ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи баҳои замин

(АМОҶТ с. 2001, №4,мод.185; с.2007., №5, мод.367)

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии баҳои заминро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда, гузаронидани маҷмўи баҳои заминро муайян мекунад.

 

Боби 1. МУҚАРРОРОТИ УМУМӢ                

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ ва истилоҳот

Баҳои замин – нишондиҳандаҳои кадастрии баҳои замин, ки барои ҳалли маҷмўи масъалаҳои амалӣ дар соҳаи муносибатҳои замин, ташкили банақшагирӣ ва идоракунии истеҳсолоти кишоварзӣ ва ҳалли масъалаҳои истифодаи сарфакоронаи захираҳои замини ҷумҳурӣ, ҳамчун асоси илмӣ хизмат мекунад.

Баҳои кадастрии давлатӣ – маҷмўи чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва техникӣ мебошанд, ки барои муайян кардани арзиши кадастрии қитъаҳои замин то ҳолатҳои санаи муайян равон гардидааст.

Арзиши кадастрии қитъаи замин –арзиши қитъаи замин, ки дар асоси тавсифи қитъаи замин бо истифодаи усул ва қоидаҳои коркарди ахбори омор муайян карда шудааст.

Нархи меъёрии замин – нишондиҳандаи асосии баҳои замин бо ифодаи пулӣ, ки арзиши сифати муайян ва ҷойгиршавии қитъаи заминро тавсиф мекунад.

Минтақаи кадастрӣ – як қисми ҳудудии маъмурию минтақавӣ, ки аз рўи шароитҳои хокию иқлимӣ ва иқтисодӣ якхела мебошанд.

 

Моддаи 2. Баҳои замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳои замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муқаррар намудани нархи меъёрии замин бо максади андозбандии вокеӣ, пардохти иҷора, муҳайё намудани шароит барои сарфакорона истифода бурдани замин, муҳофизату азхудкунии он ва баланд бардоштани ҳосилнокии хок анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 3. Муайян намудани минтақаи кадастрӣ

Аз рўи натиҷаҳои гузаронидани корҳои баҳогузории замин, мансубияти ҳудуди мушаххас ба минтақаҳои кадастрӣ муайян карда мешавад.

Тартиби гузаронидани корҳои баҳогузории замин барои муайян кардани минтақаҳои кадастрӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

 

Моддаи 31. Имконнопазирии баҳодиҳии замини таъиноти кишоварзӣ дар ҳолати набудани маводҳои ибтидоӣ

Баҳодиҳии замини таъиноти кишоварзӣ (заминҳои корам, ниҳолҳои бисёрсола) дар ҳолати набудани нишондиҳандаҳои баҳои сифати хок ва тавсифномаи майдонҳо анҷом дода намешавад. (қҷт 12.05.07 №262)

 

Моддаи 4. Қонунгузорӣ дар бораи баҳои замин

Қонунгузорӣ дар бораи баҳои замин ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур, дигар қонунҳо, санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 5. Объекти баҳодиҳӣ

Объекти баҳодиҳӣ қитъаи замин ё маҷмўи қитъаҳои замин, ғайр аз иншоотҳои дар онҳо ва дар зери замин буда, мебошанд.

 

Моддаи 51. Қитъаи замине, ки мавриди баҳодиҳӣ қарор дода намешавад

Қитъаҳои замини боғҳои миллӣ, дендрологӣ, ботаникӣ, мамнўъгоҳҳо, фонди давлатии ҷангал, фонди давлатии об, ёдгориҳои таърихӣ, динӣ, заминҳои захираи озоди давлатӣ, инчунин қитъаҳои замине, ки ба муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои соҳаҳои маориф, кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал бо мақсади гузаронидани таҷриба ва иҷрои корҳои илмиву тадқиқотӣ ҷудо карда шудаанд, мавриди баҳодиҳӣ қарор дода намешаванд. (қҷт 12.05.07 №262)

 

Моддаи 6 хориҷ карда шавад. (қҷт 12.05.07 №262)

 

БОБИ II

БАҲОИ КАДАСТРИИ ДАВЛАТИИ ЗАМИН

 

Моддаи 7. Ташкили баҳои кадастрии давлатии замин

Гузаронидани баҳои кадастрии давлатии замин дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад.

Баҳои кадастрии давлатии замин барои муқаррар намудани арзищи кадастрии қитъаҳои замини таъиноти мақсаднокиашон гуногун гузаронида мешавад.

Баҳои кадастрии давлатии замин аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба заминсозӣ ва мақомоти маҳаллии он гузаронида мешавад. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба заминсозӣ барои гузаронидани баҳои кадастрии давлатии замин метавонад ташкилотҳои соҳавиро дар асоси шартнома ҷалб намояд. (қҷт 12.05.07 №262)

Асоси баҳогузории кадастрии давлатии заминро маълумоти кадастрии давлатии замин, шаҳрсозӣ, ҷангал, об ва дигар кадастрҳо ташкил медиҳанд.

Маълумоти баҳои кадастрии давлатии замин ба кадастри давлатии замин, шаҳрсозӣ, ҷангал, об ва дигар ҳуҷҷатҳои кадастрӣ дохил карда мешавад.

Маълумотҳои охирини ҳисоби баҳои кадастрии давлатии замин то гузаронидани баҳои минбаъдаи кадастрии давлатии замин нишондиҳандаҳои асосӣ буда, ҳар сол бо дарназардошти тағйиротҳои тавозуни замин, нархҳои мавҷудаи бозорӣ аз нав дида баромада шуда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

 

Моддаи 8. Намудҳои баҳои кадастрии давлатии замин

Баҳои кадастрии замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани баҳогузории умумии кадастрии замин ва баҳогузории инфиродии кадастрии қитъаи заминро пешбинӣ менамояд.

Баҳогузории умумии кадастрии замин оид ба муайянкунии арзиши он дар тамоми ҳудуди ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.

Баҳогузории инфиродии кадастрии замин муайян кардани арзиши қитъаи мушаххаси заминро пешбинӣ менамояд.

 

Моддаи 9. Маблағгузории баҳои кадастрии давлатии замин

Маблағгузории корҳои баҳои  кадастрии давлатии замин аз ҳисоби маблағҳои буҷети адавлатӣ гузаронида мешавад.

 

Моддаи 10. Усулҳо ва тартиби баҳои кадастрии давлатии замин

Усулҳо ва тартиби баҳои кадастрии давлатии заминро бо пешниҳоди мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба заминсозӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад. (қҷт 12.05.07 №262)

 

Моддаи 11. Дар амал ҷорӣ намудани натиҷаҳои баҳои кадастрии давлатии замин

Натиҷаҳои баҳои кадастрии давлатии замин бо пешниҳоди  мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба заминсозӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва аз аввали ҳар сол ҷорӣ карда мешаванд. (қҷт 12.05.07 №262)

Арзиши кадастрии қитъаи замин, ки ба кадастри давлатии замин дохил шудааст, то баҳои навбатии кадастрии давлатии замин тағйир намеёбад, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки дар моддаи 7 Қонуни мазкур пешбинӣ гардидааст.

 

Моддаи 12. Баррасии баҳсҳо

Баҳсҳое, ки дар натиҷаи гузаронидани баҳои кадастрии давлатии замин ба амал меоянд, бо тартиби судӣ баррасӣ мешаванд.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                            Э.Раҳмонов

ш.Душанбе, 12 майи соли 2001

№ 18

ШАРИКОН: