Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сафари ҳайати парламентии ҷавонони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Қарори

Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сафари ҳайати парламентии ҷавонони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Бо дарназардошти даъвати муваққатан иҷрокунандаи мансаби Котиби генералии Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳоии штирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил С.В. Антуфев, Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р    м е к у н а д:

  1. Ҳайати парламентии ҷавонони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳимзода Темур Абдуманон- сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сангинов Дониёр Шомаҳмадович – вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб, номзади илмҳои ҳуқуқ, мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Хоҷазода Фарзона Ҳамдам – вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат, муовини раиси шаҳри Ваҳдат аз 11 то 14 апрели соли 2018 барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Ассамблеяи Байнипарламентии Ҷавонони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия фиристода шаванд.
  2. Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохти хароҷоти вобаста ба сафари Т.А. Абдураҳимзодаро тибқи тартиби муайянгардида таъмин намояд.
  3. Бо инобати он ки хароҷоти кирояи манзил дар меҳмонхона дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия барои вакилони халқи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби даъваткунанда пардохт карда мешавад, раисони ноҳияи Варзоб ва шаҳри Ваҳдат хароҷоти роҳкиро тариқи ҳавопаймо ва будубоши Сангинов Д.Ш. ва Хоҷазода Ф.М. дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россияро дар доираи муқаррароти амалкунанда пардохт намоянд.

Раиси

МаҷлисимиллииМаҷлиси

ОлииҶумҳурииТоҷикистон                                                                                                     М.Убайдуллоев

 

ш. Душанбе,

3 апрели соли  2018,

№ 594

 

 

ШАРИКОН: