Қонуни ҶТ «Дар бораи ғалла»

(АМОҶТ  с. 2006, №7, мод. 348)

 

Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки дар раванди истеҳсол, тозакунӣ, нигоҳдорӣ ва фурўши ғалла, идоракунии сифати ғалла ва тайёр кардани ғаллаи озуқаворӣ, маводи ему хошоки чорво, парранда ва тухмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён меоянд, танзим менамояд.

 

БОБИ 1

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода шудаанд:

-ғалла –ҳосили зироатҳои хўшадор, лўбиёӣ ва равғандор, ки ба мақсадҳои хўрокворӣ, тухмӣ, ему хошоки чорво, парранда ва техникӣ истифода мешаванд;

-истеҳсоли ғалла— маҷмўи чорабиниҳои агротехникие, ки барои парвариши ғалла равона карда шудааст;

-ғаллаи озуқаворӣ— ғаллае, ки ба мақсади хўрокворӣ истифода бурда мешавад;

-ғаллаи тухмӣ -ғаллае, ки аз рўи сифат ва навъҳо ҷудо карда шудааст ва ба мақсадҳои кишт кардан истифода бурда мешавад;

-ғаллаи маводи ему хошок-ғаллае, ки барои хўроки чорво ва паррандаҳо истифода бурда мешавад;

-бехатарии озуқаворӣ-ҳолати иқтисодиёт, аз ҷумла комплекси агросаноатии он, ки бо захираҳои дахлдор, иқтидор ва кафолатҳо таъмин карда шудааст, новобаста аз шартҳои дохилӣ ва берунӣ, ки зимни он талаботи аҳолӣ ба маводи хўрокворӣ мутобиқи меъёрҳои физиологии ғизо қонеъ гардонида мешавад;

-захираҳои давлатии ғалла –захираҳои давлатии ғалла, ки бо мақсади таъмини бехатарии озуқаворӣ ва иҷрои ўҳдадориҳои давлатӣ, инчунин барои ҳимоя ва танзими бозори ғалла пешбинӣ карда шудаанд;

-сифати ғалла – маҷмўи хосиятҳои истеъмолии ғалла, ки мутобиқати онро ба талаботи стандартҳои давлатӣ, шартҳои техникӣ, меъёрҳои санитарӣ, байторӣ, фитосанитарӣ, гигиенӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ муайян менамояд;

-сертификати сифати ғалла— ҳуҷҷатест, ки мутобиқати сифати ғалларо ба талаботи стандартҳои давлатӣ тасдиқ мекунад;

-корхонаи қабули ғалла— шахси ҳуқуқие, ки ба амбори ғалла (элеватор, пункти қабули ғалла), ки дар онҳо ғалла нигоҳ дошта мешавад, ҳуқуқи моликият дорад;

-нигоҳдории ғалла— маҷмўи технологии хизматрасонӣ дар амбори ғалла (элеватор, пункти қабули ғалла), ки он аз қабул карда гирифтани ғалла, дар тарозу баркашидан, хушконидан, тоза кардан, нигоҳ доштан ва интиқоли онро дар бар мегирад.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ғалла

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ғалла ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат аст.

 

Моддаи 3. Мақсад ва вазифаҳои қонунгузорӣ дар бораи ғалла

1.Ғалла сарвати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, яке аз омилҳои асосии устувории иқтисодиёти он мебошад.

2.Мақсади қонунгузорӣ дар бораи ғалла кам кардани вобастагии истеъмолкунандагони мамлакат аз бозори берунии ғалла бо роҳи дар мамлакат тараққӣ додани ғаллакорӣ ва коркарди маҳсулоти ғаллагӣ дар ташаккул ва инкишоф додани соҳа, фароҳам овардани муҳити мусоиди ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ барои истеҳсолкунандагони маҳаллӣ мебошад.

3.Вазифаи қонунгузорӣ дар бораи ғалла аз муқаррар кардани қоидаҳои умумии истеҳсоли ғалла, танзими бозори ғалла ва таъмини сифати маҳсулоти ғаллагӣ иборат аст.

 

Моддаи 4. Объектҳо ва субъектҳои фаъолияти ғаллакорӣ

1.Объектҳои фаъолияти ғаллакорӣ – ҳама намуди маҳсулоти ғаллагӣ, воситаҳои техникии коркарди замин, воситаҳои технологӣ, ки дар ҳамаи марҳалаҳо ба ин ё он шакл дар робитаанд, инчунин маводи ёрирасони табиӣ ва сунъие, ки дар фаъолияти ғаллакорӣ истифода мешаванд.

2.Субъектҳои фаъолияти ғаллакорӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд, ки бо истеҳсол, тайёркунӣ, нигоҳдорӣ, кашондан, фурўш, воридот ва содироти маҳсулоти ғаллагӣ машғуланд.

 

БОБИ 2

ИДОРАКУНӢ ВА ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ БОЗОРИ ҒАЛЛА

 

Моддаи 5. Мақсади идоракунии давлатии бозори ғалла

Мақсади идоракунии давлатӣ ва танзими бозори ғалла аз инҳо иборат аст:

-таъмини бехатарии озуқаворӣ;

-васеъ кардани бозори фурўши ғалла;

-таъмини сифати ғалла;

-таъмини вазъи бехатарии фитосанитарӣ;

-мувофиқ гардондани сохтори истеҳсоли ғалла бо назардошти шароити табиию иқлимӣ ва вазъи бозор, такмил додани технологияи истеҳсол, нигоҳдорӣ ва фурўши ғалла;

-бартараф кардани камчинии эҳтимолии хўрока дар чорводорӣ ва паррандапарварӣ дар доираи ҳаҷми захираҳои давлатӣ;

-ташаккул додани сиёсати маблағгузорӣ, қарзӣ, андозӣ ва гумрукӣ дар истеҳсоли ғалла.

 

Моддаи 6. Шаклҳои танзими давлатии бозори ғалла

Бозори ғалла аз тарафи давлат бо роҳҳои зерин танзим гардонда мешавад:

-сертификатонии ғалла мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-назорат ба фаъолияти лабораторияҳои аккредитатсияшудаи экспертизаи сифати ғалла;

-ташаккул додани захираҳои давлатии ғалла ва назорат ба ҳаҷму сифати онҳо;

-маблағгузории давлатӣ ба чорабиниҳои муҳофизат ва карантини растаниҳо;

-назорати риояи талаботҳои махсус аз ҷониби корхонаҳои қабули ғалла нисбати қоидаҳои нигоҳдории ғалла.

 

Моддаи 7. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳият дорад, ки:

-барномаи давлатии ғалла-барномаи инкишофи бозори ғалла ва истеҳсоли ғаллаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва амалӣ намояд;

-барномаҳои кўмаки давлатии истеҳсоли ғалларо тасдиқ кунад, барои ҷалб намудани маблағгузорӣ шароити мусоид фароҳам созад ва барои инкишофи бозори ғалла ва нигоҳ доштани устувории он чораҳо андешад;

-ҳаҷм, сохтор, қоидаҳои ташкил, нигоҳдорӣ ва истифодаи захираҳои давлатии ғалларо тасдиқ намояд;

-вобаста ба амалиёти ғалла созишномаҳои байниҳукуматӣ бандад.

 

Моддаи 8. Воридот ва содироти маҳсулоти ғаллагӣ

1.Аз давлатҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ғаллае метавонад ворид карда шавад, ки дар феҳристи давлатӣ ба қайд гирифта шуда, бо тартиби дахлдор сертификати мутобиқат ё шаҳодатномаи эътирофи онро дошта бошад.

2.Маҳсулоти ғаллагие, ки сертификати дахлдори дар ҳуҷҷатҳои меъёрии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшударо надорад, ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст танҳо бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ барои намоишгоҳҳо, бо мақсади тадқиқот ва гузаронидани санҷиш ворид карда шавад.

3.Содироти маҳсулоти ғаллагӣ бо тартиби муқарраркардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, амалӣ гардонда мешавад.

БОБИ 3

ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ ИСТЕҲСОЛ ВА ФУРЎШИ ҒАЛЛА

 

Моддаи 9. Шаклҳои дастгирии давлатӣ

Бо мақсади таъмин кардани устувории бозори ғалла давлат шаклҳои зерини дастгирии истеҳсол ва фурўши ғалларо амалӣ мегардонад:

-таъмини хоҷагиҳои махсуси тухмипарварӣ бо тухмҳои суперэлита ва элита барои истеҳсолкунандагони ғалла бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-ҷудо кардани маблағ аз буҷети давлатӣ барои чорабиниҳои карантинӣ ва муҳофизати растаниҳо;

-хариди ғалла барои захираҳои давлатии ғалла;

-аз захираҳои давлатӣ қарз додани тухмӣ ба молистеҳсолкунандагони кишоварзӣ;

-ба маблағ таъмин намудани чорабиниҳои мелиоративӣ, механикӣ ва техникӣ дар доираи барномаҳои давлатӣ;

-бо маблағ таъмин намудани барномаҳои тадқиқоти илмии селексия, тухмипарварӣ ва нигоҳдории ҳосилхезии хок;

-мусоидат барои ҷорӣ кардани технологияҳои нави истеҳсол ва нигоҳдории ғалла.

 

Моддаи 10. Захираҳои давлатии ғалла

  1. Захираҳои давлатии ғалла аз инҳо иборатанд:

–захираҳои давлатии ғаллаи озуқаворӣ;

–захираҳои давлатии ем;

-захираҳои давлатии ғаллаи тухмӣ;

-захираҳои давлатии фурўши ғалла;

-захираҳои давлатии эҳтиётӣ (ё амниятӣ).

2.Захираҳои давлатии ғалла аз ҳисоби истеҳсоли дохилӣ ва воридот ташкил меёбанд.

3.Захираҳои давлатии ғалла моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

4.Тартиби ташкил, нигоҳдорӣ, навкунӣ, ҷойивазкунӣ ва истифодабарии захираи давлатии ғалларо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

БОБИ 4

КОРХОНАҲОИ ҚАБУЛИ ҒАЛЛА

 

Моддаи 11. Таъиноти корхонаҳои қабули ғалла

  1. Корхонаҳои қабули ғалла амбори моли истифодаи умумӣ шуморида мешаванд.
  2. Хизматрасонӣ оид ба нигоҳдории ғалла аз ҷониби корхонаҳои қабули ғалла дар асоси шартнома анҷом дода мешавад.
  3. Корхонаҳои қабули ғалла фаъолияти худро оид ба нигоҳдории ғалла мутобиқи талаботи тахассусӣ ба роҳ мемонанд.

Моддаи 12. Вазифаҳои корхонаҳои қабули ғалла

Корхонаҳои қабули ғалла вазифадоранд, ки:

-тартиби нигоҳдории ғалла, инчунин чорабиниҳоеро, ки нигоҳдории ҳаҷму сифати ғалларо мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии бо тартиби муқаррарӣ тасдиқшуда таъмин менамоянд, риоя кунанд;

-дар ҳолати зарурӣ ғалларо барои санҷиш бо тартиби муқарраршуда интихоб карда гиранд;

-хароҷоти корхонаҳои қабули ғалларо барои нигоҳдории ғалла мутобиқи шартнома ҷуброн кунанд.

БОБИ 5

СИФАТИ МАҲСУЛОТИ ҒАЛЛАГӢ

 

Моддаи 13. Таъмини сифати маҳсулоти ғаллагӣ

Сифати маҳсулоти ғаллагӣ ба усулҳои зерин таъмин карда мешавад:

-бамеъёрдарории талаботи сифати маҳсулоти ғаллагӣ;

-арзёбии сифати маҳсулоти ғаллагӣ ва бақайдгирии давлатии гигиении он;

-сертификатонии маҳсулоти ғаллагӣ;

-назорати давлатӣ ба сифати маҳсулоти ғаллагӣ.

 

Моддаи 14. Бамеъёрдарории талаботи сифати маҳсулоти ғаллагӣ

  1. Бамеъёрдарории талаботи таъмини сифати маҳсулоти коркарди ғалла бо тартиби бамеъёрдарории талаботи сифат ва бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ анҷом дода мешавад.
  2. Бамеъёрдарории таъмини сифати ғалла аз муайян кардани стандартҳо ва талаботе иборат мебошад, ки шароити истеҳсолот, тайёркунӣ, ба дараҷаи сифатнокӣ расонидан, кашондан, нигоҳдорӣ, коркард ва фурўши намудҳои гуногуни ғалларо танзим менамояд.

3.Риояи тартиби бамеъёрдарории талаботи таъмини сифати маҳсулоти ғаллагӣ барои ҳамаи субъектҳои фаъолияти ғаллакорӣ ҳатмӣ мебошад.

 

Моддаи 15. Арзёбии сифати маҳсулоти ғаллагӣ ва бақайдгирии давлатии гигиении он

  1. Сифати маҳсулоти ғаллагӣ дар лабораторияҳои махсус бо тартиби муқарраргардида аз рўи методикаи ягона арзёбӣ карда мешавад.
  2. Таркиби маҳсулоти ғаллагӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол мешавад ё ба ҷумҳурӣ ворид мегардад, аз рўи нишондиҳандаҳои кимиёвӣ, биологӣ, токсикологӣ ва радиологӣ таҳлил ва арзёбӣ карда мешавад.
  3. Маҳсулоти коркарди ғалла аз ҷониби мақомоти дахлдор дар феҳристи давлатӣ низ аз қайди гигиенӣ гузаронида мешавад.

 

Моддаи 16. Сертификатонии маҳсулоти ғаллагӣ

  1. Ба маҳсулоти ғаллагӣ, ки аз рўи нишондиҳандаҳои сифат арзёбӣ шудааст, инчунин ба маҳсулоти коркарди ғаллае, ки аз қайди давлатии гигиенӣ гузаштааст, сертификатҳои сифати ғалла дода мешаванд.
  2. Қоидаҳои сертификатонии маҳсулоти ғаллагӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим ва аз тарафи мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат карда мешаванд.

 

Моддаи 17.Назорати давлатӣ ба сифати маҳсулоти ғаллагӣ

1.Мақсади назорати давлатӣ ба сифати маҳсулоти ғаллагӣ аз  ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ риоя шудани стандартҳо ва талаботе мебошад, ки истеҳсол, тайёркунӣ, нигоҳдорӣ, кашондан, фурўш, воридот ва содироти маҳсулоти ғалларо танзим менамояд.

2.Тартиби ташкил ва фаъолияти назорати давлатиро ба сифати маҳсулоти ғаллагӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

БОБИ 6

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 18. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 19. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                            Э.Раҳмонов

ш.Душанбе, 28 июли соли 2006

№ 200

ШАРИКОН: