъият

1.Барпо  ёфтани як ё якчанд ҷамъият, бо додани як қисми ҳуқуқу ўҳдадориҳои ҷамъияти азнавташкилшаванда бидуни қатъгардии оҳирон ҷудошавии ҷамъият ҳисобида мешавад.

  1. Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъияте, ки бо шакли ҷудошавӣ аз навташкилкарда мешавад, дар бораи чунин азнавташкилкунӣ, тартибу шартҳои ҷудошавӣ, таъсиси ҷамъияти (ҷамъиятҳои) нав ва тасдиқи баланси тақсимот қарор қабул намуда, бо ҳуҷҷатҳои таъсисотии ҷамъияте, ки ба шакли ҷудошавӣ аз нав таъсис дода мешавад, тағйироти вобаста ба ҳайати иштирокчиёни ҷамъият, муайян кардани ҳаҷми ҳиссаи онҳо ва дигар тағйироти пешбиникардаи қарори ҷудошавиро ворид месозад, инчунин дар мавриди зарурат дигар масъалаҳо, аз ҷумла масъалаи интихоби мақомоти ҷамъиятро ҳал менамояд.

Иштирокчиёни ҷамъияти ҷудошаванда шартномаи таъсисотиро имзо мекунанд. Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъияти ҷудошаванда оинномаи онро тасдиқ ва мақомоти ҷамъиятро интихоб менамояд.

Агар иштирокчии ягонаи ҷамъияти ҷудошаванда ҷамъияти азнавташкилёфта бошад, маҷлиси умумии ин ҷамъият дар бораи  азнавташкилнамоии  ҷамъият ба шакли ҷудошавӣ, тартибу шартҳои ҷудошавӣ қарор қабул намуда, инчунин оинномаи ҷамъияти ҷудошаванда ва баланси тақсимотро тасдиқ ва мақомоти ҷамъияти ҷудошавандаро интихоб мекунад.

  1. Ҳангоми аз ҷамъият ҷудо шудани як ё якчанд ҷамъият ба ҳар кадоми онҳо як қисми ҳуқуқу ўҳдадориҳои ҷамъияти азнавташкилёбанда мутобиқи баланси тақсимот мегузарад.

 

Модда  62.   Табдилшавии ҷамъият

  1. Ҷамъият ҳақ дорад ба ҷамъияти саҳҳомӣ, ҷамъияти дорои масъулияти иловагӣ ё кооперативи истеҳсолӣ табдил ёбад.
  2. Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки бо шакли табдилшавӣ азнавташкил карда мешавад, дар бораи чунин азнавташкилкунӣ, тартибу шартҳои табдилшавӣ, тартиби мубодилаи ҳиссаҳои иштирокчиёни ҷамъият ба саҳмияҳои ҷамъияти саҳҳомӣ, ҳиссаи иштирокчиёни ҷамъияти дорои масъулияти иловагӣ ё ҳақи аъзои кооперативи истеҳсолӣ, тасдиқи оинномаи ҷамъияти саҳҳомии дар натиҷаи табдилсозӣ ба вуҷудоянда, ҷамъияти дорои масъулияти иловагӣ ё кооперативи истеҳсолӣ, инчунин дар бораи тасдиқи акти доду гирифт қарор қабул мекунад.
  3. Иштирокчиёни шахси ҳукуқие, ки дар натиҷаи табдилсозӣ барпо меёбад, дар бораи интихоби мақомоти он мутобиқи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди чунин шахсони ҳуқуқӣ қарор қабул намуда, ба мақомоти дахлдор супориш медиҳад, ки амалҳоро вобаста ба ворид намудани маълумот оид ба тағйир ёфтани шакли ташкилию ҳуқуқии шахси ҳуқуқӣ ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ иҷро намояд. (қҷт. 29.12.10 №656)
  4. Ҳангоми дигаргун шудани ҷамъият ҳамаи ҳуқуқу ўҳдадориҳои ҷамъияти азнавташкилёфта мутобиқи акти доду гирифт ба шахси ҳуқуқӣ, ки дар натиҷаи табдилсозӣ барпо шудааст мегузарад.

 

Моддаи 63.   Барҳам додани ҷамъият

  1. Ҷамъият метавонад ихтиёрӣ бо тартиби муқарраркардаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти талаботи ҳамин Қонун ва оинномаи ҷамъият барҳам дода шавад. Ҷамъият метавонад инчунин бо қарори суд дар асосҳои пешбиникардаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шавад.

Барҳам  хўрдани ҷамъият боиси қатъ ёфтани он бидуни ба шахсони дигар гузаштани ҳуқуқу ўҳдадориҳо бо тартиби гузашти ҳуқуқ  мегардад.

  1. Қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият дар бораи барҳамхурии ихтиёрии ҷамъият ва таъин кардани комиссияи барҳамдиҳӣ бо пешниҳоди Шўрои директорони (Шўрои мушоҳидакорони) ҷамъият, мақомоти иҷроияи ё иштирокчии ҷамъият қабул карда мешавад. (қҷт. 29.12.10 №656)
  2. 4. Дар ҳолате, ки агар иштирокчии ҷамъияти барҳамхуранда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ба ҳайати комиссияи барҳамдиҳӣ намояндаи мақомоти давлатии идораи амволи давлатӣ, муассисаи махсусе, ки амволи давлатиро мефурўшад, фурўшандаи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти маҳаллӣ дохил карда мешавад. Дар мавриди иҷро накардани ин талабот мақомоте, ки ҷамъиятро ба қайди давлатӣ мегирад, ҳақ надорад ба таъин кардани комиссияи барҳамдиҳӣ розигӣ диҳад. (қҷт. 29.12.10 №656)
  3. Тартиби барҳамдиҳии ҷамъиятро Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 64.   Тақсими амволи ҷамъияти барҳамхўранда дар байни иштирокчиёни он

  1. Амволи баъди ҳисобу китоби бо кредиторҳо анҷом додашудаи боқимондаи ҷамъияти барҳамхўранда аз ҷониби комиссияи барҳамдиҳӣ дар байни иштирокчиёни ҷамъият бо навбати зерин тақсим карда мешавад:

-дар навбати аввал ба иштирокчиёни ҷамъият  қисми фоидаи тақсимшуда, вале  пардохт карданашуда дода мешавад;

-дар навбати дуюм амволи ҷамъияти барҳамхўранда дар байни иштирокчиёни ҷамъият мутаносибан ба ҳиссаи онҳо  дар сармояи оинномавии ҷамъият тақсим карда мешавад.

  1. Талаботи ҳар навбат баъди пурра қонеъ шудани талаботи навбати пешина қонеъ гардонда мешавад. Агар амволи мавҷудаи ҷамъият барои пардохти на қисми пардохтнашудаи фоида, балки пардохти фоидаи тақсимшуда нокифоя бошад, амволи ҷамъият дар байни иштирокчиёни он мутаносибан ба ҳиссаи онҳо дар сармояи оинномавии ҷамъият тақсим карда мешавад.

 

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                    Э.Ш.Раҳмонов

ш. Душанбе, 10 майи соли 2002

№  53

ШАРИКОН: