Қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даъвати иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум»

Қарори
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи даъвати иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон даъвати панҷум»

Мутобиқи моддаи 24 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қ а р о р   м е к у н а м:

Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум 11 майи соли 2018, соати 9.00 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.

 

Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                М. Убайдуллоев

 

ш. Душанбе,
25 апрели соли 2018,
№ 18

Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон иттилоъ медиҳад, ки дар иҷлосияи понздаҳуми Маҷ­лиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баррасии:
ҚонуниҶумҳурииТоҷикистон«Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодексиҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,ҚонуниҶумҳурииТоҷикистон«Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодексиҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҚонуниҶумҳурииТоҷикистон«Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ»,пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба номивазкунии баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳрҳои Истаравшан, Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд» ва як қатор қонунҳои дигари қабулнамудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.

 

ШАРИКОН: