Қонуни ҶТ «ДАР БОРАИ РЎЗҲОИ ИД»
(АМОҶТ с.2011, №7-8, мод. 608; с.2012, №7, мод.684; №12, қ.1, мод.1011, 1012; с. 2014, №7,қ.2, мод.401; с.2015, №3, мод.209; №7-9, мод.706; с.2016,№5, мод.371, №7, мод.619; с.2016,№11,мод.878)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии таҷлили рўзҳои идро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рўзҳои ид
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рўзҳои ид ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 2. Рўзҳои ид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзҳои зерин ҳамчун рўзҳои ид қайд карда мешаванд:
— Соли нав — 1 январ;
— Рўзи кормандони мақомоти гумрук — 22 январ; (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1362)
— Рўзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – 25 январ; (қҷт. 28.12.2012, №917)
— Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон — 23 феврал;
— Рўзи Модар — 8 март;
— Рўзи матбуот — 11 март;
— Рўзи кормандони мақомоти прокуратура — 14 март; (ҚҶТ аз 08.08.2015,№1218)
— Иди Сада – якшанбеи дуюми моҳи март;
— Рўзи зиёиёни эҷодкор — 20 март;
— Иди байналмилалии Наврўз — 21-24 март;
— Рўзи иқтисодчиён – 8 апрел;
— Рўзи Қўшунҳои дохилӣ — 10 апрел;
— Рўзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ – 18 апрел;
— Рўзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе – шанбеи сеюми моҳи апрел;
— Рўзи илми тоҷик — якшанбеи сеюми моҳи апрел;
— Рўзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ — 26 апрел;
— Рўзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон — 1 май;
— Рўзи кормандони мақомоти андоз – 4 май;
— Рўзи радио ва кормандони соҳаҳои алоқа — 7 май;
— Рўзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ — 9 май;
— Рўзи Шашмақом — 12 май;
— Рўзи байналмилалии оила -15 май;
— Рўзи ҷавонони Тоҷикистон — 23 май;
— Рўзи кормандони соҳаи стандартизатсия ва метрология – 25 май; (ҚҶТ аз 26.07.2014, №1104)
— Рўзи адвокатҳо — 26 май;
— Рўзи Қўшунҳои сарҳадӣ — 28 май;
— Рўзи кимёгарон — якшанбеи охири моҳи май;
— Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон — 1 июн;
— Рўзи байналмилалии муҳити зист ва рўзи обуҳавошиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон – 5 июн; (қҷт, 28.12.2012, №918)
— Рўзи кормандони соҳаи савдо, хизмати маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ — якшанбеи якуми моҳи июн; (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1362)
— Рўзи кормандони соҳаи саноати сабук — якшанбеи дуюми моҳи июн; (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1362)
— Рўзи Ваҳдати миллӣ — 27 июн;
— Рўзи байналмилалии кормандони соҳаи кооператсия — 6 июл; (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1362)
— Рўзи маъюбон — 8 июл;
— Рўзи моҳипарварон — якшанбеи дуюми моҳи июл;
— Рўзи металлург — якшанбеи сеюми моҳи июл;
— Рўзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ — 25 июл; (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1362)
— Рўзи кормандони сўхторнишонӣ — 30 июл;
— Рўзи варзишгарон — 10 август;
— Рўзи кормандони соҳаи сохтмон — якшанбеи дуюми моҳи август; (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1362)
— Рўзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ — 17 август;
— Рўзи кормандони роҳи оҳан — 17 август;
— Рўзи кормандони соҳаи тиб — 18 август; (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1362)
— Рўзи ихтироъкорон ва навоварон – якшанбеи сеюми моҳи август;
— Рўзи ангиштканон — якшанбеи охири моҳи август;
— Рўзи амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ — 1 сентябр;
— Рўзи дониш — 1 сентябр;
— Рўзи авиатсия — 3 сентябр;
— Рўзи Гвардияи миллӣ – 3 сентябр;
— Рўзи китоб — 4 сентябр;
— Рўзи кормандони саноати нафту газ — якшанбеи аввали моҳи сентябр;
— Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — 9 сентябр;
— Рўзи мелиораторон – 13 сентябр;
— Рўзи роҳсозон — якшанбеи дуюми моҳи сентябр;
— Рўзи кормандони ҷангал — якшанбеи сеюми моҳи сентябр;
— Рўзи Рўдакӣ — 22 сентябр;
— Рўзи мошинсозҳо — якшанбеи охири моҳи сентябр;
— Рўзи кормандони хизмати дипломатӣ – 29 сентябр; (ҚҶТ аз 23.07.2016,№1341)
— Рўзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ — 30 сентябр;
— Рўзи куҳансолон – 1 октябр;
— Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — 5 октябр;
— Рўзи омўзгорон — якшанбеи якуми моҳи октябр;
— Рўзи кишоварзӣ — 8 октябр;
— Рўзи Фалак – 10 октябр;
— Рўзи кормандони мақомоти адлия ва суд — якшанбеи дуюми моҳи октябр; (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1362)
— Рўзи соҳибкорон – 14 октябр; (ҚҶТ аз 18.03.2015, №1187)
— Рўзи кинои тоҷик — 16 октябр;
— Иди Меҳргон – якшанбеи сеюми моҳи октябр;
— Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — 6 ноябр;
— Рўзи театри тоҷик — 7 ноябр;
— Рўзи милитсия – 10 ноябр;
— Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 16 ноябр; (ҚҶТ аз 14.05.2016,№1320)
— Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — 24 ноябр;
— Рўзи геологҳо – 9 декабр; (қҷт. 03.07.2012, №834)
— Рўзи кормандони мақомоти молия – 7 декабр;
— Рўзи ҳуқуқи инсон – 10 декабр
— Рўзи байналмилалии муҳоҷирон – 18 декабр;
— Рўзи энергетика — 22 декабр;
— Рўзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ- 28 декабр;
— Иди Рамазон — ҳар сол дар рўзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба корҳои дин муқаррар карда мешавад;
— Иди Қурбон — ҳар сол дар рўзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба корҳои дин муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1362)
Моддаи 3. Рўзҳои иди ғайрикорӣ
Рўзҳои зерини ид рўзҳои ғайрикорӣ дониста мешаванд:
— 1 январ — Соли нав;
— 8 март — Рўзи Модар;
— 21-24 март — Иди байналмилалии Наврўз;
— 1 май — Рўзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон;
— 9 май — Рўзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ;
— 27 июн — Рўзи Ваҳдати миллӣ;
— 9 сентябр — Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— 6 ноябр — Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— Рўзи иди Рамазон — ҳар сол дар рўзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба дин муқаррар карда мешавад;
— Рўзи иди Қурбон — ҳар сол дар рўзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба дин муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1362)
Моддаи 4. Афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рўзҳои ид
Дар рўзҳои ид Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад.
Моддаи 5. Чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ дар рўзҳои ид
- Ба муносибати рўзҳои ид бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва коллективҳои меҳнатӣ чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ ташкил ва гузаронида мешаванд.
- Парадҳои ҳарбӣ, салютҳои артиллерӣ ва мушакпарронӣ дар рўзҳои ид бо тартиби муқарраргардида гузаронида мешаванд.
Моддаи 51. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррар намудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1362)
Моддаи 6. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 1995 «Дар бораи рўзҳои ид» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, №21, мод.237; с. 1998, №10, мод.125; №23-24, мод.338; с. 1999, №5, мод.76; №12, мод.308; с. 2002, №4, қ.1, мод.191; мод.194; мод.197; с. 2003, №4, мод.132; №8, мод.449; №12, мод.678; с. 2004, №5, мод.350; №12, қ.1, мод.697; с. 2005, №3, мод.131; №12, мод.658; с. 2008, №1, қ.2, мод.9; №3, мод.188; №12, қ.1, мод.988; с. 2009, №5, мод.319; №7-8, мод.493; №11, мод.698; мод.699; с. 2010, №7, мод.544; мод.548) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 7. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 2 августи соли 2011,
№ 753