Қонуни ҶТ «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ»

(АМОҶТ с.2012, №8, м. 827)

 

            Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи ҳаёту саломатии инсон, манфиатҳои истеъмолкунандагон, олами набототу ҳайвонот ва муҳити зист танзим менамояд.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Доираи амали Қонуни мазкур

  1. Қонуни мазкур нисбат ба фаъолият доир ба таъмини бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ ҳангоми истеҳсол, коркард, ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ, фурўши маҳсулоти хўрокворӣ ва ҷузъҳои он, ҳамчунин маҳсулоти хўрокҳои парҳезӣ, кўдакона ва иловаҳои фаъоли биологӣ татбиқ мегардад. Муқаррароти Қонуни мазкур инчунин ба мавод, маснуот, маводи банду баст ва ёрирасони ба маҳсулоти хўрокворӣ алоқаманд низ паҳн мегардад.
  2. Муқаррароти Қонуни мазкур нисбат ба ҳайвоноти зинда, агар онҳо бо мақсади тайёр намудани маҳсулоти хўрокворӣ барои фурўш ба аҳолӣ пешбинӣ нашуда бошанд, нисбат ба растаниҳо то ҷамъоварии ҳосили онҳо ва мева, маҳсулоти косметикӣ тамоку ва маҳсулоти он татбиқ намегардад.

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

— маҳсулоти хўрокворӣ — маҳсулоте, ки онро дар шакли табиӣ ё коркардшуда (консервшуда) инсон дар хўрок истеъмол менамояд, аз ҷумла маҳсулоти хўроки кўдакона, парҳезӣ, оби нўшокии дар зарф ҷой кардашуда, маҳсулоти спиртдор, оби ҷав, нўшокиҳои ғайриспиртӣ, сақич, инчунин ашёи хоми хўрокворӣ, иловаҳои хўрокворӣ ва иловаҳои фаъоли биологӣ;

— маҳсулоти хўроки кўдакона – маҳсулоти хўрокворие, ки барои ғизои кўдакони то 14-сола пешбинӣ шуда, ба талаботи физиологии организми кўдакон ҷавобгў мебошанд;

— маҳсулоти хўроки парҳезӣ – маҳсулоти хўрокворие, ки барои хўрокҳои муолиҷавӣ ва пешгирӣ аз бемориҳо пешбинӣ шудаанд;

— маҳсулоти хўроквории функсионалӣ – маҳсулоти хўроквории истеҳсоли табиӣ ё сунъие, ки дорои таъми хуш ва сифатҳои сиҳатибахшанда барои инсон буда, барои истифодаи ҳамарўза ва мунтазам пешбинӣ шудаанд. Ғизои функсионалӣ дар баъзе мавридҳо усули имконпазири муолиҷаи тиббӣ буда, ҳамчун маҳсулоти барои шахсони дорои вазъи саломатии ба худ хос муқаррар карда мешавад;

— маҳсулоти хоми хўрокворӣ – ашёи хоми аз растанӣ, ҳайвонот ё маводи микробиологӣ, минералию сунъӣ тайёршаванда ва об, ки барои омода намудани маҳсулоти хўрокворӣ истифода бурда мешаванд;

— иловаҳои хўрокворӣ – моддаҳои табиӣ ё сунъӣ ва пайвастаҳои онҳо, ки бо мақсади тағйир додан ва нигоҳ доштани хусусиятҳои муайяни маҳсулоти хўрокворӣ ва (ё) нигоҳ доштани сифати онҳо махсус ворид карда мешаванд;

— иловаҳои фаъоли биологӣ – моддаҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъоли  табиӣ, ки барои истеъмоли якҷоя бо хўрок ё ба таркиби маҳсулоти хўрокворӣ омехта намудан пешбинӣ шудаанд;

— мавод ва маснуоти бо маҳсулоти хўрокворӣ (минбаъд — мавод ва маснуот) алоқаманд — мавод ва маснуоте, ки барои тайёр кардани банду баст, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, фурўш ва истеъмоли маҳсулоти хўрокворӣ истифода мешаванд, аз ҷумла таҷҳизоти технологӣ, асбобу дастгоҳҳо, борҷома, зарфҳо, асбобу анҷоми ошхона;

— бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ – мавҷудияти  боварии асоснок ба маҳсулоти хўрокворӣ, ки истеъмоли он дар шароити муқаррарӣ барои саломатӣ зарарнок нест ва ба саломатии наслҳои ҳозираву оянда хатар надорад;

— арзиши ғизоии маҳсулоти хўрокворӣ – маҷмўи хосиятҳои маҳсулоти хўрокворие, ки мавҷудияти онҳо талаботи физиологии инсонро ба моддаҳо ва энергияи зарурӣ қонеъ мегардонад;

— шаҳодатномаи бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ – ҳуҷҷате, ки дар он мутобиқат ба талабот оид ба бехатарии маҳсулот тасдиқ карда мешавад;

— сертификатсия – фаъолият оид ба тасдиқи мутобиқати маҳсулоти хўрокворӣ ба талаботи муқаррарнамудаи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ;

— сертификати мутобиқат – ҳуҷҷати дар асоси қоидаҳои системаи сертификатсия додашуда, ки мутобиқати маҳсулоти сертификатсияшударо ба талаботи муқаррарнамудаи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ тасдиқ менамояд;

— ҳуҷҷатҳои техникӣ – ҳуҷҷатҳое (талаботи техникӣ, дастурҳои технологӣ, дастурамалҳо ва ғайра), ки мутобиқи онҳо омодасозӣ, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ва фурўши маҳсулоти хўрокворӣ, мавод ва маснуот амалӣ гардонида мешаванд;

— ҳуҷҷатҳои меъёрӣ – ҳуҷҷатҳои бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулшуда, аз ҷумла ҳуҷҷатҳое, ки мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон талаботи ҳатмиро дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ муқаррар менамоянд;

— маҳсулоти хўроквории қалбакӣ – маҳсулоти хўрокворие, ки қасдан ба маҳсулоти истеҳсолкунандаи воқеӣ монанд тайёр карда шудааст;

— ҳаммонандкунии маҳсулоти хўрокворӣ –фаъолият оид ба муқаррар намудани мутобиқати маҳсулоти хўроквории муайян бо маълумот дар бораи чунин маҳсулот, ки дар ҳуҷҷатҳои ба онҳо замимагашта ва тамғакоғазҳо нишон дода шудаанд;

— коркарди партовҳои маҳсулоти хўрокворӣ – коркарди маҳсулоти хўроквории хатарнок барои аз он ҳосил кардани маҳсулоти барои хўрокворӣ пешбининашуда;

— мўҳлати истеъмол – марҳилаи вақте, ки аз рўзи истеҳсоли маҳсулоти хўрокворӣ то рўзи қобили истеъмол будани онҳо ҳисоб карда мешавад;

— мониторинг – мушоҳидаи доимии бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ бо мақсади ошкор намудани мувофиқатии он ба натиҷаи дилхоҳ;

— пеститсидҳо – заҳрхимикатҳо бар зидди ҳашарот ва зараррасонҳо;

— нишондиҳандаҳои органолептикӣ – нишондиҳандаҳои маҳсулоти хўрокворӣ, ки ба воситаи узвҳои ломиса (таъм, бўй, намуди зоҳирӣ, ранг) муайян ва арзёбӣ мешаванд;

— маҳсулоти нави хўрокворӣ – маҳсулоти хўрокворӣ ё ҷузъи он, ки ба андозаи зарурӣ аз тарафи инсон ба сифати хўрок истифода нашудаанд, ба истиснои маҳсулоти хўроквории аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта;

— истеҳсолоти аввалия – ҷараёне, ки аз кишт, бордоршавӣ, парвариш, сабзиш, ҷамъоварии ҳосил, шикор ва ҳамлу нақли маҳсулоти хом, ҳайвонот ва моҳӣ барои коркарди минбаъда ё борбандӣ ва тақсимот иборат аст;

— коркарди аввалия – ҷараёни коркарди маҳсулоти хом, ки дар он корҳои зерин, ба монанди обкунии яхи маҳсулоти яхкарда (агар он маҳсулоти хоми яхкарда бошад), тоза намудани маҳсулот аз ифлосиҳо ва қисми истеъмолнашаванда (шуста тоза кардан), аз маҳсулот ҷудо карда партофтани қисми арзиши пасти хўрокидошта (бехтан, тозакунӣ ва соида тоза намудан, пар кандан, парт кардан (сўзонидан), аз рўдаҳо холӣ кардан, тар карда мондан ва ғ.), ба маҳсулот додани андоза, шакл ва ҳолати мутобиқ ба намуди маснуоти хўрокворие, ки маҳсулот барои тайёр намудани он пешбинӣ шудааст, истифодаи омилҳои таъминкунандаи суръатбахшии коркарди минбаъдаи ҳароратии маҳсулот иҷро мегарданд;

— мушоҳидакунӣ – қобилияти мушоҳида намудани ҳаракат, тақсимоти маҳсулоти хўрокворӣ, хўроки чорво ё моддаҳое, ки метавонанд ё эҳтимолияти ворид шудани онҳо ба маҳсулоти хўрокворӣ ё хўроки чорво дар тамоми марҳилаҳои истеҳсолот, коркард ва тақсимот ҷой дорад;

— таҳлили хатарҳо ва назорат дар нуқтаҳои таҳдидомез – низоми ҳаммонандкунӣ, арзёбӣ, таҳлил ва назорати хатарҳое, ки барои бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ муҳим мебошанд.

 

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 4. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ

  1. Ўҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ мутобиқи тавсияҳои ташкилотҳои дахлдори байналмилалӣ, Созишномаи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо оид ба истифодаи чораҳои санитарӣ ва фитосанитарӣ ва дигар созишномаҳои дахлдори байналмилалӣ амалӣ гардонида мешаванд.
  2. Агар санади ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон назар ба Қонуни мазкур меъёрҳои дигареро пешбинӣ намуда бошад, пас меъёрҳои санади ҳуқуқии байналмилалӣ татбиқ карда мешаванд.

Моддаи 5. Принсипҳои асосии танзими бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ

Принсипҳои асосии танзими бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ аз инҳо иборат мебошанд:

— масъулияти бевосита – масъулияти истеҳсолкунандагон ва таҳвилгарони маҳсулоти хўрокворӣ барои бехатарии маҳсулоти хўроквории истеҳсол, таҳвил ва фурўхташаванда. Иҷрои ин ўҳдадориҳоро мақомоти ваколатдор таъмин мекунанд;

— арзёбии хатарҳо – ошкор намудани хатарҳо ва дараҷаи хатарнокии онҳо ба воситаи чораҳое, ки мутобиқи Қонуни мазкур барои ноилшавӣ ба дараҷаи баланди ҳифзи саломатӣ ва ҳаёти инсон истифода мешаванд. Арзёбии хатарҳо дар асоси маълумоти мавҷудаи илмӣ ва хулосаи ташхисгарон анҷом дода мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки маълумоти мавҷудаи илмии дахлдор нокифоя бошад. Арзёбии хатарҳо холисона ва шаффоф гузаронида мешавад. Идоракунии хатарҳо ба натиҷаи арзёбии хатар, принсипи пешгирии хатар ва дигар омилҳое, асос меёбад, ки барои ҳодисаи баррасишаванда муҳиманд. Чораҳои истифодашаванда мутобиқи дараҷаи хатар амалӣ шуда, наметавонанд барои савдо то он андоза маҳдудкунанда бошанд, ки барои ноил шудан ба мақсадҳои Қонуни мазкур заруранд. Мувофиқи мақсад будани чораҳои техникию иқтисодӣ ва дигар омилҳое, ки ба ҳодисаи баррасишаванда вобастагӣ доранд, ба назар гирифта мешаванд. Чораҳои истифодашаванда вобаста ба хусусияти хатари барои ҳаёт ва саломатии инсон ошкоршуда, намудҳои иттилооти илмӣ, ки барои арзёбии ҳамаҷонибаи хатарҳо зарур мебошанд, дар давоми марҳилаи мақбули вақт аз нав баррасӣ мешаванд;

— огоҳонидани пешакӣ – истифодаи чораҳои муваққатӣ бо мақсади идоракунии хатар барои ноил шудан ба сатҳи баланди ҳифзи саломатии инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то гирифтани иттилооти нави илмии ба қабули арзёбии холисонаи хатар зарур, дар ҳолатҳое, ки агар дар асоси арзёбии маълумоти мавҷуда имконияти муайян кардани таъсири зарарноки омили муайян ба саломатии инсон ошкор гарданд ва маълумоти боварибахши илмию иттилоотӣ баъди арзёбии холисонаи хатар мавҷуд набошанд;

— назорати пурра — анҷом додани назорати маҳсулоти хўрокворӣ мувофиқи тамоми силсилаи истеҳсолоти маҳсулоти хўрокворӣ (истеҳсол, коркард, ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ ва фурўш);

— мушоҳидакунӣ – аз ҷониби истеҳсолкунандагон ва таҳвилгарони  маҳсулоти хўрокворӣ таъмин намудани мушоҳиданокии маҳсулоти хўрокворӣ, ашёи хом, мавод ва моддаҳои барои истеҳсоли маҳсулоти хўрокворӣ истифодашаванда дар тамоми марҳилаҳои истеҳсолу тақсимот. Аз ҷониби истеҳсолкунандагон ва таҳвилгарони маҳсулоти хўрокворӣ таъсис додани низоме, ки барои ҳаммонандкунии маҳсулоти хўроквории эҳтимолан ё воқеан хатарнок ва аз муомилот баровардани онҳо имконият диҳад;

— ҳифзи манфиатҳои истеъмолкунандагон ҳифзи манфиатҳои истеъмолкунандагон ба дараҷаи баланди имконпазир. Субъектҳо дар ҷараёни истеҳсол, коркард, ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ ва фурўши маҳсулоти хўрокворӣ ба истеъмолкунанда дар бораи таркиб, хусусият ва таъиноти маҳсулот, ки ба истеъмолкунанда имконияти интихоб ва хариди маҳсулоти хўроквориро медиҳад, пешниҳод менамоянд;

— шаффофият – пешниҳод намудани имконияти баррасӣ ва пешниҳоди шарҳу эродҳо ҳангоми коркард ё таҷдиди назари чораҳо дар соҳаи бахатарии маҳсулоти хўрокворӣ ба тарафҳои манфиатдор. Шарҳу эродҳои пешниҳодшуда муҳокима гардида, хулосаҳои онҳо дар рафти коркард, таҷдиди назар ё қабули чораҳо ба эътибор гирифта мешаванд;

— реҷаи миллӣ – баробар будани тамоми талабот ва чораҳои татбиқшаванда нисбат ба таъмини бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ барои маҳсулоти хўроквории воридшаванда ва маҳсулоти хўроквории ватанӣ;

— савдои озод –Қонуни мазкур мутобиқи принсипҳои савдои озод, татбиқ гардида, сатҳи баланди ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсонро таъмин менамояд.

Моддаи 6. Таҳия ва қабули чораҳо дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ

  1. Чораҳо дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ ба таври зерин таҳия ва қабул мешаванд:

— дар доираи барои ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон зарурӣ;

— бо назардошти принсипҳои илмӣ ва маълумоти мавҷудаи илмӣ, стандартҳо, дастурҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ;

— барои роҳ надодан ба табъизи беасос ва ноҳақ дар байни давлатҳои шароиташон якхела ва ба ҳам монанд, аз ҷумла табъиз дар байни қаламрави худӣ ва қаламрави давлатҳои дигар;

— дар асоси арзёбии таҳдид ба ҳаёт ва саломатии инсон, ки мутобиқи методологияи соҳавии ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ мегардад;

— ба тарзе, ки онҳо маҳдудияти ниҳонии савдои берунаро инъикос нанамоянд.

  1. Арзёбии таҳдид ба ҳаёт ва саломатии инсон дар раванди таҳия ва қабули чораҳо дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ ба маълумоти илмӣ бо назардошти равандҳо ва усулҳои истеҳсолӣ, усулҳои санҷиш, интихоби намуна, озмоиш ва шароити мутобиқи муҳити зист асоснок карда мешавад.
  2. Ҳангоми нокифоягии далелҳои илмӣ ҷиҳати арзёбии холисонаи таҳдид дар мавриди ҳолатҳои фавқулодда мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ ҳуқуқ дорад, ки дар асоси маълумоти мавҷуда, аз ҷумла маълумоти ташкилотҳои соҳавии байналмилалӣ ва иттилоот оид ба чораҳо дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ дар дигар давлатҳо чораҳои муваққатӣ андешад.
  3. Чораҳои андешидашуда дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ метавонанд сатҳи баландтари ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсонро нисбат ба сатҳе, ки аз ҳисоби чораҳои дар стандартҳо, дастурҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ асоснокшуда ба даст меоянд, таъмин намоянд, агар онҳо аз ҷиҳати илмӣ асоснок шуда бошанд ё тахмин равад, ки сатҳи мазкури ҳифз сатҳи мувофиқ мебошад.
  4. Ҳангоми қабули чораҳо дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ, бо назардошти чораҳои муваққатии дар ҳолатҳои фавқулодда қабулшуда, мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ пайдоиши маълумоти нави илмиро назорат менамоянд.

 

Моддаи 7. Чораҳо дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ ҳангоми мавҷуд набудани стандартҳо, дастурҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ

  1. Агар стандартҳо, принсипҳои роҳбарикунанда ва тавсияҳои байналмилалӣ мавҷуд набошанд ё чораи соҳаи бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ ба стандартҳо, принсипҳои роҳбарикунанда ва тавсияҳои байналмилалӣ мутобиқат накунад ё агар чунин чора ба савдо таъсири ҷиддӣ расонида тавонад, мақомоти дахлдори  ваколатдори давлатӣ:

— оид ба мақсади истифодаи чора дар марҳилаи ибтидоии омодагии он огоҳинома нашр менамояд;

— тарафҳои манфиатдорро мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар бораи маҳсулоти хўрокворие, ки нисбат ба онҳо ин чора амалӣ мегардад, хабардор менамояд ва барои қабули чораи мазкур пешниҳоди асоснокшударо пешниҳод менамояд;

— бо хоҳиши мақомоти салоҳиятдори давлатҳои дигар мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ матни санади меъёрии ҳуқуқиро, ки дар он чораи пешниҳодшуда бо ишораи фарқият аз стандартҳо, дастурҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ ворид шудааст, пешниҳод менамояд;

— барои пешниҳоди ақидаҳо мўҳлати кўтоҳтарин муқаррар намуда, бо хоҳиши тарафҳои манфиатдор машваратҳо мегузаронад.

  1. Огоҳинома дар бораи маҳсулот, ки ба онҳо чора истифода мегардад ва асос барои қабули чораи пешниҳодшуда дар давоми на камтар аз 75 рўзи то саршавии амалиёти қабули он пешниҳод карда мешавад.

 

Моддаи 8. Баробарарзишии чораҳо дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ

  1. Агар мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ муқаррар намояд, ки чораҳои дар дигар давлат татбиқшаванда ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон, олами набототу ҳайвонот ба як андоза ё дар сатҳи нисбатан баландтар аз талабот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд, чораҳо дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хўроквории дар давлати дигар татбиқшаванда чораҳои баробарарзиши дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқшаванда ҳисобида мешаванд.
  2. Дар бораи эътирофи баробарарзишии чораҳо дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ қарор қабул карда мешавад.

 

Моддаи 9. Расмиёти назорат ва санҷиши давлатӣ

  1. Расмиёти назорат ва санҷиши давлатӣ дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ ба таври зерин амалӣ мешаванд:

— фавран ва бе таъхири иловагӣ ва табъизи маҳсулоти воридшаванда нисбат ба маҳсулоти ҳаммонанди ватанӣ;

— танҳо дар асоси далелҳо ва иттилоот, ки барои гузаронидани расмиёт заруранд;

— ҳангоми иттиллоотонии арзкунанда оид ба мўҳлати ба охир расидани расмиёт, камбудиҳои дар ариза мавҷудбуда марҳила ва натиҷаи истеҳсолот;

— ба он тарзе ки ҳифзи махфӣ будани иттилоот таъмин карда шавад;

— бо роҳи интихоби намуна танҳо бо он микдоре, ки барои амалӣ намудани расмиёти санҷиш ва сертификатсиякунонӣ зарур мебошад.

  1. Агар баъди гузаронидани назорат ва санҷиши давлатӣ дар хусусиятҳои маҳсулот тағйирот ба амал ояд, расмиёти назорат ва санҷиши маҳсулоти дигаргуншуда танҳо аз рўи зарурат ҷиҳати муайян кардани ҷавобгўи талаботи дахлдор будани ин маҳсулот сарфи назар аз тағйирот гузаронида мешавад.

 

Моддаи 10. Маҳсулоти хўроквории бехатар

  1. Дар муомилот метавонанд танҳо маҳсулоти хўроквории бехатар ҷой дошта бошанд.
  2. Маҳсулоти хурокворӣ бехатар ҳисобида мешавад, агар истеъмоли он ҳангоми истифодаи дуруст ва мувофиқ ба саломатии инсон ба таври мустақим ё ғайримустақим зарар нарасонад. Дар мавриди муайян намудани бехатарии махсулоти хурокворӣ чунин ҳолатҳо ба инобат гирифта мешаванд:

— риояи талаботи бо ҳуҷҷатҳои меъёрӣ муқарраршуда дар ҳама марҳилаҳои истеҳсолот ва тақсимот, талабот ба коркард, нигоҳдорӣ ва фурўш, инчунин талабот ба омодасозӣ ва истеъмоли маҳсулоти хўрокворӣ мувофиқи таъиноти онҳо;

— мавҷудияти иттилоот барои истеъмолкунандагон, аз ҷумла иттилоот дар тамғакоғаз ва мутобиқати он бо хусусияти истеҳсолкунанда ё дигар иттилооти дастраси истеъмолкунандагон вобаста ба пешгирии таъсири зарарнок ба саломатии инсон аз навъи мушаххаси маҳсулот.

  1. Ҳангоми муайян намудани зарари маҳсулоти хўрокворӣ ба саломатии инсон инҳо ба эътибор гирифта мешаванд:

— оқибатҳои имкопазирӣ мустақим ё ғайримустақим, кўтоҳмўҳлат ва дарозмўҳлати нохуш барои саломатии инсон, инчунин имконпазирии чунин оқибатҳо барои наслҳои оянда;

— имконпазирии  таъсири кумулятивии (ғуншавии) заҳролудшавӣ;

— эҳсосоти махсуси саломатии гурўҳи муайяни истеъмолкунандагон, агар маҳсулот ба чунин гурўҳи истеъмолкунандагон пешбинӣ шуда бошад.

  1. Қобили истеъмол набудани маҳсулоти хўрокворӣ барои инсон дар асоси истифодаи пешбинишуда, ифлосшавии эҳтимолии он аз муҳити атроф ё бо дигар тарз (пўсидан, вайроншавӣ ё таҷзия ва ғайра) муайян карда мешавад.
  2. Агар маҳсулоти хўроквории зарарнок як қисми миқдор, силсила ё бори маҳсулоти хўроквории ҳамон категория ва тавсифот бошад, тамоми маҳсулот дар чунин миқдор, силсила ё бор хатарнок ҳисобида мешавад, агар далели дигар набошад.

Моддаи 11. Маҳсулоти хўроквории хатарнок

  1. Маҳсулоти хўрокворие хатарнок ҳисобида мешаванд, агар онҳо ба саломатии инсон зарарнок ва (ё) барои истеъмоли инсон номувофиқ бошанд.
  2. Маҳсулоти хўрокворӣ хатарнок ҳисобида мешаванд, агар:

— дар таркибашон микроорганизмҳо, бактерия — паразитҳо, заҳрҳои бактериологӣ ва моддаҳои фаъоли кимиёвии бофтаҳои аз сатҳи пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии дахлдор зиёдтар дошта бошанд;

— дар таркиби худ заҳрҳои табиӣ ё дигар моддаҳои заҳрноки табиии аз сатҳи пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор зиёдтар дошта бошанд;

— дар таркибашон намакҳои металлҳои вазнин, боқимондаи пеститсидҳо, дорувориҳои байторӣ, гормондор, микотоксинҳо ва дигар моддаҳоеро дошта бошанд, ки аз сатҳи пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии дахлдор баланд бошанд;

— дар таркибашон иловаҳое дошта бошанд, ки дар навъҳои муайяни маҳсулоти хўрокворӣ набояд истифода шаванд ё агар таркиби иловаҳои иҷозатдодашуда дар маҳсулоти хўрокворӣ аз сатҳи пешбининамудаи санадҳои меъёрӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор баланд бошад;

— дар таркибашон моддаҳои радиоактивии аз сатҳи меъёрӣ зиёдтар ё агар маҳсулоти хўрокворӣ аз сатҳи иҷозатдодашуда зиёдтар шуоъ зада бошанд;

— борбандҳо, маводу маснуоте, ки дар якҷоягӣ бо маҳсулоти хўрокворӣ нигоҳ дошта мешаванд, ба талаботи муқарраршуда мутобиқ набошанд;

— аз ҳайвоноте пайдо шаванд, ки аз назорати пешакӣ ва баъдинаи байтории забҳ гузаронида нашудаанд;

— аз ҳайвоноти бемор ё мурда пайдо шаванд;

— тавсифоти органолептикии онҳо бинобар равандҳои ҷисмонӣ, кимиёӣ, микробиологӣ ва ғайра тағйир ёфта бошанд;

— дар таркибашон моддаҳоеро дошта бошанд, ки арзёбии токсикологиро нагузаштаанд ва хатарнокии онҳо барои истеъмоли инсон санҷида нашуда бошад;

— дар таркибашон омехтаҳои механикӣ дошта бошанд;

— ба борҷомаи онҳо чунин нуқсоне расида бошад, ки он ба ифлосшавии микробӣ, кимиёвӣ ё дигаргуншавӣ мусоидат  кунад;

— бо тартиби муқарраршуда истеҳсол, коркард, борбандӣ, борчинӣ ва тақсим карда нашуда бошанд;

— бо тартиби муқарраршуда тамғазанӣ ва нишонагузорӣ нашуда бошанд;

— мўҳлат ва (ё) санае, ки то он лаҳза маҳсулоти мазкур бояд истеъмол шавад (барои маҳсулоти хўрокворӣ, ки нисбат ба онҳо муқаррар намудани мўҳлати истеъмол ҳатмӣ мебошад) нишон дода нашуда бошад ё мўҳлати истеъмоли онҳо гузашта бошад;

— ба талаботи муқаррарнамудаи ҳуҷҷатҳои техникӣ ва меъёрӣ мутобиқат накунанд;

— қалбакӣ бошанд.

  1. Муомилот ва фурўши маҳсулоти хўроквории хатарнок манъ аст.

 

Моддаи 12. Ҳуқуқҳои истеҳсолкунандагон ва таҳвилгарон дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолиятро оид ба истеҳсол, муомилоти маҳсулоти хўрокворӣ ва хизматрасонӣ дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хўрокворӣ ва хўроки умумӣ амалӣ мегардонанд, мутобиқи Қонуни мазкур чунин ҳуқуқҳо доранд:

— бо тартиби муқарраргардида аз мақомоти дахлдори давлатӣ ё ташкилотҳо дар бораи натиҷаи назорати давлатӣ ё арзёбии экспертии истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хўрокворӣ иттилооти зарурӣ, дастрас ва саҳеҳ гиранд;

— таъмини махфӣ будани ҳама гуна иттилоот ва паҳн накардани иттилооти махфиро талаб намоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст;

— аз болои натиҷаи ташхиси озмоишӣ шикоят намоянд, агар ин натиҷа аз натиҷае, ки истеҳсолкунанда бо истифодаи ҳамин гуна ё усулҳои ҳаммонанди таҳлилӣ гирифта фарқ кунад ва дар озмоишгоҳи арбитражии ваколатдор ва акредитатсияшуда таҳқиқоти арбитражӣ гузаронанд;

— мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз болои ҳама гуна қарорҳои нозирони дахлдор, ки ба фаъолияти хоҷагидорӣ вобастагӣ доранд, шикоят намоянд;

— барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ ба суд муроҷиат намоянд.

 

Моддаи 13. Ўҳдадориҳои истеҳсолкунандагон ва таҳвилгарон дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ

  1. Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолияро оид ба истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хўрокворӣ ва хизматрасонӣ дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хўрокворӣ ва хўроки умумӣ амалӣ мегардонанд, истеҳсол ва (ё) ба муомилот баровардани маҳсулоти хўроквории хатарнок ва нораво барои истеъмол ва ё нодуруст тамғазадашуда манъ мебошад.
  2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолиятро оид ба истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хўрокворӣ амалӣ менамоянд, ўҳдадоранд:

— талаботи Қонуни мазкурро риоя намоянд;

— ҳангоми истеҳсол ва ба муомилот баровардани махсулоти хурокворӣ низоми таҳлили хатарҳо ва назорат дар нуқтаҳои назорати таҳдидомез ва ё дигар низоми таъмини бехатариро ҷорӣ намоянд;

— дар маҳсулоти хўрокворӣ истифодаи ҷузъҳои иҷозатдодашуда, бехатар ва дар доираи иҷозат мавҷудбударо таъмин  кунанд;

— мавҷудияти иттилооти кофӣ ва боварибахшро оид ба арзиши ғизонокӣ, таркиб, шароити нигоҳдории мувофиқ, чораҳои пешгирӣ ва омодасозии маҳсулоти хўрокворӣ таъмин намоянд;

— шароити мувофиқи нигоҳдорӣ ва (ё) банамоишгузории маҳсулоти хўроквориро таъмин созанд;

— фурўши маҳсулоти хўроквории нодуруст тамғазадашудаи хатарнок ва қобили истеъмол набударо пешгирӣ намоянд;

— маҳсулоти хўроквории истеҳсол ё ба муомилот воридкардаи худро дар ҳолати ошкор шудани далеле, ки чунин маҳсулоти хўрокворӣ хатарнок ва қобили истеъмол нестанд ё нодуруст тамға зада шудаанд, ихтиёран мусодира намоянд;

— нуқсонҳои  маҳсулоти хўроквории истеҳсолшуда ё дар муомилот бударо, ки ба талаботи Қонуни мазкур мутобиқ намебошанд, ислоҳ намоянд;

— дастрасии бемамониати нозиронеро, ки дар иншооти зертобеъ назорати давлатиро амалӣ мегардонанд, барои гузаронидани чорабиниҳои нозиротӣ таъмин кунанд;

— дар давоми се сол ҳисоби харид ва фурўши маҳсулоти хўрокворӣ, иловаҳои хўрокворӣ, хушбўйкунандаҳо ва маводи ёридиҳандаро, ки дар истеҳсолот ё муомилоти маҳсулоти хўрокворӣ истифода мешаванд, анҷом диҳанд. Дар ҳолати истеҳсоли силсилавии маҳсулоти хўрокворӣ, иловаҳои хўрокворӣ, хушбўйкунандаҳо ё маводи ёридиҳанда барои коркард, чунин ҳисоб аз рўи рақами миқдор амалӣ  мешавад.

  1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолиятро оид ба истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хўрокворӣ амалӣ мегардонанд ва таҳвилгарони хизматрасонӣ дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хўрокворӣ ва дар соҳаи хўроки умумӣ барои таъмини бехатарии маҳсулоти хўроквории истеҳсолкунанда, таҳвилшаванда ва фурўхташаванда масъул  мебошанд.

Моддаи 14. Таъмини бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ

Бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ ба воситаҳои зерин таъмин карда мешавад:

— истифодаи чораҳои танзими давлатӣ дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ;

— аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолиятро оид ба  истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хўрокворӣ амалӣ мегардонанд, гузаронидани чорабиниҳои ташкилӣ, агрокимиёвӣ, байторӣ, технологӣ, муҳандисию техникӣ, санитарию зиддиэпидемиявӣ ва фитосанитарӣ оид ба иҷрои талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии дахлдор ба маҳсулоти хўрокворӣ, шароити омода сохтан, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ва фурўши онҳо;

— анҷом додани назорати истеҳсолӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ, шароити омода сохтан, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ва фурўши онҳо;

— татбиқи чораҳои гражданию ҳуқуқӣ, маъмурӣ ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсоне, ки талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро риоя намекунанд.

 

Моддаи 15. Маълумот дар бораи бехтарии маҳсулоти хўрокворӣ

  1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолиятро дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хўрокворӣ, хизматрасонӣ дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хўрокворӣ ва дар соҳаи хўроки умумӣ амалӣ мегардонанд, ўҳдадоранд ба харидорон ва истеъмолкунандагон, инчунин мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва санҷиши бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ оид ба риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии дахлдор ҳангоми истеҳсол ва гардиши маҳсулоти хўрокворӣ ва хизматрасонӣ маълумоти эътимоднок пешниҳод намоянд.
  2. Мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ (оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, назорати санитарию эпидемиологӣ, назорати байторӣ ва назорати фитосанитарӣ ва карантинии растаниҳо) ба шахсони манфиатдор иттилоотро дар бораи бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ, риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳангоми истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хўрокворӣ, хизматрасонӣ дар соҳаи савдои маҳсулоти хўрокворӣ ва хўроки умумӣ, маҳсулоти хўроквории нави дахлдор тадбирҳои пешгирии маҳсулоти хўроквории хатарнок таъмин менамоянд.
  3. Мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ба воситаи маркази ягонаи иттилоотӣ ба шахсони манфиатдор иттилоот, ҳуҷҷат ва маълумоти ба инҳо вобастаро пешниҳод менамоянд:

— чораҳои пешниҳодшуда ва қабулшуда дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ;

— чораҳои назорат, санҷиш ва сертификатсияи маҳсулоти хўрокворӣ;

— расмиёти арзёбии таҳдид ва усулҳои муайян намудани сатҳи зарурии ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— узвият ва иштирок дар ҷаласаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, низоми ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон, мавҷудият ва мазмуни созишномаю шартномаҳои дуҷониба  ва бисёрҷониба.

БОБИ 2. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ МАҲСУЛОТИ ХЎРОКВОРӢ

 

Моддаи 16. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ мансубанд:

— таҳияи сиёсати ягонаи давлатӣ;

— таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсаднок ва илмию техникӣ;

— бамеъёрдарории давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ ва қабули санадҳои меъёрӣ дар доираи салоҳияти худ;

— амалӣ сохтани ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ;

— таъсиси Шўрои ҳамоҳангсоз оид ба бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ;

— амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

 

Моддаи 17. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ

  1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ оид ба таъмини бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ ваколатҳои зерин дорад:

— мусоидат ба таъсиси таҷрибаи зарурии пешбурди истеҳсолот дар тамоми марҳилаҳои коркарди маҳсулоти хўрокворӣ мутобиқи тамоми силсилаи истеҳсол, коркард, фурўш, ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ ва методикаи таҳлили таваккалҳо ва назорат дар нуқтаҳои хатарнок ё методикаи ҳаммонанде, ки сатҳи баланди бехатарии маҳсулоти хўроквориро таъмин менамояд;

— ҳамкорӣ бо вазорату  идораҳои дахлдори давлатҳои хориҷӣ дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хўроквории ворид ва содиршаванда;

— татбиқи барномаҳои маърифатӣ барои истеҳсолкунандагон, фурўшандагон ва истеъмолкунандагони маҳсулоти хўрокворӣ;

— таъсис ва вусъат додани системаи мушоҳидавии маҳсулоти хўроквории ворид ва содиршаванда;

— назорати бемориҳои ба воситаи маҳсулоти хўрокворӣ гузаранда, гузаронидани тафтиши дақиқи заҳролудшавӣ аз хўрокворӣ;

— ҳамкорӣ бо пажўҳишгоҳҳо ва озмоишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ барои муайян намудани моҳияти бемориҳои ба воситаи маҳсулоти хўрокворӣ гузаранда;

— таҳия ва тасдиқи талаботи санитарию гигиенӣ дар объектҳое, ки бо истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хўрокворӣ, иловаҳои хўрокворӣ, хушбўйкунандаҳо, иловаҳои хўрокворӣ, воситаҳо ва маводи ёрирасон машғул мебошанд;

— тасдиқи меъёрҳои ҳатмии бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ ва дигар меъёрҳои санитарӣ ва талаботе, ки бехатарии зарурии маҳсулоти хўроквориро таъмин мекунанд;

— амалигардонии назорати давлатӣ барои иҷрои меъёрҳои санитарӣ дар қисмати риояи талаботи қонунгузории санитарӣ, ки ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсонро танзим менамояд ва гузаронидани мониторинги натиҷаҳои он;

— амалигардонии назорати давлатии ҷорӣ намудани методикаи таҳлили таваккалҳо дар  нуқтаҳои назорати таҳдидомез ва низоми ҳаммонанди таъмини бехатарӣ, ки аз тарафи истеҳсолкунандагони маҳсулоти хўрокворӣ, иловаҳои хўрокворӣ, хушбўйкунандаҳо ва маводи ёрирасон барои коркарду истеҳсол дар объектҳои таҳти назоратбуда;

— гузаронидани назорати давлатӣ ва (ё) санҷиши давлатии объектҳои истеҳсол, коркард ва муомилоти маҳсулоти хўрокворӣ, иловаҳои хўрокворӣ, хушбўйкунандаҳо ва маводи ёрирасон дар асоси методика ва муомилаҳои пешқадам тибқи принсипҳои таъмини бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ;

— додани сертификати гигиенӣ ба маҳсулоти хўрокворӣ аз рўи дархости тарафҳои манфиатдор дар асоси натиҷаи ташхиси санитарию эпидемиологӣ;

— таъин ва гузаронидани таҳқиқҳои озмоишӣ барои арзёбии бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ дар объектҳои таҳти назоратбуда;

— тасдиқи номгўи референс – озмоишгоҳҳо барои гузаронидани таҳқиқоти арбитражии маҳсулоти хўроквории таҳти назоратбуда;

— назорати маҳсулоти хўроквории воридотӣ ва транзитии таҳти назоратбуда;

— ташкил ва гузаронидани ташхиси санитарию эпидемиологии маҳсулоти хўрокворӣ;

— муқаррар намудани давраҳои назорати давлатӣ дар объектҳои истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хўрокворӣ дар асоси таҳлили таваккалҳо;

— муайян ва тасдиқ намудани номгўи маҳсулоти хўрокворӣ, ки ба саломатии инсон хавфи зиёд, миёна ва кам доранд;

— иштирок дар кори Шўрои ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳое, ки ба ваколатҳои он дохил мешаванд, аз ҷумла таҳия ва аз нав баррасӣ намудани талаботи санитарию гигиенӣ;

— амалигардонии мувофиқат, шартҳои техникии истеҳсоли маҳсулоти хўрокворӣ, регламентҳои техникӣ ва стандартҳое, ки ба объектҳои маҳсулоти хурокворӣ истифода мешаванд, лоиҳаи объектҳои истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хўрокворӣ, методикаҳои ченкунӣ ва усулҳои санҷиши маҳсулоти ҳўрокворӣ дар масъалаи риояи тадбирҳои санитарии  дахлдор;

— тасдиқи номгўй, методикаҳои ченкунӣ ва усулҳои санҷиши маҳсулоти хўрокворӣ оид ба масъалаи риояи чораҳои санитарии дахлдор, озмоишгоҳҳое, ки барои ҳаммонандкунӣ, санҷиш ва арзёбии самаранокии маҳсулоти хўроки парҳезӣ, маҳсулоти хўроквории функсионалӣ ва иловаҳои хўрокворӣ пешбинӣ шудаанд;

— пешбурди феҳристи хулосаҳои ташхиси санитарию эпидемиологӣ.

 

Моддаи 18. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ

  1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва таъмини бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ ваколатҳои зерин дорад:

— дар объектҳои  чорводорӣ маҳсулоти хўроквории коркарднашудаи аз набототу ҳайвонот пайдогардида ва муомилоти маҳсулоти кишоварзӣ назорати давлатии байторию санитарӣ ва фитосанитарӣ гузаронида, хулосаҳои марбутаи байторию фитосанитарӣ медиҳад, ки шаҳодати бехатарии онҳо мебошанд;

— назорати иҷрои чораҳои байторию фитосанитариро дар қисмати риояи талаботи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳифзи олами ҳайвонот ва наботот, инчунин инсонро аз бемориҳои ба воситаи ҳайвонот гузаранда (зоонозҳо) танзим менамоянд, ҷорӣ ва амалӣ менамояд;

— ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти хўрокворӣ оид ба масъалаҳои низоми таҳлили таваккалҳо дар нуқтаҳои назорати таҳдидомез ё системаҳои ҳаммонанди таъмини бехатарӣ машварат медиҳад ва омўзиш мегузаронад;

— назорати давлатии ҷорӣ намудани низоми таҳлили таваккалҳо  ва назорат дар нуқтаҳои таҳдидомез ва низомҳои ҳаммонанди таъмини бехатарӣ, ки онҳоро истеҳсолкунандагони маҳсулоти хўрокворӣ истифода мебаранд ва таҳти назорати хадамоти объектҳои байторӣ ва фитосанитарӣ қарор доранд, амалӣ мегардонад;

— бо дархости тарафҳои манфиатдор дар асоси назорати давлатӣ ё натиҷаи арзёбии маҳсулоти хўрокворӣ, ки таҳти назорати хадамоти байторӣ қарор доранд, ба маҳсулоти хўрокворӣ сертификатҳои байторӣ медиҳад;

— дар доираи ваколатҳои худ назорати байторӣ ва фитосанитарии маҳсулоти хўроквории воридотӣ ва транзитиро мегузаронад;

— методикаи ченкунӣ, усулҳои санҷиши маҳсулоти хўрокворӣ ва номгўи онҳоро дар объектҳои байторию фитосанитарии таҳти назоратбуда тасдиқ мекунад;

— номгўи референс-озмоишгоҳҳое, ки таҳқиқоти арбитражии маҳсулоти хўроквории таҳти назорати хадамоти байторию фитосанитарӣ бударо анҷом медиҳанд, тасдиқ менамояд;

— давра ба давра гузаронидани назорати давлатии объектҳои истеҳсоли маҳсулоти хўроквории аз ҳайвоноту растаниҳо ҳосилшударо, ки таҳти назорати хадамоти байторию фитосанитарӣ мебошанд, дар асоси таҳлили таваккал муқаррар мекунад;

— талаботи байторию санитарӣ ва фитосанитариро барои объектҳои истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хўрокворӣ, ки таҳти назорати хадамоти байторӣ ва фитосанитарӣ қарор доранд, муқаррар ва тасдиқ менамояд;

— андозаҳои ҳатмии бехатарии маҳсулоти хўроквориро, ки таҳти назорати хадамоти байторӣ ва фитосанитарӣ қарор доранд, тасдиқ мекунад;

— феҳристи хулосаҳои ташхиси байториро пеш мебарад;

—  системаи мушоҳидавии маҳсулоти хўроквории воридшаванда ва ватаниро дар доираи ваколатҳои худ таъсис ва ривоҷ медиҳад.

  1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ назорат ва санҷиши давлатиро барои маҳсулоти хўроквории зерин амалӣ мегардонад:

— маҳсулоти хўроквории коркарднашудаи аз ҳайвонот ва растаниҳо ҳосилшуда (бо иловаи истеҳсоли аввалия ва маҳсулоти коркарди аввалия дар объектҳое, ки танҳо коркарди аввалия иҷро мегардад);

— тамоми маҳсулоти аз ҳайвонот ва растаниҳо тайёршуда, ки дар бозорҳо ба фурўш бароварда мешаванд;

—  маҳсулоти аз ҳайвонот ва растаниҳо ҳосилшуда, ки аз  бунгоҳҳои гузариши сарҳади давлатӣ гузаронида мешаванд.

  1. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи байторӣ назорати санитарию байтории истеҳсоли маҳсулоти хўроквориро дар корхонаҳое, ки маҳсулоти хўроквории аз ҳайвонот ҳосилшударо барои коркарди аввалия ҳамчун ашёи хом истифода мебаранд, амалӣ мегардонад, ба истиснои корхонаҳои хўроки умумӣ ва савдо ва корхонаҳои нигоҳдории яклухти маҳсулоти хўроквории коркарднашудаи аз ҳайвонот ҳосилшуда.

 

Моддаи 19. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо

Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ аз инҳо иборат мебошанд:

— татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ, стандартонӣ ва сертификатсияи маҳсулоти хўрокворӣ;

— таҳия, ташкили кор оид ба тасдиқи регламентҳои техникӣ, стандартҳо ва шартҳои техникӣ барои маҳсулоти хўрокворӣ;

— гузаронидани назорати метрологӣ ва санҷиши таҷҳизоти корхонаҳое, ки дар онҳо коркарди маҳсулоти хўрокворӣ амалӣ карда мешаванд, нуқтаҳои фурўши маҳсулоти хўрокворӣ, озмоишгоҳҳое, ки ба саноати хўрокворӣ вобаста мебошанд;

— ваколатдоркунонии озмоишгоҳҳо ва сертификатсияи низоми бехатарии истеҳсоли маҳсулоти хўрокворӣ;

— гузаронидани назорати давлатӣ барои риояи ҳатмии талаботи регламентҳои техникӣ ва баҳодиҳии мутобиқат ба талаботи регламентҳои техникӣ дар соҳаи истеҳсол, ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ, фурўш ва воридоти маҳсулоти хўрокворӣ;

— муқаррар намудани тартиби коркарди партовҳо ва нобуд кардани маҳсулоти хўрокворие, ки ба талаботи регламентҳои техникӣ мутобиқ намебошанд.

 

Моддаи 20. Шўрои ҳамоҳангсоз оид ба бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ

  1. Шўрои ҳамоҳангсоз оид ба бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ (минбаъд — Шўрои ҳамоҳангсоз) мутобиқи Қонуни мазкур бо мақсади амалигардонии мониторинги муттасил ва арзёбии бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ, барои таъмини сатҳи зарурии ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон, ҳифзи олами ҳайвонот ва наботот пешниҳод ва дастгирии илмӣ ва экспертӣ барои қабули қарорҳои мушаххас, инчунин таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ таъсис дода мешавад.
  2. Шўрои ҳамоҳангсоз аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои ваколатдор дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ, инчунин аз ҳисоби намояндагони маъруфи ҷамъиятӣ, илмӣ ва экспертҳо, ки фаъолияти касбии онҳо бо таъмини бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ вобаста аст, таъсис дода мешавад. Шўрои ҳамоҳангсоз дар асоси низомномаи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

БОБИ 3. ТАНЗИМИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ МАҲСУЛОТИ ХЎРОКВОРӢ

Моддаи 21. Танзими давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ

  1. Талабот ба бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ, шароити истеҳсол, омодасозӣ ва муомилоти онҳо, бехатарии хизматрасонӣ дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хўрокворӣ ва хўроки умумӣ аз рўи меъёру қоидаҳои дахлдори санитарӣ, байторӣ, фитосанитарӣ ва регламентҳои техникӣ муқаррар карда мешаванд.
  2. Регламентҳои техникӣ, меъёру қоидаҳои санитарӣ, байторӣ ва фитосанитарӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
  3. Талабот ба бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ, ки аз рўи регламентҳои техникӣ, меъёру қоидаҳои санитарӣ, байторӣ ва фитосанитарӣ барои шахсони воқеию ҳуқуқӣ, ки фаъолиятро оид ба истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хўрокворӣ, хизматрасонӣ дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хўрокворӣ ва хўроки умумӣ амалӣ мегардонанд, ҳатмӣ мебошанд.

 

Моддаи 22. Арзёбӣ ва тасдиқи мутобиқат

  1. Намудҳои муайяни маҳсулоти хўрокворӣ, мавод, маснуот ва хизматрасонӣ дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хўрокворӣ ва хўроки умумӣ мутобиқи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ арзёбӣ ва тасдиқ карда мешаванд.
  2. Мутобиқати маҳсулоти хўрокворӣ, мавод ва маснуот ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи истеҳсолкунандагон тасдиқ карда мешаванд.
  3. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолиятро оид ба истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хўрокворӣ, мавод ва маснуот амалӣ мегардонанд, ҳуқуқ доранд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сертификатсияи ихтиёрии маҳсулотро гузаронанд.
  4. Дар ҳолате, ки агар истеҳсолкунандаи маҳсулоти хўрокворӣ ё иҷрокунандаи хизматрасонии сертификатсияшуда дар соҳаи савдои чакана ё хўроки умумӣ талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии муқарраршударо вайрон кунад, мақоми аккредитатсияшуда, ки сертификатро додааст, ўҳдадор аст то бартараф кардани вайронкории ҷойдошта истеҳсол, фурўши маҳсулоти хўрокворӣ ва иҷрои хизматрасониро боздорад. Агар бартараф кардани вайронкорӣ имконпазир набошад, мақоме, ки сертификатро додааст, амали онро қатъ мегардонад.

 

Моддаи 23. Назорати давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ

  1. Назорати давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ аз тарафи мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати санитарию эпидемиологӣ, назорати байторӣ, назорати  фитосанитарӣ ва карантини растаниҳо ва дар соҳаи стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо мутобиқи ваколатҳои дар моддаҳои 17, 18 ва 19 Қонуни мазкур зикргардида амалӣ карда мешавад.
  2. Назорати давлатии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор оид ба истеҳсол ва фурўши маҳсулоти хўрокворӣ, новобаста ба шаклҳои моликият, бо роҳи гузаронидани назорати нақшавӣ ва ғайринақшавӣ (бе огоҳонидани пешакӣ) мутобиқи сатҳи таваккал ва тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
  3. Назорати давлатии давра ба давра гузарондашавандаи ҳама гуна объекти мушаххас, ки ба он талаботи Қонуни мазкур дахл дорад, инҳоро инъикос менамояд:

— таваккалҳои вобаста ба объект, инчунин технологияи истеҳсол ва (ё) коркард;

— натиҷаҳои назорати давлатии қаблӣ;

— боварибахш будани расмиёти назорат, ки аз тарафи субъекти хоҷагидор барои таъмини риояи  талаботи дахлдори санитарӣ, байторӣ ва регламентҳои техникӣ истифода бурда мешаванд;

— мавҷуд будани эҳтимолияти иҷро нагардидани талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз тарафи субъекти хоҷагидор.

  1. Дар бунгоҳҳои иҷозатдиҳии Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бунгоҳҳои барасмиятдарории гумрукӣ маҳсулоти хўрокворӣ, ки ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешавад, назорат ва санҷиши давлатии онҳо дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ аз тарафи мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати санитарию эпидемиологӣ, назорати байторӣ, назорати фитосанитарӣ, карантини растаниҳо ва дар соҳаи стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад.

 

 

Моддаи 24. Мониторинги бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ ва саломатии аҳолӣ

  1. Бо мақсади муайян намудани самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ, инчунин бо мақсади таҳияи чораҳо оид ба пешгирии ворид шудан ба бозори истеъмоли маҳсулоти хўроквории хатарнок аз тарафи мақомоти назорат ва санҷиши давлатӣ якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мониторинги бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ ва саломатии аҳолӣ ташкил ва гузаронида мешавад.
  2. Мониторинги бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ ва саломатии аҳолӣ мутобиқи низомномаи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

 

БОБИ 4. ТАЛАБОТИ УМУМӢ БАРОИ ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ МАҲСУЛОТИ ХЎРОКВОРӢ

Моддаи 25. Талабот барои таъмини бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ

  1. Маҳсулоти хўроквории барои фурўш пешбинишуда бояд талаботи физиологии инсонро ба моддаҳои зарурӣ ва энергия таъмин намояд, ба талаботи оддии маҳсулоти хўрокворӣ дар қисмати нишондодҳои органолептикӣ ва физикию кимиёвӣ ҷавобгў бошад, ба талаботи муқаррарнамудаи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба таркиби кимиёвии иҷозатдодашуда (аз ҷумла радиоактивҳо), моддаҳои биологӣ ва пайвастагиҳои онҳо ва дигар организмҳои биологӣ, ки барои саломатии инсон хатарнок мебошанд, мутобиқат намоянд.
  2. Арзишнокии ғизоии маҳсулоти хўроки кўдакона бояд ба ҳолати функсионалии организми кўдак бо назардошти синни ў мутобиқ бошад. Маҳсулоти хўроки кўдакона бояд барои саломатии кўдакон бехатар бошанд.
  3. Маҳсулоти хўроки парҳезӣ бояд дорои хусусиятҳое бошад, ки имкон диҳад онҳо ҳамчун хўроквории табобатӣ ва пешгирӣ аз беморӣ мутобиқи талаботи муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва талабот нисбат ба ташкили хўроквории парҳезӣ истифода бурда шаванд ва ба саломатии инсон бехатар бошанд.

 

Моддаи 26. Талабот ба истеҳсоли маҳсулоти хўроки парҳезӣ, маҳсулоти хўроквории функсионалӣ ва иловаҳои хўрокворӣ

  1. Маҳсулоти хўрокворие, ки барои истеҳсоли хўроки парҳезӣ, маҳсулоти хўроквории функсионалӣ ва иловаҳои хўрокворӣ (парҳезӣ) истифода бурда мешаванд, бояд ба меъёрҳои ҳатмии бехатарии барои истеъмолкунандаи дорои талаботи махсуси парҳезӣ мувофиқи меъёрҳои санитарӣ ва регламентҳои техникӣ қабулшуда мутобиқ бошанд.
  2. Иловаҳои хўрокворӣ (парҳезӣ) метавонанд ба маҳсулоти хўроквории алоҳида бо назардошти сатҳи дохилкунӣ, ки дар меъёрҳои санитарии дахлдор муайян шудаанд, инчунин барои истеъмоли бевосита ба сифати маҳсулоти хўроквории мустақил истеҳсол мешавад, дохил карда шаванд.

 

Моддаи 27. Талабот ба таъмини бехатарии маҳсулоти нави хўрокворӣ

  1. Ҳангоми коркарди маҳсулоти нави хўрокворӣ, ҷараёни технологии нави истеҳсол, борбандӣ, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, тамғазанӣ ва фурўш, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бояд талаботи бехатарии чунин маҳсулоти хўроквориро ба асос гиранд, дар бораи бехатарии чунин маҳсулоти хўрокворӣ ҳангоми истеҳсол ва муомилоти онҳо иттилоот диҳанд, барномаҳои назорати истеҳсолиро барои бехатарии чунин маҳсулоти хўрокворӣ ва методикаи санҷиши онҳо таҳия кунанд, инчунин мўҳлати истеъмоли ин навъи маҳсулоти хўроквориро муқаррар намоянд.
  2. Мўҳлати истеъмоли маҳсулоти хўрокворӣ барои он маҳсулоти хўрокворие, муқаррар мешавад, ки бо гузашти мўҳлати муайян аз лаҳзаи истеҳсол сифати онҳо коҳиш ёфта, хусусиятҳое пайдо мекунанд, ки ба саломатии инсон хатарнок буда, вобаста ба он қобилияти истеъмолии худро барои истифода аз рўи таъинот гум мекунанд.
  3. Нишондодҳои бехатарии маҳсулоти нави хўрокворӣ, мўҳлати истеъмоли онҳо, талабот ба борбандӣ ва тамғагузорӣ иттилоот дар бораи маҳсулоти хўрокворӣ, шартҳои истеҳсол ва муомилоти онҳо, барномаҳои назорати истеҳсолӣ оид ба таъмини бехатарӣ, методикаи санҷишҳо, усулҳои коркарди партовҳо ё нобуд кардани маҳсулоти хўроквории хатарнок бояд ба ҳуҷҷатҳои техникӣ дохил карда шаванд.
  4. Лоиҳаи ҳуҷҷатҳои техникӣ ва намунаҳои таҷрибавии маҳсулоти нави хўрокворӣ вобаста ба намуди истеҳсол бояд аз ташхиси санитарию эпидемиологӣ ё байторӣ гузарад.
  5. Талаботи ҳуҷҷатҳои техникии тасдиқшуда барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолиятро оид ба истеҳсол ва муомилоти намудҳои мушаххаси маҳсулоти хўрокворӣ амалӣ мегардонанд, ҳатмӣ мебошанд.

 

Моддаи 28. Талабот ба таъмини бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ ҳангоми истеҳсоли онҳо

  1. Маҳсулоти хўроквории дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшуда бояд бехатар, аз ҷиҳати гигиенӣ тоза, қобили истеъмол ва дуруст тамға зада шуда бошанд ва мутобиқи ҳуҷҷатҳои техникӣ ҳангоми риояи талаботи регламентҳои техникӣ, меъёру қоидаҳои санитарӣ ва байторӣ истеҳсол шаванд.
  2. Барои истеҳсоли маҳсулоти хўрокворӣ бояд ашёи хоми хўрокворие истифода шаванд, ки сифат ва бехатарии онҳо ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ мутобиқ бошанд.
  3. Ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти хоми хўрокворӣ ба истифодаи иловаҳои хўрокворӣ, нумўяи (стимулятори) афзоиши ҳайвонот, аз ҷумла дорувориҳои гормоналӣ, воситаҳои доругӣ, пеститсидҳо, агрохимикатҳое, ки аз ташхиси санитарию эпидемиологӣ ва байторию санитарӣ (ё ташхиси озмоишгоҳи агрохимиявӣ) гузаронида шудаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.
  4. Ба маҳсулоти хоми хўроквории аз ҳайвонот ҳосилшуда барои истеҳсоли маҳсулоти хўрокворӣ тайёршаванда танҳо баъди гузаронидани ташхиси байторию санитарӣ ва аз тарафи истеҳсолкунанда гирифтани хулосаи мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ оид ба назорати байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқати маҳсулоти хоми хўроквории аз ҳайвонот ҳосилшавандаро ба талаботи меъёрҳои байторӣ тасдиқ мекунад, иҷозат дода мешавад.
  5. Ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти хўрокворӣ, инчунин истеъмол дар хўрок, метавонанд иловаҳои хўрокворӣ ва иловаҳои фаъоли биологӣ истифода карда шаванд. Иловаҳои хўрокворӣ ва иловаҳои фаъоли биологӣ, ки ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти хўрокворӣ истифода мешаванд, бояд ба саломатии инсон зарар нарасонанд.
  6. Мавод ва маснуоти дар ҷараёни истеҳсоли маҳсулоти хўрокворӣ истифодашуда бояд ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба бехатарии чунин маводу маснуот мутобиқ бошанд.
  7. Истеҳолкунанда бояд истеҳсоли маҳсулоти хўроквории хатарнокро дар мўҳлати зарурӣ барои бартараф кардани сабабҳое, ки истеҳсоли чунин маҳсулоти хўроквориро ба миён овардаанд, ҳатман боздорад. Дар ҳолате, ки агар бартараф намудани чунин сабабҳо имконнопазир бошад, ў ўҳдадор аст истеҳсоли маҳсулоти хўроквории хатарнокро қатъ кунад, муомилотро боздорад, аз харидорон ва истеъмолкунандагон баргардондани чунин маҳсулоти хўроквориро таъмин намояд, тибқи тартиби муқарраршуда ташхис, коркарди истифодаи партовҳо ё нобуд кардани онҳоро ташкил намояд.
  8. Мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ ўҳдадоранд меъёрҳо ва муқарраротро оид ба бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ, аз ҷумла маҳсулоти хўроки парҳезӣ ва кўдакона, иловаҳои хўрокворӣ ва фаъоли биологӣ барои таъмини мутобиқати онҳо бо меъёрҳои қабулшудаи байналмилалӣ дар давоми на камтар аз 5 сол ё ҳангоми пайдо шудани маълумоти нави илмӣ аз нав баррасӣ намоянд.

 

Моддаи 29. Талабот ба таъмини бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ ҳангоми коғазпечкунӣ, борбандӣ ва тамғазании онҳо

  1. Маҳсулоти хўрокворӣ бояд дар шароити аз ҷиҳати гигиенӣ тоза коркард шаванд, дар таркиби худ моддаҳои зараровар надошта бошанд (ё дар меъёри барои организми инсон безарар дошта бошанд), бояд тарзе коғазпеч ва борбандӣ шуда бошанд, ки бехатарии онро ҳангоми нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ва фурўш таъмин карда шаванд.
  2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки коғазпечкунӣ ва борбандии маҳсулоти хўроквориро амалӣ мегардонанд, ўҳдадоранд талаботи ҳуҷҷатҳои меъёриро барои коғазпечкунӣ ва борбандии маҳсулоти хўрокворӣ, тамғазании онҳо, инчунин маводи истифодабариро барои борбандӣ ва тамғазании маҳсулоти хўрокворӣ риоя намоянд.
  3. Дар тамғакоғазу тамғаи бор ё тавсиякоғазҳои маҳсулоти хўроквории борпечшуда ғайр аз маълумоте, ки номгўи онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон муайян мекунад, бо назардошти намуди маҳсулоти хўрокворӣ бояд маълумоти зерин нишон дода шуда бошад:

— номи маҳсулоти хўрокворӣ;

—  ном, суроғаи пурра ва рақами телефони истеҳсолкунанда, барои маҳсулоти хўроквории воридшаванда бошад, суроғаи пурра ва рақами телефони воридкунанда;

— шумораи вазни холиси маҳсулоти хўрокворӣ дар ченакҳои ягонаи муқарраршуда (вазн, ҳаҷм ё адад);

— таркиби маҳсулоти хўрокворӣ бо тартиби афзалиятноки таркибёфтаи онҳо, аз ҷумла иловаҳои хўрокворӣ, хушбўйкунандаҳое, ки дар истеҳсоли онҳо истифода шудаанд;

— арзишҳои калория ва ғизонокӣ бо нишон додани шумораи сафедаҳо, карбогидрадҳо ва равғанҳо дар ченакҳои ягонаи муқарраршуда барои 100 грамми маҳсулоти хўрокворӣ;

— мўҳлат ва санае, ки то он маҳсулоти мазкурро истеъмол кардан мумкин аст ё санаи истеҳсол ва мўҳлати қобили истеъмол будани он;

— шароити нигоҳдорӣ ва истифода, агар маҳсулоти хўрокворӣ барои таъмини бехатарии он шароити муайяни нигоҳдорӣ ва истифодабариро талаб намояд;

— эҳтиёткорӣ ҳангоми истеъмоли маҳсулоти хўрокворӣ барои гурўҳҳои муайяни аҳолӣ (кўдакон, занҳои ҳомиладор, пиронсолон, варзишгарон ва одамоне, ки ба аллергия моиланд), агар чунин маҳсулот ҳангоми истеъмол ба саломатии онҳо зарар расонида тавонад.

  1. Барои баъзе намудҳои маҳсулоти хўрокворӣ, ки ба регламентҳои техникии дахлдор мутобиқ мебошанд, мумкин аст ғайр аз муқаррароти дар моддаи мазкур пешбинишуда талаботи ҳатмии махсус барои тамғакоғазкунӣ муқаррар карда шавад.
  2. Матни тамғакоғазкунии маҳсулоти хўроки парҳезӣ, маҳсулоти хўроквории функсионалӣ ва иловаҳои фаъоли биологӣ ба таври ҳатмӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ тасдиқ карда мешавад. Тартиби тасдиқи матни тамғакоғазкунии маҳсулоти хўроки парҳезӣ, маҳсулоти хўроквории функсионалӣ ва иловаҳои фаъоли биологиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар мекунад.
  3. Тамғакоғазҳои маҳсулоти хўрокворӣ, ки барои онҳо рамзҳо истифода мешаванд, бояд рамзҳоеро дошта бошанд, ки онҳоро ташкилотҳои дахлдори байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба масъалаҳои стандартизатсия ва бамеъёрдарории техникӣ тасдиқ кардаанд.
  4. Навиштаҷот дар тамғакоғази маҳсулоти хўрокворӣ, ки барои истеъмолкунандагон манфиатдор буда, қаллобиро пешгирӣ мекунад ё як маҳсулоти хўроквориро аз дигар, ба монанди «пурра табиӣ», «органикӣ» «аслӣ», «бе организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ модификатсияшуда» ва ғайра фарқ мекунонад ва маълумоти дигари иловагии дар моддаи мазкур зикргардида бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор, ки барои иҷрои муқаррароти Қонуни мазкур нашр шудаанд, санҷида мешаванд.

Моддаи 30. Талабот нисбат ба таъмини бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ ҳангоми нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақли онҳо

  1. Нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақли маҳсулоти хўрокворӣ бояд дар шароите анҷом дода шавад, ки нигоҳдошти бехатарии онҳоро таъмин намояд.
  2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақли маҳсулоти хўроквориро анҷом медиҳанд, ўҳдадоранд талаботи ҳуҷҷатҳои меъёриро нисбат ба шароити нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақли маҳсулоти хўрокворӣ риоя кунанд ва риояи чунин талаботро дар борхати махсулот бо навиштаҷоти махсус тасдиқ намоянд.
  3. Нигоҳдории маҳсулоти хўрокворӣ танҳо дар биноҳо ва иншооти махсус ҷиҳозонидашуда, ки ба талаботи меъёру қоидаҳои сохтмонӣ, санитарӣ ва байторӣ мутобиқ мебошанд, иҷозат дода мешавад.
  4. Барои ҳамлу нақли маҳсулоти хўрокворӣ бояд воситаҳои нақлиёте истифода шаванд, ки барои ин мақсадҳо махсус ҷиҳозонида шуда, шиносномаи санитарӣ доранд, ки дар асоси ташхиси гигиенӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ дода мешавад.
  5. Агар ҳангоми нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақли маҳсулоти хўрокворӣ ба вайронкорӣ роҳ дода шавад, ки боиси пайдо намудани хусусиятҳои хатарнок гарданд, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақли маҳсулоти хўроквориро амалӣ мекунанд, ўҳдадоранд дар ин бора соҳибон ва қабулкунандагони маҳсулоти хўроквориро хабардор намоянд.
  6. Чунин маҳсулоти хўрокворӣ фурўхта намешаванд ва намунаҳои ин маҳсулот барои гузаронидани ташхиси дахлдор ва қабули қарор оид ба истифодаи чунин партовҳо ё нобуд кардани онҳо ба мақоми дахлдори давлатӣ фиристода мешавад.

 

Моддаи 31. Талабот нисбат ба таъмини бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ ҳангоми фурўхтани онҳо

  1. Дар савдои чакана фурўхтани маҳсулоти хўроквории коғазпеч ва борбандинашуда иҷозат дода намешавад, ба истиснои маҳсулоти хўроквории намудҳои муайян, ки номгўи онҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдор оид ба назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ё байторӣ муқаррар менамояд.
  2. Назорати давлатии фурўши маҳсулоти хўроквории истеҳсоли ғайрисаноатӣ дар бозорҳо танҳо баъди гузаронидани ташхиси санитарию байторӣ дар озмоишгоҳҳои аккредитатсияшудаи байторӣ ва аз тарафи фурўшанда гирифта шудани хулосаи мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ оид ба назорати байторӣ, ки мутобиқати чунин маҳсулоти хўроквориро бо талаботи меъёру қоидаҳои байторию санитарӣ тасдиқ мекунанд, иҷозат дода мешавад.
  3. Дар ҳолате ки, агар ҳангоми фурўхтани маҳсулоти хўрокворӣ ба вайронкорӣ роҳ дода шавад, ки сабабгори пайдоиши хусусиятҳои хатарноки маҳсулоти хўрокворӣ шудааст, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки маҳсулоти хўроквориро мефурўшанд, ўҳдадоранд чунин маҳсулоти хўроквориро аз фурўш бароварда, аз истеъмолкунандагон баргашта гирифтанро таъмин намоянд, маҳсулоти хўроквории хатарнокро барои ташхис фиристонанд ва коркарди партовҳо ё нобуд кардани онҳоро бо тартиби муқарраршуда ташкил намоянд.

 

 

Моддаи 32. Талабот нисбат ба таъмини бехатарии маҳсулоти хўроквории воридотӣ

  1. Маҳсулоти хўроквории воридшаванда бояд ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ мутобиқ бошанд.
  2. Воридоти маҳсулоти хўрокворие, ки хатарнок, қобили истеъмол набошанд, нодуруст тамғазанӣ шуда бошанд, ба талаботи регламентҳои техникӣ, санитарию эпидемиологӣ ё байторӣ ва фитосанитарӣ мутобиқ набошанд, манъ карда мешавад.
  3. Ба муомилоти озод баровардани маҳсулоти ҳатман сертификатсияшаванда дар қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси гумруки Ҷумхурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
  4. Шахсоне, ки ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд, бояд ба нозири дахлдори сарҳадӣ намудҳо ва ҳаҷми тамоми маҳсулоти хоми хўроквории аз ҳайвонот ва растаниҳо ҳосилшударо, ки барои истеъмоли шахсӣ ворид мекунанд, эъломия намоянд. Ворид кардани чунин маҳсулот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар онҳо барои саломатии инсон хатари зиёди дошта бошанд, таҳдиди хатари зиёди сирояти бемории ҳайвонот ё хатари зиёди ворид шудани организмҳои зараровар ҷой дошта бошанд, манъ мебошад.
  5. Ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани маҳсулоти хўрокворӣ бе ҳуҷҷатҳое, ки мутобиқи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ бехатарии чунин маҳсулоти хўроквориро тасдиқ мекунанд, манъ аст.
  6. Дар бунгоҳҳои гузариши Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барасмиятдарории гумрукии маҳсулоти хўроквории воридшаванда бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
  7. Дар ҳолате ки, агар шахсони мансабдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, назорати давлатии байторӣ ва назорати давлатии фитосанитарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба бехатарии маҳсулоти хўроквории воридшаванда ба таври асоснок шубҳа намоянд, шахсони зикршуда оид ба муваққатан боздоштани барасмиятдарории воридшавии чунин маҳсулоти хўроквориро бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул мекунанд.
  8. Агар маҳсулоти хўроквории воридшаванда хатарнок ҳисобида шаванд, шахсони мансабдоре, ки назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, назорати давлатии байторӣ ва назорати давлатии фитосанитариро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд, дар доираи ваколатҳои худ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани чунин маҳсулоти хўроквориро манъ мекунанд ва дар борхати маҳсулот қайд мекунанд, ки ин маҳсулоти хўрокворӣ барои саломатии инсон хатарнок буда, бояд фурўхта нашаванд.
  9. Соҳиби маҳсулоти хўроквории хатарнок ўҳдадор аст, ки дар давоми 10 рўзи корӣ онҳоро аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун барорад. Дар ҳолати ошкор намудани организмҳои карантинии зараровар дар маҳсулоти хўрокворӣ, соҳиби чунин маҳсулот ўҳдадор аст онҳоро таъҷилан аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун барорад. Агар маҳсулоти хўроквории хатарнок дар мўҳлати муқарраршуда берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда нашаванд, онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун партов коркард ё нобуд карда мешаванд.

 

Моддаи 33. Талабот нисбат ба ташкил ва гузаронидани назорати истеҳсолӣ барои бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ

  1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолиятро оид ба истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хўрокворӣ анҷом медиҳанд, ўҳдадоранд ташкил ва гузаронидани санҷиши бехатарии истеҳсоли онҳо, риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникиро нисбат ба шартҳои истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хўроквориро амалӣ намоянд.
  2. Назорати истеҳсолии бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ мутобиқи барномаи назорати истеҳсолот амалӣ карда мешавад, ки аз тарафи шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ дар асоси регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои техникӣ таҳия мегарданд. Бо барномаи зикршуда тартиби назорати истеҳсолӣ барои бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ, методикаи чунин назорат ва методикаи санҷиши шароити истеҳсол ва муомилоти онҳо муайян карда мешавад.

 

Моддаи 34. Талабот нисбат ба кормандоне, ки фаъолиятро оид ба истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хўрокворӣ анҷом медиҳанд

  1. Кормандоне, ки бо кори ба истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хўрокворӣ, хизматрасонӣ дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хўрокворӣ ва маҳсулоти хўроки умумӣ вобаста мебошанд, ҳангоми иҷрои корҳое, ки алоқаи бевоситаи корманд бо маҳсулоти хўрокворӣ, мавод ва маснуот пайдо мешавад, ҳангоми ба кор даромадан муоинаи ҳатмии қаблӣ ва даврагии тиббӣ, инчунин бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ аз курсҳои омўзиши гигиенӣ мегузаранд.
  2. Бемороне, ки гирифтори бемориҳои гузаранда мебошанд, шахсоне, ки эҳтимолияти ба чунин бемориҳо гирифтор буданашон ҷой дорад, шахсоне, ки ба гирифторони бемориҳои гузаранда алоқа доранд, шахсоне, ки паҳнкунандаи бемориҳои гузаранда буда, вобаста ба хусусиятҳои истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хўрокворӣ, мавод ва маснуот метавонанд барои паҳншавии чунин бемориҳо хатарнок бошанд, инчунин кормандоне, ки аз муоинаи қаблӣ ва даврагии тиббӣ ва курси омўзиши гигиенӣ нагузаштаанд, ба корҳое, ки ҳангоми иҷрои онҳо алоқаи бевоситаи корманд бо маҳсулоти хўрокворӣ, мавод ва маснуот амалӣ мегардад, иҷозат дода намешавад.

 

Моддаи 35. Аз муомилот баровардани маҳсулоти хўроквории хатарнок

  1. Истеҳсолкунанда ё таҳвилгар ўҳдадор аст, маҳсулоти хўроквории хатарнокро мустақилона ё дар асоси қарордоди мақомоти давлатии назорат ва санҷиш аз муомилот барорад.
  2. Агар истеҳсолкунанда ё таҳвилкунанда шубҳа кунад ва ё муқаррар намояд, ки талабот оид ба бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ дар ҳама гуна марҳилаҳои истеҳсолот, коркард ва муомилоти маҳсулоти хўрокворӣ вайрон карда шуда, дигар таҳти назорати бевоситаи ў қарор намегиранд, ў бояд дар ин бора мақомоти дахлдори ваколатдори давлатиро огоҳ намояд ва барои аз муомилот баровардани чунин маҳсулот ташаббускор бошад. Агар маҳсулот ба истеъмолкунанда дастрас шуда бошанд, истеҳсолкунанда ё таҳвилгар ўҳдадор аст бо усулҳои самаранок ва возеҳу равшан сабабҳои баровардани маҳсулот аз муомилот ва ҳангоми зарурат, агар таъмини сатҳи баланди ҳифзи саломатӣ бо дигар чораҳо имконнопазир бошад, талаб намояд, ки маҳсулотро баргардонанд.
  3. Дар ҳолате ки, агар истеҳсолкунанда ё таҳвилгари маҳсулоти хўроквории хатарнок оид ба аз муомилот баровардани онҳо чора наандешад, чунин маҳсулоти хўрокворӣ аз тарафи мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ аз муомилот бароварда мешаванд ва бо тартиби муқарраргардида барои коркард ҳамчун партов фиристода ё нобуд карда мешаванд.

Моддаи 36. Ташхис, коркарди партовҳо, нобуд кардани маҳсулоти хатарнок

  1. Барои маҳсулоти хўроквории хатарнок, ки аз муомилот бароварда шудаанд, ташхиси дахлдори (санитарию эпидемиологӣ, байторӣ, фитосанитарӣ, молшиносӣ ва ғ.) аз ҷониби мақомоти назорат ва санҷиши давлатӣ бо мақсади муайян кардани имконияти истифодаи партовҳои онҳо ё нобуд кардан анҷом дода мешавад.
  2. Маҳсулоти хўрокворие, ки соҳиби онҳо баромади онҳоро тасдиқ карда наметавонад ва онҳо нишонаҳои вайроншавӣ дошта, аз ҳамин сабаб ба ҳаёт ва саломатии инсон таҳдиди бевосита доранд, бе гузаронидани ташхис барои коркард ҳамчун партов фиристода ё нобуд карда мешаванд.
  3. То фиристодан барои коркард ҳамчун партов ё нобуд кардани маҳсулоти хўроквории хатарнок соҳиби онҳо ўҳдадор аст, дар ҳузури намояндаи мақомоти назорат ва санҷиши давлатӣ хусусиятҳои чунин маҳсулоти хўроквориро бо ҳама гуна усулҳои дастрас ва боварибахш, ки имконияти минбаъд истифодабарии онҳоро аз рўи таъинот истисно менамояд, тағйир диҳад.
  4. Маҳсулоти хўроквории хатарнок ба нигоҳдории муваққатӣ фиристода мешаванд, ки шароити он имконияти дастрасиро ба ин маҳсулоти хўрокворӣ дар мўҳлате, ки барои гузаронидани ташхис, коркарди партов ва нобуд кардан зарур аст, истисно менамояд.
  5. Маҳсулоти хўроквории дар нигоҳдории муваққатӣ ҷойгирбуда ба таври ҷиддӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд. Барои нигоҳдории чунин маҳсулоти хўрокворӣ соҳиби онҳо масъул мебошад.
  6. Дар асоси натиҷаи ташхиси маҳсулоти хўроквории хатарнок мақомоти дахлдори назорат ва санҷиши давлатӣ оид ба истифодаи партовҳо ё нобуд кардани онҳо қарор қабул мекунад.
  7. Соҳиби маҳсулоти хўроквории хатарнок интихоби усулҳо ва шароити коркарди партовҳо ё нобуд кардани онҳоро мутобиқи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ё техникӣ бо мақомоти назорат ва санҷиши давлатӣ оид ба истифодаи партов ё нобуд кардани чунин маҳсулоти хўрокворӣ усулҳо ва шароити коркарди партов ё нобуд кардани он қарор қабул намудааст, мувофиқа мекунад.
  8. Имконияти истифодаи маҳсулоти хўроквории хатарнок ба сифати хўроки ҳайвонот бо хадамоти давлатии байторӣ мувофиқа карда мешавад.
  9. Хароҷоти ташхис, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, коркарди партовҳо ё нобуд кардани маҳсулоти хўроквории бесифат ва хатарнокро соҳиби онҳо пардохт мекунад.
  10. Соҳиби маҳсулоти хўроквории хатарнок ўҳдадор аст ба мақоми назорат ва санҷиши давлатӣ, ки дар бораи коркарди партов ё нобуд кардани онҳо қарор қабул кардааст, ҳуҷҷат ё тибқи тартиби муқарраршуда нусхаи имзошудаи онро, ки воқеияти истифодаи партовҳо ё нобуд карда шудани чунин маҳсулоти хўроквориро тасдиқ мекунад, пешниҳод намояд.
  11. Мақомоти назорат ва санҷиши давлатӣ, ки оид ба коркарди партов ё нобуд кардани маҳсулоти хўроквории хатарнок қарор қабул намудаанд, ўҳдадоранд назорати истифодаи партовҳо ё нобуд кардани онҳоро бо мақсади пешгирии эҳтимолияти заҳролудшавии одамон ва ҳайвонот, паҳншавии бемориҳо, инчунин ифлосшавии муҳити зист анҷом диҳанд.

 

БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 37. Арзиши хизматрасонӣ

Тамоми пардохтҳо вобаста ба ҳама гуна амалҳои маъмурӣ, таҳқиқоти озмоишӣ, ташхисҳо, назорат ва дигар амалиёти вобаста ба таъмини бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ бояд аз арзиши аслии онҳо зиёд набошанд.

 

Моддаи 38. Маблағгузории назорати давлатӣ

Назорати давлатии объектҳое, ки бояд таҳти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва байторӣ қарор гиранд, аз ҳисоби маблағи буҷетӣ амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 39. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 40. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002 «Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002,  №4, қ. 2, мод. 317; с. 2006, №3, мод. 166; с. 2007, №7, мод. 667; с. 2011, №3, мод. 170) аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Моддаи 41.Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                               Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 1 августи соли 2012

№890

ШАРИКОН: