ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи Феҳристҳои давлатӣ

(АШОҶТ, с. 1992, №9, мод. 126, АМОҶТ с.1996, №23, мод. 356; с.2002, №4, қ.1, мод. 221; с.2008, №12, қ.2, мод.993; с.2010, №12, қ.1, мод.803)

 

Боби 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мақсади Феҳрист

Қонуни мазкур тартиби таъсис, корбарӣ ва барҳамдиҳии Феҳристҳои давлатиро муқаррар менамояд. «қҷт 31.12.08 №459»

Мақсади таъсис ва Феҳристдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъоварӣ ва маҳфуз нигоҳ доштани маълумоти асоснок дар бораи маҷмўи пурраи объектҳои категорияи муайян барои истифодаи он дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатию идора ва дар дигар ҳолатҳои бо Қонуни мазкур пешбинишуда мебошад.

 

Моддаи 2. Таърифи Феҳристи давлатӣ

Регистри давлатӣ аз маҷмўи далелҳо иборат мебошад ва дар ҳудуди категорияи аниқ муайянгардида маълумотҳоро дар бораи тамоми объектҳо дар бар мегирад. Таъсис, корбарӣ ва истифодабарии Феҳристи давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Феҳристҳои алоҳидаро танзим мекунанд, сурат мегирад. «қҷт 31.12.08 №459»

 

Моддаи 21 . Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Феҳристи давлатӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Феҳристи давлатӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. «қҷт 31.12.08 №459»

 

Моддаи 3. Намудҳои Феҳрист

  1. Феҳристи давлатӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ шуда метавонад.
  2. Феҳристҳои ҷумҳуриявӣ объектҳои категорияҳои дахлдорро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бар мегиранд (Феҳристи корхонаҳо, Феҳристи аҳолӣ, Феҳристи замин, Феҳристи сарватҳои табиӣ ва ғайра).
  3. Мақомоти худидоракунии маҳаллӣ барои такмили Феҳристҳои ҷумҳуриявӣ метавонанд захираҳои маҳаллиро, ки маҷмўи маълумотҳоро барои худидоракунии маҳаллӣ дар бар мегиранд, таъсис диҳанд (Феҳристи қишлоқҳо, Феҳристи биноҳо ва ғайра). «қҷт 31.12.08 №459»

 

Боби 2. ТАЪСИСИ ФЕҲРИСТҲОИ ДАВЛАТӢ

 

Моддаи 4. Муассиси Феҳрист ва корбари Феҳрист

Феҳристи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархости мақомоти давлатӣ таъсис дода мешавад. Ҷамъоварӣ, сабту нигоҳдорӣ, назорат ва ташкили истифодабарии маълумотҳоро муассиси Феҳрист ё мақоме, ки феҳристдор номида мешавад, мебарад.

 

Моддаи 5. Таъсиси Феҳристи Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Феҳристи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархости мақомоти давлатӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад. Ҳангоми таъсис додани Феҳристи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудияти ҳуҷҷатҳои зерин зарур мебошад:

а) лоиҳаи Низомнома дар бораи Феҳрист;

б) хулосаи мақоми давлатии омор дар хусуси зарурати таркиб, ҷамъоварӣ ва истифодабарии маълумотҳо;

в) лоиҳаи харҷномаи Феҳрист. (қҷт аз 14.12.96, № 331); «қҷт 31.12.08 №459»

  1. Таркиби маълумотҳои Феҳрист бо розигии муассиси он аз тарафи феҳристдор васеъ карда мешавад.
  2. Феҳристе, ки маълумотҳои шахсии шаҳрвандонро дар бар мегирад, бо Қонуни алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикстон муайян карда мешавад.

Моддаи 6. Таъсиси Феҳристи маҳаллӣ

Регистри маҳаллӣ бо қарори мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар худуди таркиби маълумотҳое, ки дар Феҳристи давлатӣ пешбинӣ шудаанд, таъсис дода мешавад. Дар ҳолатҳои дигар бошад, мақомоти маҳалии худидора ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани иҷозати таъсиси Феҳрист бо таркиби маълумотҳои васеъ дархост, лоиҳаи Низомнома дар бораи Феҳрист ва хулосаи мақоми давлатии омори ҷумҳуриро дар хусуси мувофиқи мақсад будани васеъгардонии таркиби маълумотҳои Феҳрист пешниҳод мекунанд. (қҷт аз 14.12.96, №331); «қҷт 31.12.08 №459»

 

Моддаи 7. Эълон кардани тавсифи Феҳрист, мутобиқати он ба меъёрҳо

Таркиб ва усулҳои истифодабарии маълумотҳои Феҳрист дар матбуот чоп карда мешаванд. Тасниф ва кодгузории маълумотҳо бояд ба меъёрҳои  байналмилалӣ мутобиқат кунанд. «қҷт 31.12.08 №459»

 

Моддаи 8. Пешниҳод намудани маълумотҳо

  1. Маълумоте, ки ворид намудани он ба Феҳристи давлатӣ ҳатмӣ мебошад, ба истиснои маълумоте, ки таҳти амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» қарор мегирад, аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешниҳод карда мешавад.
  2. Маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ аз тарафи мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» пешниҳод карда мешавад.(қҷт. 29.12.10 №641)

 

Моддаи 9. Барҳамдиҳии Феҳристҳои давлатӣ

Феҳристи давлатӣ аз тарафи мақоме, ки таъсис додааст, бо пешниҳоди корбари Феҳрист ва дар сурати мавҷуд будани хулосаи мақоми давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистои дар хусуси мувофиқи мақсад будани барҳамдиҳии Феҳрист, барҳам дода мешавад. (қҷт 14.12.96, №331)

Маълумотҳое, ки дар Феҳристи барҳам додашаванда нигоҳ дошта мешуданд, ба бойгонӣ супурда мешаванд ё мувофиқи Низомнома дар бораи Феҳрист нобуд карда мешавад. «қҷт 31.12.08 №459»

 

Боби 3. Феҳристдорӣ  ва истифодаи феҳристи давлатӣ «қҷт 31.12.08 №459»

 

Моддаи 10. Ҳуқуқ ва вазифаҳои феҳристдор

  1. Агар феҳристдори давлатӣ ба саҳеҳии маълумоти феҳрист шубҳа дошта бошад, ҳақ дорад дар бораи объектҳои бақайдгирифташуда ба маълумотдиҳандагон дархост равон намояд.
  2. Феҳристдор вазифадор аст маълумотҳоро аз истифода ва интишори ғайриқонунӣ, тағйир додан ва нобуд сохтан ҳимоя намояд.
  3. Феҳристдор вазифадор аст ба талаботу дархостҳои дар қисми 1 моддаи 11 Қонуни мазкур зикршуда дар давоми се рўзи корӣ ҷавоб гардонад. «қҷт 31.12.08 №459»

 

Моддаи 11. Ҳуқуқ ва вазифаҳои объекти бақайдгирифташуда

  1. Ҳар кадом объекти бақайдгирифташуда ё соҳиби он ҳақ дорад аз корбари Феҳрист маълумотҳоеро, ки дар бораи объект дар Феҳристи давлатӣ нигоҳ дошта мешаванд, гирад, ҳамчунин ба Феҳристдор дар хусуси мавҷудият, асоснокӣ ё пуррагии он маълумотҳо равон намояд.
  2. Объекти бақайдгирифташуда ё соҳиби он вазифадор аст асоснокии маълумотҳои барои ба Феҳрист дохил кардан пешниҳодшуда ва таҷдиди онҳоро мувофиқи тартиби дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида таъмин намояд.
  3. Объекти бақайдгирифташуда ё соҳиби он вазифадор аст ба дархости дар қисми 1 моддаи 10 Қонуни мазкур зикршуда дар давоми даҳ рўзи корӣ ҷавоб гардонад.

 

Моддаи 12. Истифодабарии маълумотҳои Феҳристҳо

  1. Ҳуқуқи истифодаи хизматии Феҳристи давлатиро шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар низомнома дар бораи Феҳрист муайянгардида доранд. «қҷт 31.12.08 №459»
  2. Истифодаи маълумотҳои дар Феҳристи давлатӣ мавҷудбуда бо мақсадҳое, ки мухолифи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомнома дар бораи Феҳрист мебошанд, манъ аст. «қҷт 31.12.08 №459»
  3. Маълумотҳои дар Феҳристи давлатӣ мавҷудбуда барои истифодабарӣ дар кор ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд мувофиқи Низомнома дар бораи Феҳрист дода шаванд. Шахсе, ки ба ў маълумотҳои дар Феҳрист мавҷудбуда дода шудаанд, метавонад онҳоро танҳо барои мақсадҳое, ки ҳангоми додани маълумотҳо муайян гардидаанд истифода намояд. Маълумотҳо дар бораи тамоми шахсоне, ки ба онҳо маълумотҳои Феҳрист дода шудаанд, дар архиви Феҳрист маҳфуз дошта мешаванд. «қҷт 31.12.08 №459»
  4. Барои таъмини саҳеҳии маълумотҳои регистри давлатӣ дар панҷ сол як маротиба объектҳои Феҳрист аз нав ба қайд гирифта шаванд. (қҷт 03.05.02, №22)

 

Моддаи 13. Додани кодҳо ба объектҳои бақайдгиранда

Баъди бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ба қайд гирифтани шахсоне, ки таҳти амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» қарор намегиранд, муассисаҳои бонкҳо дар сурати мавҷуд будани варақаи бақайдгирии додани кодҳои мақоми омори давлатӣ, ки Феҳристи корхонаю, муассисаҳо, фирмаҳо, сарфи назар аз шаклҳои моликияташон, инчунин соҳибкорони инфиродиро ба қайд мегиранд, суратҳисоб ва дигар ҳисобномаҳо мекушояд. (қҷт 14.12.96, №331); «қҷт 31.12.08 №459»; (қҷт. 29.12.10 №641)

  

Моддаи 14. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. «қҷт 31.12.08 №459»

 

        Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                                   Р. НАБИЕВ

11 марти соли 1992, шаҳри Душанбе,

                   № 564

ШАРИКОН: